Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Амрико аз тарҳи Копенҳаген


Пуштибонии Амрико аз тарҳи ҷамъоварии 100 миллиард доллар барои ёрӣ ба кишварҳои нодор умедҳои расидан ба тавофуқ дар мубориза бо гармоиши саросариро зинда кард.

Ин ваъдаи ИМ дар пешорӯи дидори сарони кишварҳои ҷаҳон дар чаҳорчӯби ҳамоиши тағйири иқлим дар Копенҳаген садо дод. Дар ин бора котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай гуфт, “Амрико омода аст, то барои ҷамъоварии 100 миллиард доллар солона то соли 2020 бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ кунад”.

Ин ёрӣ ба кишварҳои нодор барои мубориза алайҳи паёмадҳои тағйири иқлим ихтисос дода мешавад. Аксари ин маблағ ба давлатҳои қораи Африқо дода хоҳад шуд.

Худи раисҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз, 18-уми декабр, вориди пойтахти Дания мешавад ва қарор аст, вай дар баробари сарони кишварҳои ҷаҳон мавқеъи кишварашро эълом намояд.

ИМА дуввумин истихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон баъд аз Чин мебошад ва аз нигоҳи таҳлилгарон пуштибониаш аз тарҳи ҷамъоварии маблағ рӯҳияи саммитро каме хушбинонатар кард. Дабири кулли СММ Бан Ги Мун ваъдаи Вашингтонро бисёр ташвиқкунанда номид.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар пешорӯи вохӯрии сарони кишварҳои ҷаҳон аксари раҳбарони кишварҳои олам мегуфтанд, хатар вуҷуд дорад, ҳамоиш бенатиҷа анҷом ёбад. Имрӯз рӯзи охирини ҳамоиш аст ва то ҳол дар мавриди санади ниҳоӣ тавофуқ ба даст наомадааст.

Тавофуқ дар бораи сармоя ин танҳо як бахши қазия мебошад. Масъалаҳои дигар ин ҳифзи ҷангалзорҳо, коҳиши чашмраси партобҳои карбон-диоксид ба фазо, ташвиқи бозори карбон ва ғайра мебошанд.

Мушкил дар он аст, ки тавофуқ бояд бо иттифоқи раъйҳо қабул шавад ва ин дар ҳолест, ки ихтилофҳо миёни мавқеъҳои кишварҳои пешқадам ва дар ҳоли рушд ҳамоно амиқ боқӣ мемонад. Баъзе ҷазираҳои хурд ва миллатҳои африқоӣ, ки дар баробари тағйири иқлим аз ҳама бештар осебпазиранд, пофишорӣ доранд, ки ба пешнависи созишнома розӣ нестанд.

Сарфи назар аз ин ихтилофҳо сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс гуфт, Амрико ҳанӯз ҳам ба тавофуқ бовар дорад.
XS
SM
MD
LG