Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиши вазъи муҳоҷирон дар Свердловск


Тибқи пажӯҳише, ки аз сӯи Сандуқи Сорос – Институти «Ҷамъияти кушода" дар Тоҷикистон, дар вилояти Свердловски Русия анҷом гирифтааст, дар 40 дар сад аз маворид сокинони маҳаллии ин минтақа бо муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ таҳқиромез рафтор мекунанд.

Ҳамчунин бар пояи ин пажӯҳиш ҳар муҳоҷири кории сеюми тоҷикистонӣ изҳор кардааст, ки сокинони маҳаллӣ ӯро нашъаҷалоб ном мебаранд. Ин рақамҳо имрӯз дар маросими муаррифии натиҷаҳои тадқиқоти маҷмӯъавиии «Мониторинги ҷамъиятӣ ва таҳлили равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар вилояти Свердловски Русия» дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон эълом шуданд.
Ин тадқиқот метавонад санади муассир ва муҳим гардад барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия...


Ин барои бори нахуст аст, ки ташкилоти ғайритиҷоратии «Маркази иттилоотии байни миллатҳо» -и шаҳри Екатерингбург бо ҳимояти молии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистон тадқиқотеро дар бораи вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердловки Русия анҷом додааст.

Ҳарчанд чанд соле пеш чунин тадқиқоте дар шаҳри Маскави Русия анҷом шуда, аммо ба гуфтаи мубтакирони ин тарҳ натоиҷи он беҳбудие барои вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар дигар манотиқи Федератсияи Русия наовардааст.

Абдураззоқ Алимардонов, ҳамоҳангсози барномаҳои Сандуқи Сорос дар бораи ҳадафи аслии ин иқдом гуфт, «бубинед мушкилоти муҳоҷирон, ки дар ин тадқиқот оварда шудаанд, аз солҳои пеш вуҷуд дорад. Аммо ҳамеша ба таври шифоҳӣ дар мизи гирдҳо, нишастҳо ва сӯҳбатҳо гуфта мешуд. Ва ҳамеша тарафҳо мегуфтанд, далеле, факте ё рақаме биоред. Ҳамакнун ин тадқиқот метавонад санади муассир ва муҳим гардад барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кори тоҷик дар Русия».

Ба гуфтаи дастандаркорони ин тарҳ тадқиқот муддати панҷ моҳ, яъне аз моҳҳои октябри соли 2008 то моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифта ва дар ҷараёни он 300 тан аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон пурсида шуда, 17 воситаи ахбори оммаи вилояти Свердловск ва беш аз 250 адад маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ ва парвандаҳои вобаста ба амалияи татбиқи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст.

Паҳлуҳои мухталифи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва мавқеъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоъии онҳо дар Русия аз мавзӯъоти меҳварии тадқиқот унвон шудааст. Ин дар ҳолест, ки 61 дар сад аз пурсидашудагон ҳадафи аслии сафари худ ба вилояти Сведловки Русияро беҳбуд бахшидани зиндагиашон унвон карда, 18 дар сади дигар гуфтаанд маҷбур шудаанд, то муҳоҷират кунанд. Зеро онҳо камбизоъат ҳастанд ва дар Тоҷикистон натавонистаанд оилаашонро бо хӯрока таъмин кунанд.

Ҳамчунин тадқиқот мушахас кардааст, ки 35 дар сади пурсидашудагон дар ин минтақаи Русия ба корҳои муздурӣ машғул буда ва танҳо 11 дар сад мутахасис будаанд. Ба ин тартиб тадқиқот муносибат бо маъмурони пулис, амалкарди масъулон ва кормандони муассисоти беҳдоштӣ ва маъориф ва рафтори сокинони маҳаллиро аз мушкилоти ҳаррӯзаи худ арзёбӣ кардаанд. Зеро 28 дар сади пурсидашудагон, тамаҷӯъӣ ва рекет аз тарафи милитсияро аз проблемаи аввалиндараҷа арзёбӣ кардаанд.

Элина Руденкина, ёвари Ваколатдори ҳуқуқи башар дар вилояти Свердловки Русия низ таъид кард, ки дар бештари маворид кормандони сохторҳои интизомӣ ҳуқуқҳои муҳоҷиронро нақз мекунанд, аммо гуфт: «Барои санҷиши ҳар ҳодисае, ки дар робита ба ҳуқуқвайронкунии муҳоҷирон сурат мегирад, аризаи шикоятӣ лозим аст. Танҳо дар он сурат аъмоли пулис ё корманди дигари ниҳоди давлатӣ маврид бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт. Мутаасифона муҳоҷирон чунин кореро анҷом намедиҳанд. Ба ин далел дасти мо низ кӯтоҳ аст. Албатта, мавориди ҳуқуқвайронкуниҳо тавассути кормандони пули ва дигар ниҳодҳои зирабт вуҷуд дорад. Мо инро инкор намекунем. Аммо худи муҳоҷиронро лозим аст, то ба ин масъула бо масъулият бошад».

Аз сӯи дигар тадқиқот дар бурузи мушкилоти мавҷуд барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Свердловкро ба амалкарди худи муҳоҷирон марбут донистааст. Зеро бар пояи ин тадқиқот надонистани забони русӣ, муроот накардани қавонин дар заминаи буду бош ва иҷозаи дарёфти кор аз масоиле унвон шудааст, ки муҳоҷирон ба мушкилоти мухталифе тавассути кормандони пулис ва дигар ниҳодҳои марбута рӯ ба рӯ мешаванд.
Муҳоҷирони тоҷик, мутаассифона, аксарият бесаводанд ё савод ҳам дошта бошанд, аммо ба он дараҷаи даркорӣ забони русиро намедонанд. Аз ин рӯ он муомилае, ки нисбати онҳо мекунанд дуруст қабул накунанд, ки дар ниҳоят ба таҳқиромез рафтор кардни сокинони маҳаллӣ меорад...


Аммо он чӣ бештар мояи нигаронии муҳоҷирон будааст, ин аст, ки аксари сокинони маҳаллии Свердловск бо онҳо бадрафторӣ карда ва таҳқирро дар нисбаташон раво мебинанд. Яъне пажӯҳиш собит кардааст, ки дар 40 дар сад аз ҳолатҳо сокинони маҳаллии ин минтақаи Русия бо муҳоҷирони кори тоҷик таҳқиромез муроҷиат мекунанд. Ба таъкиди муҳоҷирон «кундаҳо» ё чурки», «Джамшут», «хачикҳо», «башараи ғайрирусӣ» ё «нерусская рожа», «мазанг» ё «чернота» аз ибораҳое аст, ки ба муҳоҷирони тоҷик нисбат дода мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Абдуқаюм Юсуфов, коршиноси масоили ҳуқуқӣ иллати чунин бадрафтории сокинони маҳаллии Свердловкро ба сатҳи пойини фарҳанги худи муҳоҷирон марбут медонад, «ман фикр мекунам, сабаби аслӣ чи тавр худро муаррифӣ кардан бо мардуме, ки муносибат доранд. Муҳоҷирони тоҷик, мутаассифона, аксарият бесаводанд ё савод ҳам дошта бошанд, аммо ба он дараҷаи даркорӣ забони русиро намедонанд. Аз ин рӯ он муомилае, ки нисбати онҳо мекунанд дуруст қабул накунанд, ки дар ниҳоят ба таҳқиромез рафтор кардни сокинони маҳаллӣ меорад».

Аммо аз сӯи дигар Юсуфов ба ҷиноят даст задании теъдоде аз муҳоҷирони тоҷикро аз дигар сабаби бадрафторӣ ва таҳқиромез мурофиат кардани сокинони маҳаллии Свердловск арзёбӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расмӣ муҳоҷирони тоҷик дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 398 ҷиноят содир кардаанд, ки ҳодисаҳои дуздӣ ва гардиши ғайриқонуннии маводи мухаддир аз ҷумлаи онҳост. Аз сӯи тадқиқот ҳокист, ки шумораи ҷиноятҳо нисбати хориҷиён, ба хусус тоҷикон афзудааст. Ҳарчанд дар ин тадқиқот рақаме дар ин замина оварда нашудааст. Зимнан, дар Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Свердловки Русия беш аз 21 000 шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Аммо гуфта мешавад, ин рақамҳои воқеъии муҳоҷирони кори тоҷик дар ин минтақаи Русия нест.
XS
SM
MD
LG