Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои бесобиқаи Салиби сурх


Салиби сурх аз вазъи сокинони махсусан Афғонистон, Покистон ва Сомалӣ нигарон аст.
Салиби сурх аз вазъи сокинони махсусан Афғонистон, Покистон ва Сомалӣ нигарон аст.

Гузориши тозаи Кумитаи байналмилалии Салиби сурх гуфтааст, ки «Афғонистон, Сомалӣ ва Покистон ин се намунаи кишварҳоест, ки зиндагии қашоқтарин қишри сокинони он кишварҳоро офатҳои табиӣ ва нархҳои баланди озуқа боз ҳам сангинтар кардааст".

Ин созмон мегӯяд, ки барои кӯмак ба зарардидагон дар саросари ҷаҳон соли гузашта маблағи рекордӣ, яъне бештар аз 1 миллиард франки швейтсариро масраф кардааст. Ба гуфтаи Кумитаи байналмииалии Салиби сурх 47 дарсади ҳамаи ин маблағҳо барои кишварҳои Африқо ва 20 дарсад барои анҷоми барномаҳои иҷтимоӣ дар Ховари Миёна харҷ шудааст.

Як мақоми баландпояи Салиби сурх зимни муаррифии гузориш гуфт, ки афзоиши хароҷот бо амиқтар шудани вазъи иҷтимоӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон назири Шри Ланка, Ҷумҳурии демократии Конго ва Покистон бастагӣ дорад. Вай афзуд, натиҷаҳои соли гузашта шаҳодат медиҳанд, ки мавқеъ ва фаъолияти бетарафона ва мустақили Салиби сурх ба ин кумита имкон медиҳад ба қурбониёни низоъҳои мусаллаҳ кӯмаки воқеъӣ расонад. Ба хотири ин мавқеъи бетарафонааш Салиби сурх имкони дастрасӣ ба он минтақаҳоеро дорад, ки дигар созмонҳо ба он манотиқ рафта наметавонанд. Ба ҳайси мисол Салиби сурх баъзе манотиқи Ироқ, Сомалӣ ва Гурҷистонро ёдовар мешавад.

Баф Доминик, раиси намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар СММ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои «Озодӣ» дар Ню Йорк гуфт, ки баъд аз хатми низоъҳои дохилӣ дар Тоҷикистон, Салиби сурх фаъолияташро дар ин кишвар ба таври чашмрас коҳиш дод. Аммо оқои Доминик бо таассуф ёдоварӣ кард, ки мақомоти ин кишвар то ҳанӯз ба дархостҳои зиёди намояндагони Салиби сурх ҷиҳати боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон посухи мусбат надодаанд. Вай афзуд:

«Дар робита ба Тоҷикистон ман дар айни ҳол омори дақиқро дар ихтиёр надорам. Вазъи Тоҷикистонро намояндагии минтақавии Салиби сурх, мустақар дар Тошканд мушоҳида мекунад. Ман шубҳа дорам, ки Салиби сурх бо ягон зиндонӣ дар Тоҷикистон мулоқот карда бошад. Таври маълум шиносоӣ бо вазъи маҳбусин ин яке аз ҳадафҳои мо аст, аммо мо аз мақомоти он кишвар ягон иҷозат барои боздид нагирифтем».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои вазорати адлияи Точикистон, ҳоло дар кишвар 12 зиндон фаъол аст, ки дар онҳо ҳудуди 9 ҳазор маҳбусин ба сар мебаранд ва аз ҷумла 35 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутахассисон ва коршиносон борҳо мавқеъи ҳукумати кишварро ба ин масъала мавриди интиқод қарор дода буданд.

Ва ин дар ҳолест, ки масъулини идораи корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон эълом медоранд, ки шароити нигаҳдории маҳбусин дар зиндонҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо баъзе аз кишварҳои дигар хеле беҳтар аст ва ба имконоти Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Аммо Паём Фурӯғӣ, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки ба ин иддаои масъулони зиндонҳои Тоҷикистон бовар кардан душвор аст, чун онҳо аз зиндонҳо ва шароити нигаҳдории зиндониён сирри давлатӣ месозанд. Ба қавли ӯ масъулини зиндонҳо созмонхои байнулмилалиро намегузоранд, ки вориди маҳбасҳо шуда, бо баррасии вазъи онҳо ба мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳ кӯмак кунанд.

Дар гузориши Кумитаи Салиби сурх гуфта мешавад, Узбакистон, ки ба ошноӣ ба вазъи маҳбусон аз ҷониби Салиби сурх дар моҳи декабри соли 2004 хотима дода буд ва дар ниҳоят моҳи марти соли 2008 ба мӯҳлати озмоишии шаш моҳ, ин боздидҳоро имконпазир кард.

Кумитаи байналмилалии Салиби сурх як созмони имдодрасони бетараф буда, соли 1863 ташкил шудааст ва яке аз ҳадафҳои умдааш кӯмак ба мардум дар минтақаҳои ҷангзада ва расидагӣ ба вазъи маҳбусин дар зиндонҳо аст.
XS
SM
MD
LG