Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Иттиҳодияи Аврупо аз вазъи Эрон


Ҳовиер Солано, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо
Ҳовиер Солано, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Ҳовиер Солано, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, иттиҳодия вазъи Эронро бо диққат пайгирӣ мекунад, аммо ягон гоми мушаххас нахоҳад бардошт.

Вай зимни як баёнияе иброз кардааст, “он ҳодисаҳое, ки баъд аз интихобот ба амал омаданд, моро нигарон кардаанд. Мо бисёр хушнуд мешудем, агар овози мардумро ба инобат бигиранд. Дар ҳар сурат мо мехоҳем бо Эрон муносибатҳои собит дошта бошем”.

Вазири умури хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер дар Порис изҳор дошт, ки хушунатҳое, ки ба думболи интихоботи рӯзи ҷумъа сар заданд, ӯро сахт нигарон кардааст. Кушнер аз посухи “сахтгиронаи” мақомоти расмӣ ба раҳпаймоиҳои тарафдорони Мир Ҳусейн Мусавӣ изҳори таасуф намуд.

Дар Берлин вазири корҳои хориҷаи Олмон Франк Волтер Штейнмаер инчунин Теҳронро барои истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳуротгарон мавриди интиқод қарор дода, даъват намуд, ки иддаҳо дар бораи тақалубкорӣ дар рафти раъйдиҳӣ бояд тахқиқ шаванд.

Зимни нишаст нишасти вузарои корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург онҳо ба суханронии ахири нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху низ посух доданд. Дар ин суханронӣ Нетаняху бори аввал ҳаққи ташкили давлати Фаластинро эътироф намуд ва амо гуфт, ки ин давлат бояд ғайринизомӣ бошад.

Ҳовиер Солана дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар умум нутқи раҳбари исроилиро истиқбол намуда ва аммо ишора кард, ки иттиҳодия дар мавзуҳои калидӣ аз Исроил гомҳои баъдиро мунтазир аст.

Чанд кишвари узви ИА саволе матраҳ мекарданд, ки то чи андоза шартҳои Нетаняҳу дар бораи ташкили давлати Фаластин, аз ҷумла надоштани ҳақ барои силоҳ ва надоштани иҷозаи идораи ҳарими ҳавоиаш ба таърифи давлати мустақил мувофиқ аст. Иттиҳодия бори дигар такрор намуд, ки мехоҳад давлати Фаластин мустақил, зистпазир ва демократӣ бошад.

Дар нишаст вузарои корҳои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо инчунин масалаҳои мубрами дигар, назири дурнамои робитаҳо бо Молдова, вазъи кишварҳои Балкани ғарбӣ ва ҳамкории Сербия, бо додгоҳи ҷиноёти Югославияи қаблиро баррасӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG