Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо бо Толибон дар Водии Свот


Низомиёни Покистон мегӯянд, дар набард барои маҳви Толибон дар марзҳои шимолии кишвар пешрафти чамшгире кардаанд, вале айни замон ҷангҷӯёни Толиб дар Водии Свот дигарбора ҳамлаҳо ба маъмурони амниятии Покистонро аз сар гирифтаанд.

Ин таҳҳавулот дар майдони ҷанги ду тараф дар ҳолест, ки сарпечии ҷангҷӯёни Толибон аз пазируфтани Додгоҳи Шариат созиши сулҳи думоҳа дар Водии Свотро дар вартаи нобудӣ қарор додааст.

Созиши сулҳе, ки дар Водии Своти Покистон як сулҳи шиканандаеро овард, зоҳиран бо ҳамлаҳои наву гаштзании Толибон дар минтақа шиканандатар мешавад. Толибон ба рағми дастури қуюди шабгардӣ дар шаҳри Мингора, маркази Водии Свот, посбонони мусаллаҳи худро сар додаанд ва рӯзи душанбе бо ҳамла ба сарбозони давлат дар ҳамин минтақа яке аз онҳоро кушта ва дигариро захмӣ карданд.

Чунин ҳаракати Толибон зоҳиран барои созиши сулҳе, ки моҳи феврал миёни ҳукумат ва ҷангӯён ба даст омад, марговар аст. Бар асоси ин созиш ҳукумат иҷоза дод то дар Водии Свот ва навоҳии атрофи он дар минтақаи Малоканд қонунҳои шариат ҳукми иҷро бигиранд ва дар иваз Толибон ба муқовимату ҳамлаҳои худ дар ин манотиқ хотима диҳанд. Аммо дигар ин созиши сулҳ вуҷуд надорад, хабар додаанд расонаҳои Покистон. Онҳо ин хабарро аз қавли Муслим Хон, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ кардааст, нашр намудаанд.

Бо шикасти созиши сулҳи ҳукумат ва Толибон нозирон пешбинӣ мекунанд, ки ҷангҷӯёни Толиб акнун бо истифода аз фурсат ба фаррохтар кардани манотиқи таҳти нуфузашон шурӯъ мекунанд. Ҳарчанд бо вуҷуди созиши сулҳ ҳам онҳо дар чанд моҳи гузашта, нуфузи худро хориҷ аз водии Свот дар ноҳияҳои Дир ва Бунар тавсиа додаанд.

Бадтар шудани авзоъи амниятӣ дар ин ду ноҳия ва нигаронии байнулмилалӣ аз созиши сулҳи Свот, артиши Покистонро маҷбур кард, ки ҳафтаи гузашта амалиёти наверо ба зидди Толибон шурӯъ кунад. Рӯзи якшанбе генерал Фаёз Маҳмуд Қамар – фармондеҳи амалиёт дар шаҳри Бунар ба хабарнигорон гуфт, ки Толибонро дар зарфи як ҳафта шикаст хоҳанд дод. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни амалиёти низомии дар Бунар, 80 ҷангҷӯ кушта, аз ҷумла 27 бомбгузори маргталабро куштаанд. Вай афзуд, ҳамроҳ бо ҷангҷӯёни Афғонистону Покистон, тундравоне аз Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳам ба онҳо муқовимати сахте нишон медиҳанд.

Генерал Тариқхон, раҳбари гурӯҳи шибҳанизомиёни Покистон, рӯзи якшанбе иддао кард, ки онҳо яке аз роҳҳои муҳим ба сӯи Даггар - маркази маъмурии ноҳияи Бунарро таҳти назорат гирифтаанд. Аммо бо ин ҳама ҷангу даъвои артиши Покистону ҷангҷӯёни Толиб, ин мардуми маҳаллист, ки ранҷ мекашад. Танҳо бар асари ҷангҳо дар навоҳии Дер ва Бунар 50 ҳазор нафар аз хонаҳои худ гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG