Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул интихоботи порлумонӣ мехоҳад


Давлати Афғонистон эълон кард, ки дар моҳи майи соли оянда интихоботи ҷадиди парлумониро барпо хоҳад кард. Ин эълон аз ҳоло сарусадоҳо эҷод кардааст.

Ин интихобот давлатро дар рӯбарӯи як силсила мавонеъ ва мушкилоте мегузорад, ки Афғонистон дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар моҳи август шоҳид шуд. Аз ҷумла, хушунатҳо, дасткориву тахаллуфот, мизони ночизи мушорикати мардум дар раъйгирӣ ва камбуди амният дар манотиқи рустоӣ.

Ба зимистон дуруст омадани замони омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ, бидуни шакк, мояи мушкилоти боз ҳам бештари фаннӣ, бахусус дар манотиқи дурдаст ва душворгузари кӯҳистонӣ хоҳад шуд. Ваҳид Умар, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон, аммо гуфт, ҳар навъ таъхир дар баргузории интихоботи парлумонӣ метавонад боиси бӯҳрони сиёсӣ шавад. Ваҳид Умар афзуд, Кобул ба хотири дарёфти 120 миллион доллар барои баргузории ин интихобот бо кӯмакрасонҳои байналмилалӣ вориди музокирот шудааст.

Матбуоти хориҷӣ аммо мегӯяд, СММ, Амрико ва кӯмакрасонҳои умдаи ғарбӣ ба давлати Афғонистон фишор меоранд, ки даст ба ислоҳи низоми интихоботиаш бизанад. Ин ислоҳот бояд аз ҷумла ислоҳи қонуни интихоботро дар бар гирифта, аз имкони такрори тахаллуфоте, ки интихоботи ахири раёсати ин ҷумҳуриро беобрӯ кард, ҷилавгирӣ кунад. Нилоб Мубориз, сухангӯи дафтари кӯмакҳои СММ дар Афғонистон, гуфт, Кобул бояд аз ин созмон расман дархости кӯмак барои интихоботи оянда кунад. Аммо хонум Мубориз афзуд, СММ низ хостори ислоҳи равандҳои интихоботӣ дар Афғонистон аст.

Ба назари таҳлилгарон, интихоботи моҳи августи раёсатҷумҳурии Афғонистон мушкилот ва камбудиҳои ҷиддиеро дар қонуни интихобот ва раванди интихоботии ин кишвар бармало кардааст. Номзадҳои мухолиф ба далели аз ҷониби раисҷумҳур Ҳомиди Карзай таъйин шудани раис ва дигар мақомоти калидии Комиссияи интихобот ин ниҳодро, ки сараввал Карзайро алакай дар даври аввал баранда эълон кард, ба он айбдор карданд, ки ба нафъи раҳбари давлат кор мекунад.

Дар пайи даъвои рақибони Карзай тақрибан як миллион раъйи додашуда дар интихоботи моҳи август бозшуморӣ шуд, ки дар натиҷа раъйи дар даври аввал бадастовардаи Карзайро камтар аз нисф кард ва ӯ маҷбур шуд, бо рақиби аслиаш – вазири пешини умури хориҷӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба даври дуввум биравад.

Адами як низоми марказии сабтиноми интихобкунандагон ҳарҷумарҷи зиёдеро дар интихоботи ахир ба бор овард ва бархе расонаҳо дар бораи ҳатто харидуфурӯш шудани ҳазорон кортҳои интихоботкунандагон хабар доданд. Дар ниҳояти амр, доктор Абдуллоҳ шароитро барои баргузории як интихоботи озоду одилона номуносиб хонда, аз идомаи мубориза даст кашид ва Карзай ба дунбол бидуни тадвири даври дуввуми раъйгирӣ баранда эълон шуд.

Таҳлилгарон аммо мегӯянд, фурсати боқимонда то интихоботи парлумонии моҳи май барои ислоҳи Қонуни интихобот ва расидагӣ ба ҳамаи мушкилоте, ки дар равандҳои интихоботии Афғонистон дида мешавад, кофӣ нест. Профессори улуми сиёсат ва ҳуқуқ дар Донишгоҳи Кобул Насруллоҳ Станакзай, барои мисол, мегӯяд, бартарӣ бояд ба Қонуни асосӣ дода шавад, вале ба эътиқоди ӯ, ислоҳи қонуни интихобот ногузир таноқузотеро миёни ин қонун ва Қонуни асосии Афғонистон дар пай хоҳад овард.

Бо ин ҳол, таҳлилгарони афғон ҳушдор медиҳанд, ки агар маъмурияти Ҳомиди Карзай, СММ ва кӯмакрасонҳои умдаи ғарбӣ ба зудӣ бар сари як барномаи дақиқи тадвири интихоботи парлумонӣ ба тавофуқ нарасанд, эҳтимоли такрор шудани ҷараёнҳои манфие, ки Афғонистон дар интихоботи президентии моҳи август дучори он шуд, чандон баъид ба назар намерасад.
XS
SM
MD
LG