Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сафари сарвари Исроил ба Қазоқистон


Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил
Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил

Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил, ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ вориди Остона гардид.

Дар кохи раёсати ҷумҳурии Акордаи пойтахти Қазоқистон дидору гуфтугӯи вай бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишвар, баргузор гардид.

Дар ин мулоқот сарвари Қазоқистон гуфтааст, кишвараш Исроилро чун шарики муҳим дар Ховари Миёна медонад. Раисиҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин таъкид кардааст, ки ин нахустин сафари расмии раисиҷумҳури Исроил ба Қазоқистон дар муносибатҳои дуҷонибаи онҳост ва ин баёнгари кӯшиши шахсии ӯ ҷиҳати беҳбуд бахшидани муносиботи ду кишвар аст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қазоқистон, гардиши колои ду кишвар дар соли 2008 беш аз дуввуним миллиард доларро ташкил дод ва ин хамкорӣ дурнамои хубе дорад. Ҳамчунин Назарбоев таъкид кардааст, ки байни Қазоқистон ва Исроил ҳамкории бисёрҷабҳа дар бахшҳои иқтисод, сиёсат ва бахши башардӯстӣ мавҷуд аст.

Дар навбати хеш Шимон Перес низ Нурсултон Назарброевро лидер ва дӯсти наҷиб хондааст.

Гардиши колои ҳарду кишварро асосан муомилоти нафтӣ ташкил медиҳад. Таи моҳҳои январ то апрели соли равон гардиши коло 346 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 321 миллион ва ё 90 дарсадаш содироти нафти Қазоқистон аст.

Ҳамчунин аз 124 корхонаи муштараке, ки бо ширкати Исроил дар Қазоқистон фаъолият доранд, бахши аъзамашон бо содироти нафт машғуланд.
XS
SM
MD
LG