Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ бо Абдураҳимов ба ҳам чӣ гуфтанд?


Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Исломобод сухангӯи Вазорати корҳои хориҷиии Покистон Абдул Восит ба Радиои Озодӣ дар бораи дидору гуфтугӯҳои вазири амнияти Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов бо мақомоти баландпояи покистонӣ, ки охири ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваст, маълумоти бештар дод:

Абдул Восит: "Сафари вазири амнияти Тоҷикистон фавқулода муҳим буд, бар иловаи мулоқот бо президенти Покистон мақоми баландпояи тоҷик бо раҳбарони ниҳодҳои амниятии Покистон низ вохӯрд. Дар ин сӯҳбатҳо тавсеаи ҳамкориҳо ва амнияти минтақа арзёбӣ шуд.
Шумо дар хотир доред, ки чанде пеш президенти Покистон дар Тоҷикистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай иштирок кард. Ҳамон ҷо нишасти раҳбарони се кишвар: Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон доир шуда буд. Ҳамчунон, дар нишасти дигаре дар Душанбе ба раҳбарони се кишвари ёдшуда раҳбари Русия ҳамроҳ шуда буд. Ҳамин тариқ, дар баробари тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯби минтақа мо ҷонибдори рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон ҳастем. Ҳамчунон, дар сатҳи байналмилал бар зидди ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд."

Абдул Восит ҳамчунин дар бораи ҳузури ҷангҷӯёни созмонҳои ифротгарои исломии собиқ Шӯравӣ, ва бавижа Осиёи Марказӣ, дар Покистон чунин гуфт:

Абдул Восит: "Мо бо бародарони мусулмони тоҷик равобити хуб дорем ва мехоҳем бо ин кишвар дар баробари рушди равобити сиёсӣ ба нафъи ҳар ду ҷониб равобити мустаҳками иқтисодӣ низ барқарор намоем. Дуруст аст, ки шуморе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ дар минтақаи қабилаҳои Покистон паноҳ бурдаанд. Ҳоло нерӯҳои Покистон дар он ҷо амалиёти низомӣ пеш мебаранд. Душвор аст, ки бигӯем, ки ин ҷангҷӯён шаҳрванди кадом кишваранд. Дар байни онҳо шаҳрҳвандони ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ низ ҳузур доранд. Хушбахтона, то имрӯз мо дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи қабилаҳо ягон маълумоте пайдо накардаем."

Моҳи равон президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ба хабарнигорон гуфта буд, бар пояи иттилои шоҳидони айнӣ гӯё чархболҳои хориҷӣ ифротгароҳои исломии хориҷиро ба марзҳои шимолии Афғонистон, яъне ба манотиқи наздимарзии Тоҷикистон интиқол додаанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт:

Абдул Восит: «Барои ман шарҳи ин масъала осон нест. Покистон аз таҳти дил умедвор аст, ки дар Афғонистон сулҳу субот мустақар мешавад. Мо ҷонибдори адами дахолат дар умури дохилии Афғонистон ҳастем. Сулҳ дар Афғонистон ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа аст. Мо ҳозирем ба таври созанда ба Афғонистон кӯмак расонем. Мо бар ин боварем, ки кишварҳои дигари минтақа низ бояд аз сулҳу субот дар Афғонистон ҷонибдорӣ кунанд, зеро он манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа аст."
XS
SM
MD
LG