Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба равобити Тоҷикистону Узбакистон


Шоҳислом Шоҳқосимов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон
Шоҳислом Шоҳқосимов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон

Сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон дар ҳоле аз беҳбуди равобит сӯҳбат мекунад, ки марзҳои кишвараш аз нав баста шудаанд.

Мақомоти Ӯзбакистон онгуна, ки эълом кардаанд, баста шудани марз бо Тоҷикистон дар доираи тадобири амниятии давлат ҷиҳати баргузории маросими ҷашни истиқлоли Ӯзбакистон сурат гирифтааст.

Аммо ин барои бори аввал нест, ки иртибот ва равуои шаҳрвандони ҳарду кишвар бо сабабҳои мухталиф манъ карда мешавад ва баъд аз ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2000 чунин иттифоқот танҳо мушкилии миёни ду кишвар дониста намешавад.

Мақомоти расмии ҳарду кишвари ҳамсоя ҳамкориҳои дуҷонибаро дӯстона ва қаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Вале вазъи феълӣ баёнгари он аст, ки тарафҳо ба ҳам эътимоди андак доранд ва дар баъзе маврид ҳатто тирагии равобити ду ҳамсоя боиси гуфтугузор дар сатҳи байналмилалӣ низ шудааст.

Ҳарду кишвар дар масъалаи истифода аз захоири оби минтақа ва наҳваи баҳарбардорӣ аз он наметавонанд бо ҳам бисозанд.

Истифода аз роҳи оҳан ва хутути баландшиддати нерӯи барқи Ӯзбакистон барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад, аммо чунин имкон барояш фароҳам карда намешавад.

Ҳамин тавр муомилаҳои ду кишвар бар сари додуситади нерӯи барқ ва гази табиӣ низ ҳамвора боиси баҳсҳои шадид шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули Маркази таҳлилии мавсум ба «Диалог» мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки ҳарду кишвар давоми садсолаҳо иртибот доштанд ва заминаҳои ҳамкорияшон фаровон аст, имрӯз мизони равобит миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон нигаронкунанда аст.

Оқои Сайфуллозода мӯътақид аст, ки мушкили равобит бештар ба мақомоти ҳарду кишвар ва доираҳои дипломатии онҳо гиреҳ хӯрдааст, ки натавонистаанд, тайи даврони истиқлол онро бартараф кунанд.

Иброҳими Усмон, донишманди тоҷик низ сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбакистонро ба унвони ду кишвари ҳаммарз ва ҳамсоя қаноатбахш намеҳисобад.

Оқои Усмон мегӯяд, набуди эътимод миёни мақомоти баландпояи ҳарду кишвар боис шудааст, ки ҳамкорӣ ва муносибат хубу дуруст ба роҳ монда нашавад. Вай инро ҳам эътироф мекунад, ки вақтҳои талошҳои нармиш дида мешавад.

Бо ин ҳама мақомоти расмӣ ахз ҳарду ҷониб мӯътақиданд, ки муносибатҳои байни ду кишвар тадриҷан рӯ ба беҳбуд овардааст.

Талошҳо барои азсаргирии парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд, сафарҳои ҳунарии овозхонони ҳарду кишвар ба қаламрави якдигар ва афзоиши ҳамасолаи гардиши мол аз нишонаҳои нармиши равобит миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG