Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони низомии Тоҷикистону Русия?


Рӯзи 1-уми октябр дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди истифодаи муштараки нерӯҳои низомӣ ба хотири таъмини амнияти ду кишвар ба баррасӣ кашида хоҳад шуд.

Муҳаммадато Султонов, сухунгӯи Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба РО гуфт, чанд созишномаи дигар ҳам рӯи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин иҷлосия аз сӯйи намояндагони мардум баррасӣ мешавад.

Бо он вуҷуд ки истифодаи муштараки нерӯҳои низомӣ дар сӯҳбати сухангӯи Маҷлиси намояндагон тасвир нашуд, таи як нишаст коршиносон гуфтанд, ки сухан дар бораи пойгоҳи низомии 201 –и Русия дар Тоҷикистон меравад. Расонаҳо қаблан навиштанд, ки Тоҷикистон мехоҳад барои ин пойгоҳ беш аз 300 млн. доллар иҷорапулӣ гирад ва низ теъдоди сарбозонаш коҳиш дода шавад. Шарти дигари Тоҷикистон ҳам ин аст, ки дар ҳолати зарурӣ пойгоҳро истифода барад, ки Русия аз қабл мухолифи ин шарт аст.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, заъфи кунунии Русияро бояд барои имзои ин созишнома Тоҷикистон истифода кунад: «Тоҷикистон имкони таърихӣ пайдо кардааст, аз он ҷумла бо назардошти авомили геополитикӣ. Ҳоло амрикоиҳо дар ҷабҳаи моянд. Эрон низ моро ҷонибдорӣ мекунад. Тариқи созишномаи нав мо имкони беҳтарини тақвият бахшидани давлатдории тоҷиконро дорем»

Аҳмади Иброҳим, коршиноси мустақил мегӯяд, пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон танҳо далели султахоҳии Кремл аст ва истиқлоли кишварро таҳти суол мебарад: «Вақте ин масъала рӯшан мешавад, баъд равобити ҳақиқӣ ва мусовӣ бо Русия сурат хоҳанд гирифт. Ҳоло ин тавр нест»

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси дигар мегӯяд, дар ин баҳс ҷонибҳо набояд аз ҳад гузаранд: «Манфиати мову Русия дар ин баҳс ин аст, ки аз ҳад нагузаронем. Вақте ду ҷониб музокира мекунанд, бидуни баҳс, ҳар ду далелҳои мӯътамад доранд. Аммо далоиле ҳастанд, ки набояд истифода шаванд. Мо метавонем мисли Саакашвили гӯем, ки ана мӯҳлат ва пойгоҳатонро бароред. Ин далели қавӣ аст, аммо ба манфиати мо нест. Русия метавонад муҳоҷирини кории моро ронад. Аммо ин ба манфиаташ нест. Таҳлилгарони рус ҳатто пешниҳод мекунанд, ки кишварҳои дигари собиқ Шӯравиро мисли Гурҷистон тақсим кунанд, агар аз хати кашидаи Русия берун шаванд. Яъне, бо русҳо бояд эҳтиёт шуд ва бояд воқеъбин бошем»

Зафар Мирзоев, коршиноси дигари сиёсӣ мегӯяд, русҳо барои пойгоҳ маҷбур ҳастанд, ки иҷорапулӣ диҳанд: «Дар Афғонистон Амрикову НАТО теъдоди нерӯҳояшонро афзоиш медиҳанд. Русҳо ҳам инро дида, маҷбур мешаванд, ки ҳузури низомии худро тақвият бахшанд»

Искандар Асадуллоев, коршиноси дигар мегӯяд, барои ҳадамандона ва нафъи миллат истифода шудани иҷорапулӣ шак дорад: «Бигӯед, ана гуфем, ки мо барои пойгоҳ пул ситондем. Аммо ин пул куҷо меравад? Пули корхонаи алюминиум куҷо меравад? Намояндаҳои парлумон ин масъаларо бардоштанд, аммо ку ҳалли масъала? Бале, мо ватандӯст ҳастем, ватан дорем. Аммо мору каждумҳои кӯҳҳои мо аз моянд. Онҳо моро мегазанд. Мо гарм баҳс мекунем. Ҳар чӣ мегӯем. Аммо суоли асосӣ ин аст: пул куҷо хоҳад рафт? Хуб аст, ки пулдор шавем, бой шавем. Аммо фақат он замон хуб аст, ки ин пул барои маориф, илм, тандурустӣ ва ягон кори дигари мардум харҷ шавад. Вагарна ҳоло як бесарусомониву худсарист»

Иддае дигар аз коршиносон мегӯяд, ҳақталошии ҳукумати Тоҷикистон бархоста аз манофеъи миллии ин кишвар аст, аммо натиҷаҳои он танҳо замоне рӯшан шуд, ки парлумони Русия оё ба чӣ хулоса мерасад. Зеро маъмулан созишномаҳо боз аз сӯйи раҳбарони кишварҳо бояд имзо шаванд.
XS
SM
MD
LG