Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳ чист? Андешаҳои ду сол пеш.


Бо ин суол Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ду сол пеш ба хонандагони ин сомона муроҷиат карда буд.

Ду сол пеш ба муносибати 10-умин соли имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон мо аз хонандагон дархост карда будем бигӯянд, ки аз нигоҳи онҳо сулҳ чист? Оё набуди ҷанг сулҳ аст? Сулҳ бо адл, рушд, муколама ва ҳамкорӣ чӣ пайванд дорад?

Имрӯз дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон нигоҳе дигаре ба посухҳои ду сол ба андешае мебарад, ки оё чӣ тағйире ба миён омадааст.


Маҳмадуллои Самеъзод, лейтенанти гвардия: "Салом ба ҳаводорони барномаҳои Радиои Озодӣ, ман ҳамчун хизматчии ҳарбӣ гуфтаниям, ки имрӯз халқи Тоҷикистон ва тоҷикони дунё шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ин сулҳи тоҷиконро бо шарофати президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба мо Худованд ато намуд, ман аввалан як ҷавони Тоҷикистон ва баъдан аз номи тамоми ҳамхизматонам ваъда медиҳем, ки баҳри нигоҳ доштани сулҳи ватани азизамон шабу рӯз хизмат мекунем ва намегузорем, ки ҳавои софу беғубори моро касе олуда созад."

Б. Мусофир: " Дар ҷаҳони имрӯза сулҳҳои мухталифе сурат гирифтааст, амсоли кишвар бо кишваре, миёни мазоҳибу динҳое, ҳаракатҳои сиёсие, миёни қавмҳо, гурӯҳҳо ва ғайра... Лекин мутаассифона, хеле кам ба назар мерасад, ки ба аҳди хеш пойдор монда бошанд. Ба ҳар ҳол, сулҳи тоҷикон то андозае дар ҷаҳон ҷойгоҳи мушаххасе дошт, ки мавриди мутолиаи байналмилалӣ қарор гирифта буд. Лекин авомиле буруз кард, ки дар ҳоли он ҷойгоҳро аз даст додан аст. Ҳарчанд, сулҳ дар як чаҳорчӯбаи шарту қавонин ва аҳдномаҳои байналмилалӣ ба имзо расида буд, лекин то куҷо дар он аҳду паймон пойдор монд, ин ба ҳама ба мисли рӯзи равшан возеҳ аст. Устод С.А.Нурӣ ба он аҳднома садоқатмандона вафо кардаанд, тамоми нерӯи хешро ба ҳукумат пайваст кардаанд. Аммо ҳукумат, ки ваъдаи 30 дарсада ба мухолифин карда буд, онҳо ҳам то як муддати муддат кор карданд ва баъдтар ба қавле бо баҳонаи он ки аз ӯҳдаи кор набаромаданд, тамоми мухолифин аз қудрат барканор шуданд. Ва ягона қайрамони сулҳ худро ба воситаи пешхидматҳошоян эълон мекунанд. Оё метавонад сулҳро як ҷониб кунад? Ҳаргиз на, Агар чунин бошад, пас ҷониби муқобил кӣ аст ва сулҳ бо кӣ сурат гирифт? Чаро аз он тараф ному нишоне нест? Мебояд фикр кард!"

Абдусамади Карим: "Ба номи Худо. Ман тааҷҷуб аз баъзеҳо мекунам, ки ҳанӯзам нафаҳмиданд, ки ҷаноби Саид Абдуллоҳи Нурӣ чӣ кор кардааст. Ман инро ба итминони комил мегӯям, ки агар ҷаноби Нурӣ сулҳ намекард, оромиш ба кишвари мо боз намегашт. Бо баракати ин марди шариф аст, ки мо тоҷикон тавонистем аз Шӯравӣ ба кишварҳои чаҳон сафар кунем ва бо миллатҳои гуногун ошно шавем, шумо қабл аз инро ба ёд оваред, ки мо як сиёҳпустро медидем ҳайрон мешудем чашмҳои ҳама ба тарафи ӯ ва ангушти ҳайрат мегазидем. Ҳозир, ки бошад бароямон оддӣ шудааст, чун рафтем хориҷ аз Шӯравӣ чашмонамон боз шуд. Ман номаи бародар Суғдиро хондам. Ба ёди кампири ҳамсоямон афтодам ки мегуфт, Худо ғайбатш нашава, сифатш шава, баъд шурӯъ мекард ғайбат карданро."

Sugdi:
"Дар диёре, ки барги гули нилуфар дур аз ғубори борут месабзад, сулҳ ҳукмрон аст. Дар мисоли Тоҷикистони азиз.
Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам. Вале сиёсатшиносии баъзе рафиқон дар Майдони Баҳс афсонаи "Бойи золим ва калли зирак"-ро ба хотир мебиёрад. Ба бародар Рустами Дастон суоле дорам, Саид Абдуллоҳи Нурӣ сулҳро барои миллат "овард" ё барои 30-фоиза мансаб ба ҳампешагонаш? Агар Нурӣ сулҳро барои миллат "оварда" бошад, пас ҷанг намекард беҳтар буд. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат корнамоиҳое кард, ки ўро дар тамоми олам чун беҳтарин чеҳраи сиёсӣ муаррифӣ кард. Дар аввалҳо Раҳмон барои касе ошно набуд, вақте ў ба арсаи сиёсати бузург кашида шуд, дар сесияи ХVI соли 1992 дар Хуҷанд, Нурӣ мавқеи муаянеро соҳиб буд, метавонист пеш аз Раҳмон сари масоили сулҳ чораҷўӣ кунад, вале... Дар ин ҷо ба фаъолияти сиёсии Раҳмон роҳбарии ў баъд аз соли 1999 инҷонибааш хатчадор мекунад. Агар баъди ба даст овардани сулҳ Раҳмон аз ҳокимият мерафт муҷассамаи ўро аз тиллои соф ҳам месохтанд, кам буд. Касе ки ба фаъолияти паш аз соли 1999-и Раҳмон баҳои манфӣ медиҳад, ба ақидаи ман душмани тоҷик аст."

Душанбе: "27 июни 1997 Оштии миллӣ баста шуд, ки барои мо нафаси тоза дар шаҳри Душанбе бахшид. Миллати Тоҷикистон аз дӯсту душман хабардор шуд. Айби ҳамаи тоҷикистониҳо буд, номи ягон касро гирифтан даркор нест,чунки оштӣ кардем. Дар ватан мо ду ид дорем: 27 июн ва 9 сентябр. Зинда бод миллати Тоҷикистон!!!"

М: "Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама каму костиаш чизе карда тавонист ва ӯ бояд, ки мағрур нашавад. Аз он тоифаи бангиву роҳзани фронти халқӣ чунин умед бояд дошт, ба ҳар ҳол, Эмомалӣ тавонист онҳоро аз майдон берун кунад."

Каримҷон: "Имрӯз аз сулҳ гап мезананду аз оштӣ, аз ягона қаҳрамони миллаи Раҳмонов. Вале ягон нафар ёд намекунад аз оне, ки ин сулҳ бо баҳои хуни 100000 тоҷик ба даст омад.
Беҳтарин чеҳраҳои миллат, ҷавонмардони асили баномӯс, поксиришту родмард ба хотири он худро қурбон карданд.
Сулҳи Тоҷикистон бисёр авомил дорад ва аз чеҳраҳои сиёсии ба мисли Раҳмонову Нурӣ вобаста набуд, он вақт як бозингаре буданд, ки хушбахтона ба мансаб расиданд ва ҳоло фақат онҳо мазаи ҷангу сулҳи курсиву мансабро мечашанд, дигар мардум ҳанӯз ҳам гушна, овора ва Зиёда аз як миллион дар Россия ғуломи арбада. Бо ин ҳама мардум ором. Ин ҳам Худоба шукр."

Аҳмадӣ:
"Сулҳ ин ормони зиндагӣ дар зери парчами хотирҷамъист, ки ҳама мавҷудоти олам дар такопӯи онанд. Аммо чи онро ба вуҷуд меорад? Ин суол барои ин саҳифа мантиқан дуруст хохад буд. Гуфтан мумкин аст, ки сулҳ он бевосита АМНИЯТест, ки муҳити ичтимоиро аз қабили иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт таъмин карда тавонаду ҳаёти осоиштаро ба омма тақдим кунад. Танҳо дар ин ҳолат ба вуҷуд омадани сулҳи ҳақиқӣ имконпазир хоҳад буд. Дар ҳоле ки шикамҳо нағора зананду сарҳои мисли каду пур, вале пуч бошанд, хатари аз байн рафтани шахс ба вуҷуд меояд, ки он худ гувоҳи муташанниҷ будани вазъият аст. Пас сулҳ куҷо боқӣ мемонад?"

Ашӯр Назарзода: "Ҳамагон ба мафҳуми сулҳ дуруст сарфаҳм мераванд. Аммо ман тарс аз он дорам, ки ин осоишатигиро аз даст надиҳем. Зеро норозигии мардум аз ҳукумати Эмомалии Раҳмон авҷ гирифтаааст ва ман метарсам, ки боз ба ҷангу хунрезӣ барнагардем. Худо нишон надиҳад дигар ҷангро. Аммо бояд ҳукуматдорон низ дар фикри мардум бошанд. Бояд ба ришвахорӣ ва маҳалгароӣ дар сатҳи ҳукумат хотима дод! Байни мардуми одӣ ваҳдати миллӣ кайҳост, ки барқарор аст. Ҳар гапе, ки ҳаст, танҳо дар ҳукумат ҳаст."
XS
SM
MD
LG