Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи ҳавопаймои ширкати амрикоӣ


Ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии American Airlines ҳини фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Кингстон дар Ямайка ба ду тақсим шуд. Ҳеҷ кас кушта нашудааст, аммо даҳҳо мусофир ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузориҳои амрикоӣ менависанд, Boeing-737, ки аз Майами ба пойтахти Ямайка меомад, аз масири фурудаш берун шуда, ба девор бархӯрдааст ва ба ду қисм пора шудааст. Шоҳидони ҳол гуфтаанд, дар он замон борони шадид меборид. Фарзияи нахустини садама низ ҳавои бад номида шудааст.

Дар натиҷаи садама ҳеҷ кас ҷони худро аз даст надодааст, вале тақрибан 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки феълан дар бемористони Кингстон қарор доранд. Хабар ҳокист, ки ба ҷони маҷрӯҳон ҳеҷ хатаре таҳдид намекнуад ва ҷароҳатҳо вазнин набудаанд. Дар ҳавопаймо 145 мусофир будааст.
XS
SM
MD
LG