Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми дафни "падари ҳуқуқи башари Эрон"


Дар расми дафни рӯҳонии машҳури дигарандеши Эрон, оятуллоҳи узмо Ҳусайн Алии Мунтазирӣ дар шаҳри Қум, тибқи хабарҳо, 200 ҳазор нафар ширкат кардаанд.

Пайкари оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри Қум, дар ҳоле ба хок супурда шуд, ки даргузашти ӯ беихтиёр ба гирдиҳамоӣ ва раҳпаймоиҳои нави мухолифони Эрон сабаб гаштааст. Зеро аз солҳо ба ин сӯ, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислоҳталабон ва Ҷумбиши сабз, оятуллоҳ Мунтазирӣ барои бисёриҳо ба рамзи яккаи мухолифат бо режим табдил ёфта буд.
Эшон ҳаргиз дар баробари зулм ва ҷиноят сукут пеша накардааст...


Вай дур аз қудрати сиёсӣ, дар ҳабси хонагӣ, дар Қум, ба сар мебурд ва аммо бо қудрати қавии маҳзабӣ аз ин шаҳри муқаддас паём мефиристод, зиёдаравиҳо ва иштибоҳҳои режимро танқид мекард, мухолифи ҳокимияти мутлақи волии фақеҳ ва аз пуштибонони мардумсолорӣ, озодии баён ва ҳуқуқи инсон буд.

Теҳрон, ҳарчанд рӯшод ба танқидҳои оятуллоҳ Мунтазирӣ вокуниш намекард, зери танқидҳои ӯ, талош менамуд, то ҷои мумкин худро ислоҳ кунад ва коршиносон дар Эрон бар инанд, ки рӯҳияи ислоҳталабӣ аз ин шахс сарчашма гирифтааст.

Журналист ва коршиноси шинохташудаи Эрон, Акбари Ганҷӣ оятуллоҳи Мунтазириро боризтарин намунаи "рӯшанфикри динӣ" дар Эрон мешуморад ва мегӯяд ва мегӯяд, "эшон ҳаргиз дар баробари зулм ва ҷиноят сукут пеша накардааст."

Мунтазирӣ, яке аз ҳамсафони оятуллоҳ Рӯҳулло Хумайнӣ аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, вале давлати исломӣ аз нигоҳи ӯ бо ончӣ дар Эрон сохта шуд, фарқ мекард. Вай мегуфт, тарафдори демократияи исломист, на диктатураи исломӣ. Ин тафовут сабаб гардид, ки мухолифони ӯ дастболо шаванд ва ӯро аз қудрат дур кунанд.

Имрӯз, ҳарчанд ӯро "падари маънавӣ"-и Ҷумбиши сабз меноманд, равобити мустақимаш бо сарони мухолифон бештар андешаӣ шумурда мешавад, то ҳамкорӣ ва фаъолиятҳои бевоситаи сиёсӣ. Ба ҳар сурат, раҳбарони Ҷумбиши сабз, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ки тибқи хабарҳо, дар расми дафни оятуллоҳ Мунтазирӣ ширкат доштанд, имрӯзро Рӯзи мотами миллӣ эълон карданд ва шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва маҳзабӣ, ки мехостанд, дар расми дафни Мунтазирӣ дар Қум ширкат кунанд, дар нимароҳ боздошт шуданд.

Сомонаҳои мухолиф аз даргириҳо дар байни полис ва ширкаткунандагони маросим хабар додаанд. Торнамои "Наврӯзнюз" менависад, ин даргириҳо зимни шиорҳои зиддиҳукуматии ширкаткунандагони маросим ба вуқӯъ пайвастаанд.



Тазоҳурот ва раҳпаймоиҳо дар чандин шаҳру устони дигари Эрон низ ҷараён ёфтанд. Ҳукумат ба чунин фароянд пай бурда буд, ки аз тамоми расонаҳои ҳамагонӣ талаб шудааст, дар бораи даргузашти оятуллоҳ Мунтазирӣ ба ғайр аз таъзияи расмӣ чизи дигаре нашр накунанд. Дар ин таъзияи расмӣ аз номи раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ гуфта мешавад, ки худо Мунтазириро барои "давраи имтиҳони шадид"-и пас аз сари Хумайнӣ бубахшад.

Бо вуҷуди ин афроди саршиносе монанди барандаи Ҷоизи сулҳи Нобел, Ширини Ибодӣ, президенти пешин Муҳаммади Хотамӣ паёмҳои таслият нашр намуда, оятуллоҳ Мунтазириро "падари ҳуқуқи башар дар Эрон" номидаанд.

Мурооти ҳуқуқи инсон дар ҳама гуна низом, аз аввалин ҳушдорҳои Мунтазирӣ буд, ки дафъатан баъд аз инқилоби исломии соли 1979 садо дода, сабаби ба ҳошия ронда шудан ва дертар ҳабси хонагияш дар Қум шавад. Дар ҳамаи ин давра низ Мунтазирӣ пайваста дониши динии Хоманаӣ ва шеваи ҳокимияти ӯро танқид мекард. Вай аз нооромиҳои пасоинтихоботии Эронро низ интиқод карда, гуфта буд, "бархӯрди ҳокимият ба ин рӯйдодҳо метавонад, сабаби суқути режим гардад."

XS
SM
MD
LG