Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими бастани Академияи САҲА дар Бишкек


Вазорати маориф ва илми Қирғизистон эълон кард, ки фаъолияти 14 донишгоҳ ва шӯъбаҳои вилоятии онро мутаваққиф месозад.

Абдилда Мӯсоев, вазири маориф ва илм, ба радиои Озодӣ гуфт, тасмими коллегияи вазорати ӯ дар натиҷаи таҳқиқи дурударози фаъолияти ин донишгоҳҳо рӯи кор омад. Вай афзуд, дар ин донишгоҳҳо кадрҳои баландмалака намерасанд ва донишгоҳҳо бо бинои зарурӣ низ таъмин нашудаанд. Оқои Мӯсоев боз далел овард, ки теъдоди донишҷӯёни ғоибхон дар ин донишгоҳҳо нисбат ба шӯъбаҳои рӯзона ба маротиб зиёд аст. Ба таъкиди ӯ, аммо вазорат ба сарнавишти донишҷӯёни ин донишгоҳҳо ҳаргиз бетафовут нест ва то 1-уми апрели соли 2010 дақиқ хоҳад шуд, ки ин донишҷӯён таҳсили худро дар кадом донишгоҳҳо идома хоҳанд дод.

Дар феҳристи донишгоҳҳое, ки фаъолияташон дар Қирғизистон мутаваққиф эълом шудааст, Академияи САҲА дар Бишкек низ шомил мебошад. Максим Рябков, мудири ин академия, мегӯяд, аз вазорати маорифи Қирғизистон ҷиҳати қатъи фаъолияти академия номаи расмӣ дарёфт накардаанд. Вай афзуд, бо вуҷуди ин тасмими вазорати маориф мавриди нигаронии онҳо қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Максим Рябков, перомуни тасмими қатъи фаолияти Академияи САҲА унвонии вазорати хориҷаи Қирғизистон як номаи расмӣ ироа намудаанд.

Мудири академия таъкид кард, ки вале сабабҳои тасмими вазорати маориф ва илм барояш номаълум боқӣ мондааст, бо вуҷуди ин Шӯрои сарпарастии Академияи ОБСЕ-ро аз ин мавзӯъ огаҳ намуд, то ки аъзои он вокуниши худро ба вазорати маориф ироа намоянд.

Дар иттилоияи Вазорати маорифи Қирғизистон боз тазаккур ёфтааст, ки барномаҳои таълимии 15 донишгоҳи ин кишвар ба риштаи таҳқиқ кашида шуд ва таҳқиқ нишон дод, ки ин барномаҳои таълимӣ дар 70 факултаи он ба меъёрҳои давлатӣ ҷавоб намедиҳанд. Бино ба ин иттилоия, иҷозаномаи 17 донишгоҳ, ки 67 намуди мутахассисонро тайёр мекунанд, барои се моҳ лағв гардид. Гуфта мешавад, дар сурати мутобиқ насохтани барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои давлатӣ вазорати маориф тасмими худро перомуни фаъолияти ин донишгоҳҳо тағйир хоҳад дод.

Назира Тоштемирова, коршинос, мегӯяд, дар чанд соли ахир шумораи донишгоҳҳо дар Қирғизистон ба суръати кайҳонӣ афзудааст, вале сифати мутахассисоне, ки ин донишгоҳҳо тайёр мекунанд, хеле паст мебошад. Бино ба шаҳодати ин коршиноси қирғиз, маҳдуд сохтани шумораи донишгоҳҳо шумораи донишҷӯёнеро низ коҳиш хоҳад дод, ки хоҳиши таҳсил надоранд ва фақат ба ном донишҷӯ ҳастанд. Назира Тоштемирова гуфт, баъди анҷоми таҳсил ин зумра донишҷӯёнро корхонаҳо низ ба кор қабул намекунанд ва онҳо фақат сафи бекоронро меафзоянд.

Амон ном донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Ӯш, аз тасмими вазорати маориф ва илми кишвараш розӣ нест. Ба ақидаи ин донишҷӯ, вазорат ба саҳви ҷиддӣ роҳ дод ва аз ин тасмим ҳамтоёни зиёди ӯ ба мушкилоти печдарпеч мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон мегӯяд, ҳайатҳои профессорону омӯзгорони донишгоҳҳое, ки фаъолияташон қатъ эълом шудааст, ба такмили ҷиддии касб низ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG