Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар Маскав


Бинои тахрибшуда ва "сархӯр", Маскав, 18 июни соли 2009.
Бинои тахрибшуда ва "сархӯр", Маскав, 18 июни соли 2009.

Фурӯ рехтани як сохтмон дар хиёбони Садоническая набережная дар маркази Маскав ҷони се нафар муҳоҷири коргарро гирифт.

Шоми чаҳоршанбе як девори ин сохтмон фурӯ рафт ва муҳоҷироне ки дар таҳхона машғули корҳои сохтмонӣ буданд, зери шикасту рехти он монданд. Дар натиҷа 9 нафар зиён диданд ки аз он ҷумла 3 нафар кушта ва 6 нафар дигар захмӣ шуданд. Се нафар аз захмиёнро дишаб имдодгарон аз зери сохтмони фурӯрехта берун оварданд.

Дар ин сохтмон камобеш 40 муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон кор мекардаанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон дар Русия ба радиои “Озодӣ” хабар дод ки як нафар аз ин ҷонбохтагон шаҳрванди Тоҷикистон буда ва ҳуввияти ду нафари дигар ҳануз маълум нашуда аст. Масъулини ин намояндагӣ ҷузъиёти воқеаро пайгирӣ доранд.

Ҳамзамон Созмони муҳоҷиратии Русия (СМР) беш аз 30 муҳоҷири тоҷик ва узбакро дасгир кардааст ки дар ҳамин сохтмон бе иҷозаи расмӣ кор ва иқомат доштаанд. Бино бар гуфтаи сухангӯи СМР Залина Корнилова, ин муҳоҷирон ки теъдодашон 33 нафар эълом шудааст, ба зудӣ аз Русия ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Сохтмони фурӯрехта дар солҳои 1930 сохта шуда ва то чанд сол пеш дар он пажӯҳишгоҳе ҷой дошта аст. Соли гузашта онро як ширкати хусусӣ харида ва шурӯъ ба навсозӣ кардааст. Корҳои тармим ва бозсозӣ дар ин сохтмон бе иҷозаи расмии шаҳрдории Маскав сурат гирифтаанд.

Макомоти Маскав тасмим гирифтанд, ин биноро комилан тахриб кунанд.
XS
SM
MD
LG