Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: Парвандаи милисаҳои таҷовузкор


Додситони Узбакистон ба баррасии қазияи кормандони милисаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон, ки ба номуси се зани боздоштшуда таҷовуз кардаанд, шурӯъ кард.

Сехоҳарон Наргиза, Райҳон ва Хосият Соатоваҳо моҳи майи соли 2009 аз ҷониби ходимони милисаи ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуда буданд.

МИЛИСАҲОИ ТАҶОВУЗКОР


Райҳон Соатова, яке аз ҷабрдидаҳо гуфтааст, ҳангоми бозпурсии онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ 12 корманди милиса нисбат ба ин се нафар дастдарозӣ ва бадрафториҳо кардаанд.

Абдусамад Соатов, бародари занони хушунатдида, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мақомоти расмӣ дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони пулис ӯро тавассути нома хабардор кардаанд.

Вай афзуд, “хатрасон ба ман гуфт, ки “нома омад”. Ин мактуб 28-уми декабр нигошта шуда, аммо ман онро 5-уми январ дастрас кардам. Нома аз раиси додгоҳи шаҳри Тошканд Ш. Ғозиев омадааст. Дар он гуфта шудааст: муроҷиати шумо ба додситонии ҷумҳурӣ ва шаҳр дар бораи ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони милиса аз тарафи додситонии ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд айни ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад. Аммо аллакай бар асоси қисми 1-и моддаи 118-и кодекси ҷиноии Узбакистон парванда кушода шудааст. Ин банди қонун, ки “таҷовуз ба номус” ном дорад, ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 солро пешбинӣ мекунад”.

ХОМӮШИИ МАҚОМОТ

Талошҳои радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи мақомоти зидахли Узбакистон дар робита ба қазияи дасти зӯрии кормандони милиса бенатиҷа анҷом ёфтанд. Бештари мақомот бо ҳар баҳона аз ибрози назар худдорӣ карданд.

Масалан, дар додситонии ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд гуфтанд, “…ҳамин ҷо (ба бинои додситонӣ) биёед, маълумоти лозимро бароятон медиҳем. Аммо тариқи телефон ин гуна иттилоъро дода наметавонем…”

Посухи мақомоти умури дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбек ҳам ба ҳамин монанд буд: “Барои посух гирифтан шиносномаатонро ба даст гирифта, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия биёед…”

ТАЪРИХИ ҚАЗИЯ

Ба иттилои Созмони мудофеи ҳуқуқи “Эзгулик”, ё “Мурувват”, Райҳон Соатоваи 31-сола ва хоҳарони ӯ Наргизаи 36 ва Хосияти 29-сола 9-уми майи соли 2009 ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ин ҳама қазия аз ин ҷо шурӯъ шудааст, ки Наргиза, хоҳари калонии Райҳон маъшуқа доштани ҳамсарашро ошкор карда, ҳамроҳ бо хоҳаронаш ӯро латтукӯб намудаанд. Ва кормандони пулис ҳам баъди шикояти гӯё маъшуқаи ҳамсари Наргиза, онҳоро боздошт кардаанд.

Сабаби аслии шиддат гирифтани қазияи мазкур ин будааст, ки пас аз мавриди таҷовузи ҷинсии 12 корманди пулис қарор гирифтани ин се хоҳарон, яке аз онҳо – Райҳон дар зиндон тифле ба дунё овард.

Бар асоси таҳлилҳо ва иддаоҳои созмони мудофеи ҳуқуқи “Эзгулик”, Райҳон баъди ба ҳабс гирифта шуданаш ҳомиладор гардида, баъди 29 ҳафта, рӯзи 17-уми декабр дар маҳбас таваллуд кардааст.

ВОКУНИШИ ОМБУДСМЕН

Вуқӯи ҳодисаи қонуншиканиро нахуст созмони “Эзгулик” ошкор намуда, зимнан дар бораи дасти зӯрӣ кардани кормандони милиса ва ҳомиладориву дар маҳбас таваллуд кардани Райҳон, ба Омбудсмени Узбакистон, парлумон ва кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тошканд шикоят бурдааст. Талаби ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба афроди таҷовузгар ҳам аз сӯйи созмони мазкур пеш гузошта шудааст.

Абдураҳмон Ташанов, намояндаи созмони “Эзгулик”, ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи афроди муттаҳам дар таҷовуз ба номуси Райҳон ва хоҳаронашро “тантанаи адолат” номида, мегӯяд, “адолат каме ҳам бошад, пирӯз шуд... Ба фикри ман, кормандони милиса бояд нафақат барои дастдарозӣ ба хоҳарон ба муҷозот кашида шаванд, балки барои шиканҷаву бадрафторӣ ҳангоми тафтишот ва берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматиашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Парвандаи Соатоваҳо низ бояд аз нав баррасӣ шавад”.

ТАҶОВУЗШУДАГОНИ ЗИНДОНӢ

Вакилони мудофеъи Соатоваҳо аз рӯйи ҳукми додгоҳи Мирзо Улуғбек ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдаанд, аммо додгоҳи Тошканд ҳам ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузоштааст.

Райҳон Соатова, тибқи ҳукми додгоҳ, ба мӯҳлати 7 солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шудааст. Айни ҳол Райҳон ва кӯдаки вай дар муассисаи ислоҳии ноҳияи Зангиота нигаҳдорӣ мешаванд.

Хоҳари калонии Райҳон – Наргиза, ки ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шудааст, низ феълан дар паси панҷараҳои маҳбаси Зангиота ба сар мебарад.

Аммо хоҳари хурдии онҳо – Хосият, баъд аз ҳодисаи таҷовуз ба номусаш ҳангоми тафтишот, ду моҳ дар беморхона бистарӣ буд. Додгоҳ ӯро низ ба 6 соли зиндон маҳкум кард, аммо пас аз супурдани як миллион сӯми узбакӣ, муодили 500 доллари амрикоӣ ҷарима, ба вай ҷазои шартӣ татбиқ шуд ва ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG