Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тарабхона ба 141 нафар расид


Сарвазир Путин дар назди маҳалли сӯхтор гул мегузорад
Сарвазир Путин дар назди маҳалли сӯхтор гул мегузорад

Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар тарабхонаи “Хромая лошад”-и шаҳри Перми Русия ба 141 нафар расид. Шаби гузашта дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург боз ду тани дар ин ҳодиса ҷароҳатбардошта аз олам даргузаштанд.

йни ҳол 89 нафари маҷрӯҳ дар бемористонҳои шаҳрҳои Перм, Маскав, Санкт-Петербург ва Челябинск таҳти назорати табибон қарор доранд.

Ахиран додситонии устони Перм алайҳи раҳбарони назорати сӯхтори минтақа ва корманди масъули ин ниҳод, ки тафтиши амният аз сӯхтор дар тарабхонаро бар дӯш дошт, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь” шаби шанбе бар асари оташбозӣ рӯх дода буд.

Дирӯз сарвазири Русия Владимир Путин дар бораи қонуншиканиҳои зиёд дар фаъолияти тарабхонаи “Хромая лошад” хабар дод. Ӯ ҳамчунин дар бораи кумак ба қурбониёну осебдидагон бар асари оташсӯзӣ дар Перм ва садамаи қатораи “Невский экспресс” амр содир кард.

XS
SM
MD
LG