Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз толори гуштӣ ба майдони футбол


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно месозем.

Дар Бозиҳои 8-уми ҷаҳонӣ дар Тайван, ки бо ширкати беш аз 3200 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон ҷараён доранд, тими мунтахаби Русия бо 32 медал, аз ҷумла 14 нишони тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро касб кардааст. Варзишгарони Фаронса, ки 23 медал, аз ҷумла 8 нишони тилло ба даст овардаанд, дар ҷои дуввум мебошанд. Дастаи мунтахаби Укроин, ки 19 медал, аз ҷумла 6 нишони тилло гирифтааст, дар ҷои севум қарор дорад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба навъҳои обии варзиш, ки дар пойтахти Итолиё – Рим то 2-юми август идома хоҳад кард, беш аз 2500 варзишгар аз 185 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Аз ҷумла дар сабқати шиноварӣ шарафи Тоҷикистонро 4 варзишгар – Алишер Чингизов, Катерина Измайлова, Комилаи Сайидо ва Светлана Догаткина ҳимоя мекунанд.

Дар шаҳри Тампераи Финляндия Фестивал ё Ҷашнвораи 10-уми олимпии наврасони Аврупо шурӯъ шуд, ки тӯли як ҳафта идома хоҳад кард. Ба барномаи фестивал баскетболу волейбол, ҳандбол, теннис, велосипедронӣ, шиноварӣ, варзишҳои майдонӣ, гуштии дзюдо ва гимнастика шомиланд. Дар навъҳои варзиши дастаӣ 8 тими мардонаю занона ширкат доранд. Барои аввалин бор дар таърихи фестивали олимпӣ дар Тампера дастаҳои мардонаи гимнастикаи бадеӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Синни варзишгарон вобаста ба навъи варзиш аз 13 то 18-сола мебошад.

Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо устоди дараҷаи байналмилалӣ Сабоҳат Исмоилова, мураббии гуштӣ, дар бораи вазъи варзиш байни занон ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Сабоҳат моҳи ноябри соли 1993 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Кстовои вилояти Нижний Новгороди Русия дар рақобатҳо дар вазни 72 кг мақоми дуввумро касб карда, бо медали нуқра сарфароз гаштааст. Вай, инчунин дар навъи олимпии варзиш – дзюдо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат карда, натоиҷи хуб ба даст овардааст. Сабоҳат Исмоилова, ки дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебарад, солҳои ахир ба тарбияи шогирдон машғул аст. Вай мураббии гуштии мактаби варзишии захираҳои олимпӣ ва ҳамзамон раиси Ҷамъияти варзишии «Ҳосилот»-и Ваҳдат мебошад.

Дар ин барнома, инчунин, дар бораи ҷамъбасти давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии лигаи якуми футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳем.
Дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки аз 9 бозӣ 21 имтиёз ба даст овардааст, ғолиби давраи аввал шуд. Тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифт. Мо бо Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи «Хайр», сӯҳбате анҷом додем, ки ба мухлисони футбол пешкаш мешавад.

28-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии рафиқонаи дастаҳои футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Локомотив»-и Маскав баргузор хоҳад шуд. Дар бораи ин бозӣ ба шунавандагони маҷалла Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи «Регар» ТадАЗ, нақл мекунад.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG