Эълони Пхенян дар бораи анҷоми “муваффақ”-и озмоиши ҳастаияш Кореяи шимолиро бо мавҷи нави интиқодоти байналмилалӣ рӯбарӯ мекунад. Гӯяндаи ахбори телевизиони давлатии Кореяи шимолӣ хабари озмоиши ҳастаиро рӯзи душанбе чунин эълон кард: “Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея рӯзи 25 май боз як озмоиши зеризаминии ҳастаиро бомуваффақият доир кард. Ин озмоиш бахше аз талошҳо ба хотири тақвияти таслиҳоти ҳастаии дифоъии ин кишвар аст.”
Мақомоти Пхенян мегӯянд, озмоиши ҳастаии рӯзи 25 май ба хотири ҳалли мушкилоти илмиву фаннии мавҷуда баргузор шуда, метавонад ба тақвияти иқтидори таслиҳоти ҳастаии кишвар мусоидат кунад. Бино ба гузориши хабаргузории расмии Кореяи шимолӣ, шиддати таркиши рӯзи душанбе назар ба нахустин озмоиши ҳастаии ин кишвар, ки моҳи октябри соли 2006 сурат гирифта буд, хеле қавитар будааст.
Гузоришҳои ҳанӯз тасдиқношуда дар ин бора, ки Пхенян рӯзи 25 май озмоиши як силсила мушакҳои кӯтоҳпарвозашро низ анҷом додааст, бар нигарониҳои байналмилалӣ пиромуни фаъолиятҳои ҳастаии Кореяи шимолӣ боз ҳам меафзоянд.
Дабири кулли кобинаи вазирони Ҷопон Такео Кавамура озмоиши ҳастаии Кореяи шимолиро нақзи ҷиддии тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни музокироти шашгона бар сари барномаҳои ҳастаии Пхенян номид ва гуфт: “Агар Кореяи шимолӣ дар воқеъ озмоиши ҳастаӣ анҷом дода бошад, ин нақзи ошкори муқаррароти қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст ва мо ба ин ҳеҷ гоҳ иҷозат дода наметавонем. Мо ба хотири таҳияи як иқдоми қотеъ талошҳои худро бо кишварҳои дигар, бо шумули Шӯрои Амнияти СММ, ҳамоҳанг хоҳем кард.”
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки дар Бейрут ба сар мебарад, ҳанӯз қабл аз тасдиқ шудани хабари озмоиши ҳастаии Кореяи шимолӣ гуфт: “Инфиҷори таҷҳизоти ҳастаӣ, ки Ҷумҳурии халқӣ-демократии Кореяи шимолӣ анҷом дод, моро, албатта, ба ташвиш овардааст.”
Вазорати дифоъи Русия баъдтар анҷом шудани чунин озмоишро таъйид кард. Ин манбаъ иқтидори таркиши ҳастаӣ дар озмоиши Кореяи шимолиро дар ҳудуди аз 10 то 20 килотонна, яъне қобили қиёс бо бомбҳои ҳастаие, ки соли 1945 болои шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон андохта буданд, баровард кард ва гуфт, инфиҷор дар тақрибан 80-километрии шимолу ғарби шаҳри Килчу мушоҳида шудааст.
Хабаргузории Ёнҳапи Кореяи ҷанубӣ ҳамзамон дар бораи озмоиши алоҳидаи мушакҳои кӯтоҳпарвози Кореяи шимолӣ гузориш дод, вале ин хабарро манобеъи дигар то ҳол тасдиқ ва ё радд накардаанд.
Русия, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, ба хотири баҳси масъала шоми душанбе нишасти изтирории ин ниҳоди СММ-ро даъват кардааст. Ҷопону Кореяи шимолӣ ба манзури расидагӣ ба вазъи пешомада гурӯҳҳои вижаи зиддибӯҳронӣ таъсис додаанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама озмоишҳои ҳастаии Кореяи шимолиро “таҳдид ба сулҳи байналмилалӣ” номид ва хостори посухи ҷаҳон ба ин амал шуд.
ИА, Бритониё ва Фаронса низ ба фавҷи интиқодҳои байналмилалӣ аз озмоиши Пхенян ҳамовоз шудаанд. Сарвазири Бритониё Гордон Браун ин озмоишро “иштибоҳӣ” ва “таҳдид ба ҷаҳон” номид, ки ба эътиқоди ӯ, ба амнияти Кореяи шимолӣ наафзуда, баръакс дурнамои сулҳ дар нимқораи Кореяро дучори хатар мекунад. Ба эътиқоди Браун, агар Пхенян эҳсоси масъулият накунад, худро дар инзивоъи бештари байналмилалӣ қарор хоҳад дод.
Аммо як намояндаи сафорати Кореяи шимолӣ дар Маскав бидуни бурдани ном ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, агар Амрикову муттаҳидинаш ҳамчунон ба сиёсати тарсдиҳии худ дар қиболи Пхенян идома диҳанд, озмоишҳои бештари ҳастаӣ дар пеш аст. Пхенян ҳанӯз моҳи апрел аз музокироти шашгона бар сари барномаҳои ҳастаияш хориҷ шуд ва акнун гуфтааст, ки дар ин музокирот дигар ширкат нахоҳад варзид. Музокироти шашгона ба ҷуз аз ҳарду Кореяи шимоливу ҷанубӣ, Амрикову Ҷопон ва Чину Русияро низ фаро мегирифт.