Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳи тоҷикон намунае барои афғонҳо?


Дар як конфронси байналмилалӣ дар Кобул мавзӯи нақши рӯҳониён дар барқарории сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

"Мо намехоҳем дар қабристон давлати исломӣ бисозем", ин ҷумларо шонздаҳ соли пеш Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба гурӯҳҳое гуфта буд, ки хоҳони идомаи ҷанг буданд.

Ин ҷумлаи содда, вале дурандешона субҳи рӯзи 26-уми апрел дар як Конфронси байналмиллалӣ дар Кобул, ки ба масъалаи нақши рӯҳониён дар сулҳи Афғонистон бахшида шуда буд, садо дод.

НАМУНАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН БАРОИ АФҒОНИСТОН


Бахше аз ин конфронси байналмилалиро нақши сулҳи тоҷикон дар ҷанги Афғонистон дар бар гирифт, ки аз ҷониби Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда шуд.



Ҷаноби Раҳнамо гуфт, дар гузориши худ ҳамин нуктаеро, ки аз забони Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфта шудааст, баён дошт ва он ҳозиронро такон дод.

Бархе аз намояндагони ниҳодҳои сулҳи Афғонистон гуфтаанд, ки то ҳанӯз дар ин кишвар ҷанг идома дорад, вале ба дарки ин ҷумла, ки "мо намехоҳем
Абдулло Раҳнамо
болои қабристон давлати исломӣ бисозем" нарасидаанд. Абдуллоҳи Раҳнамо афзуд: "Вақте ин нуктаро дар конфронс ба унвони яке аз паҳлӯҳои сулҳофаринии тоҷикҳо баён доштам, аҳли нишастро такон дод ва ба андеша кардан водор кард. Ҳамин мантиқи содда меҳвари сӯҳбати аҳли нишаст қарор гирифт. Ҳар нафаре, ки назди минбар меомад, аввал ин ҷумларо такрор мекард. Устод Нурӣ ба гурӯҳҳое, ки мехостанд бо ҷанг дар Тоҷикистон ҳукумати исломӣ бисозанд ҳамин посухро дод ва гуфтааст, ки бо таркондану хароб кардану ба ҳам задани Тоҷикистон, рӯи хокистар ҳукумати исломӣ бисозам чӣ аҳамият дорад. Чӣ аҳамият дорад, ки дигар ҳукумати исломӣ аст, ё демократӣ ё мардумӣ."

НАҚШИ РӮҲОНИЁН ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲ


Воқеан дар ҷараёни сулҳи Тоҷикистон рӯҳониёни саршинос ва маъруфи кишвар чун Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода саҳми зиёд доштанд. Ҳамин фаросати сулҳхоҳии раҳбарони рӯҳонии Иттиҳоди мухолифин буд, ки ҷангу муқовимат ранги сулҳ гирифт.

Маҳз ҳамин нақши рӯҳониёни тоҷик метавонад ба унвони намунае дар сулҳи Афғонистон ба кор ояд. Доктор Абдулвалӣ, раиси яке аз пажӯҳишгоҳҳои Академияи улуми Афғонистон мегӯяд: "Бо вуҷуди ин ки вазъи Афғонистон печида аст, вале мешавад аз бархе аз таҷрибаҳои Тоҷикистон кор гирифт. Дар ин
Намое аз нишасти Кобул
нишаст аз сӯҳбатҳои зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ шуд, ки гуфтааст, ки агар мо мехоҳем давлати исломӣ дошта бошем, намехоҳем, ки болои қабристон давлати исломӣ созмон диҳем, яъне кишварро ба хоку хун кашидану баъд давлати исломӣ сохтан ба суди ҳеҷ ҷонибе нахоҳад буд. Ин бисёр фикр ҷолибу созанда аст. Воқеан роҳбарони ҷонибҳои Тоҷикистон хостанд, ки сулҳ дар кишвар биёяд ва албатта ин таҷрубаи корбурдӣ аст, ки мешавад дар Афғонистон истифода кард."


Рӯҳониёни Тоҷикистон ба сурати умум натанҳо ҷонибдори сулҳу ҳомии оромӣ буданд, ҳатто омили оштию мусолиҳа ҳам шуморида мешаванд. Дар сӯҳбату мавъизаҳо ва дар саҳнаҳои муқовимат аз сулҳу оштӣ ҳарф мезаданд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки фармондеҳони ҳукуматӣ ба ҷанг мерафтанд, аз раҳбарони рӯҳонии худ дуо мегирифтанд.

"РӮҲОНИЁН ҲАМЕША ТАРАФДОРИ СУЛҲАНД"

Ҷалолиддини Маҳмуд, намояндаи ҲНИТ мегӯяд, ки дар солҳои нооромӣ рӯҳониёни тарафи ҳукумат низ тарафдору ташвиқгарони сулҳу оромӣ ва ба ҳар навъе ҳаракат мекарданд, ки аз куштору харобкориҳо ҷилавгирӣ карда шавад.

Вай афзуд, "дар маҷмӯъ тарафҳои даргир ба як навъе ба рӯҳониёни худ гӯш медоданд ва тарафи ҳукумат ҳам бошад эҳтиром ба рӯҳониёни худ доштанд ва ба насиҳатҳои онҳо гӯш медоданд, иртибот доштанд, қабл аз амалиётҳо дуо мегирифтанд. Яъне яке аз пешрафтҳои сулҳ бастагӣ ба хоҳиши рӯҳоният дошт, ки ба ҳеҷ сурат онҳо мухолифат намекарданд ба раванди оштии миллӣ. Агар онҳое ҳам, ки сарпечӣ карданду сулҳро
Ҷалолиддини Маҳмуд
напазируфтанд ва ба насиҳату роҳнамоии рӯҳониён гӯш надоданд."


Дар марҳилаи пас аз имзои созишнолмаи сулҳ, Комиссияи оштии миллӣ ба кор сар кард, ки дар садри он Саид Абдулоҳи Нурӣ менишаст.

Ба назари баъзе аз таҳлилгарон, ҳарчанд сулҳи тоҷикон дар шароити дигар ва дар муҳити дигари сиёсӣ ба даст омадааст, вале ба унвони намуна мешавад, ки аз бахшҳои он дар роҳи сулҳи кишварҳои дигар истифода кард. Бахусус, нақш ва бархӯрди рӯҳониёни тоҷик ба сулҳу оромии Тоҷикистон, ки ба қавли таҳлилгарон дар амри поён додани ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG