Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба ҳамоиши тағйири иқлим меравад


Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз тасмими раисҷумҳури Амрико, ҷиҳати иштирок дар конфронси тағйири иқлим дар Копенҳагени Дания истиқбол карданд.

Кохи сафед мегӯяд, Обама 9-уми декабр дар Копенҳаген хоҳад буд ва баъд аз он озими пойтахти Норвегия - шаҳри Осло барои гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобелаш мешавад.

Иво де Боер, муншии иҷроияи Конвенсияи чаҳорчӯбаи тағйири иқлими СММ, зимни суханрониаш дар шаҳри Бонни Олмон расидани ин хабарро истиқбол намуд. Ӯ гуфт, ҷаҳон бо таваҷҷӯҳи зиёд мунтазири он аст, ки кай Амрико дар самти коҳиши партоби газҳои гулхонаи пешниҳоде мекунад. Ҷаҳон инчунин мунтазир аст, ки кай Амрико дар роҳи ёрӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои мубориза алайҳи пайомадҳои тағйири иқлим саҳм мегирад.

Интизор меравад, ки дар ҳамоиши Копенҳаген дастикам 65 раҳбари кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва дар маҷмӯъ беш аз 15 ҳазор мақоми расмт аз 192 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, заминаҳои созишномаи навро дар робита ба муқобила алайҳи гармоиши саросарӣ ҷустуҷӯ кунанд. Обама гуфта буд, ҳадаф аз ҳамоиши Копенҳаген бояд на танҳо изҳороти сиёсӣ, балки таҳияи чунин аҳдномае бошад, ки “таъсири амалии бедиранг” дошта бошад.

Иво де Боер, муншии иҷроияи Конвенсияи чаҳорчӯбаи тағйири иқлими СММ, дар пешорӯи ин ҳамоиш ба кишварҳои ҷаҳон бо чунин даъват муроҷиат намуд:
“Тамоми кишварҳои ҷаҳон ин рӯзҳоеро, ки то ҳамоиш дар Копенҳаген боқӣ мондааст, бояд барои кор дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва мусолиҳа истифода баранд. Ҳеҷ кадом кишвар набояд танҳо болои манфиатҳои миллӣ тамаркуз кунад.”

Аҳдномаи нав, ки аз ҳамоиши Копенҳаген қабули онро интизоранд, бояд Протоколи Киоторо, ки эътибораш соли 2012 ба поён мерасад, иваз кунад. Тибқи Протоколи Киото кишварҳои ҷаҳон аз соли 1990 то соли 2012 мебоист партоби газҳои гулхонаиро то 5 дарсад коҳиш медоданд, аммо на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, ба он ҳамроҳ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG