Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷик алайҳи нажодпарастӣ


Қарор аст имрӯз, 10-уми июн, дар пойтахти Бритониё донишҷӯёни тоҷик бар зидди бегонаситезӣ дар Русия тазоҳуроти эътирозӣ барпо кунанд.

Тибқи барномаи ташаббускорони ин тасмим, тазоҳуроти эътирозӣ дар назди сафорати Русия дар Бритониё баргузор хоҳад шуд. Созмондиҳандагони ин раҳпаймоии эътирозӣ аз афзоиши мавридҳои ҳамла ва куштори ғайрирусҳо дар Русия нигаронанд ва мехоҳанд бори нахуст садои худро бар зидди чунин падидаи ғайрибашарӣ дар ин кишвар баланд кунанд.

Дар ин бора Зуҳуршо Раҳматуллоев, донишҷӯи тоҷики муқими Лондон ва яке аз созмондиҳандагони ин тазоҳурот, ба радиои Озодӣ хабар дод. Созмондиҳандагон барои баргузории ин тазоҳурот аз мақомоти зидахли Лондон ба таври расмӣ иҷоза гирифтаанд.

Дар бораи тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷик давоми рӯз гузориши муфассал нашр хоҳад шуд.

Лутфан ақидаи худро дар ин бора дар "Майдони баҳс", ки ҷойи кулли изҳори андешаҳост ва барои вақти зиёд боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG