Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба Эмомалӣ Раҳмон (Апрели соли 1997)


Ҳарчанд сӯиқасди 30-юми апрели соли 1997 ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ёди бисёриҳо рафтааст, он дар таърихи навтарини Тоҷикистон як нишонаи марҳилаӣ буд, ки фоли вижагиҳои сиёсии дарозмуддат дар кишварро боз кард.

"ҶАШНЕ БО РАНГИ СИЁҲ"

Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) бо тӯдаи ҳамроҳонаш ва дар ҳалқаи мизбонон дар шаҳри Хуҷанд ба бинои Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ наздик мешуд, касе аз байни анбӯҳи пешвозгирандагон ба сӯи ӯ норинҷаки дастӣ партофт. Ҳанӯз атрофиён чизеро дарк накарда, садои таркиш баланд шуд ва дуди ғализи сиёҳ ва фиғону фарёд ба ҳаво бархост.

Вазири маорифи вақт, Мунира Иноятова, ки бо раисиҷумҳур ба ҷашни 65-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омада буд, низ захмӣ гашт. Вай аз он воқеа ин гуна ёд мекунад: "Мардуми зиёде ҷамъ шуда буд ва ҳама хурсанд буданд, ки ҷашн доранд. Мутаассифона, ҷашн як ранги сиёҳе гирифт, зеро ба сардори давлат сӯиқасд шуд ва дар он на фақат сардори давлат ва роҳбарон, балки мардуми одӣ ҳам захмӣ гашт."

Муҳофизони президент ба самти он бахши издиҳом, ки аз он ҷо норинҷак парид, тирҳо андохтанд. Як муаллимаи 30-сола ва як донишҷӯи 17-сола дар ҷои воқеа кушта, ва наздик ба 80 нафар аз мардуме, ки рӯ ба гурез ниҳода буд, захмӣ шуданд.

Абдусабури Абдулваҳҳоб он вақт донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи Хуҷанд буд: "Бале, мардум бисёр буданд. Устодони донишгоҳ як саф гирифта буданд ва дар сафи дувум кормандони мақомоти қудратӣ. Вақте ки президент аз тарафи донишгоҳ ба тарафи театр меомад ва дар роҳ бо мардум саломуалек мекарданд, баногоҳ як таркиши хеле пасте шунида шуд, мисли таркиши "хлопушка". Чанд нафар аз по афтоданд. Баъд садои тирпарониҳои зиёд ҳам шуд."

Дертар рӯшан гардид, президент зиндааст ва танҳо аз пой маҷрӯҳ шудааст. Ҳамроҳи ӯ чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Собиқ вазири умури дохилӣ Ёқуб Салимов дар як номааш аз ин рӯйдод ёдовар шуда, менависад, вай бо ҷисми худ Раҳмонро пӯшонд ва чанд порча оҳан ба тахтапушташ хӯрдааст.

ГУЗИНИШИ ПАЙТ

Ҳамла ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 дар таърихи ҷаҳонии сӯиқасдҳои ноком дар паҳлӯи кӯшишҳои қатли раҳбароне қарор дорад, чун президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷералд Форд, раисиҷумҳури Гурҷистон Эдвард Шеварднадзе, диктатори Чилӣ Пиночет, президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов, сарвазири ҳинд Роҷив Гондӣ, подшоҳи Урдун Малик Ҳусайн, ноиби сарвазири Ироқ Тариқ Азиз ва чанде дигар.

Ҳарчанд тафовут байни ин сӯиқасдҳо зиёд аст, ҳамаи онҳо як пайванд доранд, ки дар ҳассостарин ва муҳимтарин лаҳзаи таърихи ҳукумат ва кишвари онҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Сӯиқсад ба Раҳмон дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки кишвараш дар ҳоли ҷанг бо мухолифони мусаллаҳ буд ва дар ҳоли таъини охирин шартҳои сулҳ бо онҳо.

Аз сӯи дигар, ин як давраи авҷи талошҳои ӯ ба таҳкими қудрати шахсияш буд, ки пас аз интихоботи моҳи ноябри соли 1996 зарбхӯрда намудор мешуд.

Ҳарифаш дар сабқати президентӣ, сарвазири собиқ, Абдумалик Абдуллоҷонов худро барандаи воқеии интихобот ва Раҳмонро ғосиби қудрат меномид. Афзун бар ин, Абдуллоҷонов аз тарафи бахши мардум вориси сулолаи Хуҷанд ба шумор мерафт ва ақидае роиҷ буд, ки дар мавҷи ҳасрати мардум дар ҳаққи оромию рифоҳи замони шӯравӣ пирӯз гаштааст.

Аз ин лиҳоз Абдуллоҷонов барканории худро аз мақоми салоҳиятманди сарвазирӣ як марҳилаи интиқоли комилтари қудрат ба элитаи Ҷануб мешумурд. Ин нукта ва иттиҳомоти ширкати чеҳраҳои зиёди чӣ сиёсӣ ва чӣ ҷиноии Хуҷанд дар сӯиқасди 30-юми апрел талоши сулолаи Хуҷанд дар ҳифзи қудрат низ номида шудаанд. Ниҳоят, он метавонад, оғозгоҳи ихтилофи Русия ва Узбакистон дар масъалаи нафари аввали Тоҷикистон ва сардӣ дар муносибатҳои Раҳмонов бо президенти Узбакистон Ислом Каримов низ шумурда шавад.

Каримов дар давраи омодагиҳо ба интихобот бо истифода аз мақомоти олии Русия Тоҷикистонро маҷбур ба сабти номзадии Абдуллоҷонов кард. Тошканд ҳарчанд ба Абдуллоҷонови давраи Ҳукумати муросои миллӣ мухолифати шадид дошт, акнун аз ӯ ҳимоят мекард.

ОШӮБ ДАР МАҲБАС

Сӯиқасд ба Раҳмон дар маркази Хуҷанд пас аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси ин шаҳр ба амал омад. Аз 14 то 17-уми апрели соли 1997 садҳо нафар дар ин маҳбас бо талабҳои беҳбуди шароити нигаҳдошт ва табобати таъҷилии маҳбусони бемор, муҳокимаи зудтари айбдоршавандагон ва мухолифат ба интиқоли бархе аз онҳо ба маҳбасҳои Ёвону Душанбе шӯриш бардоштанд.

Ҳукумат бо интиқоли нерӯ аз Душанбе ва тирборони бераҳмонаи ошӯбгарон исёнро фурӯ нишонд. Ба хабари манобеи гуногун, дар амалиёти нерӯҳои таъиноти махсуси артиши Тоҷикистон ва нишонзанҳои он 158 маҳбус кушта ва қариб 200 тан аз онҳо захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон чеҳраҳои саршиноси олами ҷиноӣ низ буданд ва гуфта мешавад, шӯришро маҳз онҳо ба роҳ монданд, то аз интиқол ёфтанашон ба Ёвон ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳоле ки баъдҳо асосан олами ҷиноӣ масъули сӯиқасд номида мешуд, дар ибтидо мақомоти давлат партоби норинҷакро ба тарафи раисиҷумҳур Раҳмон ба Абдуллоҷонов ва тарафдорони ӯ нисбат доданд. Ҳарчанд, ба гуфтаи таърихнигори тоҷик Нуралии Давлат, дертар ин иддао расман такрор нашудааст, барои бисёриҳо сӯиқасди Хуҷанд таҳтушшууран ҳамеша ба номи Абдуллоҷонов рабт гирифтааст.

Дар баробари ҳабси гурӯҳе аз сарони олами ҷиноии Хуҷанд, бародари Абдуллоҷонов -- Абдулҳафиз Абдуллоев низ боздошт шуд. Яке аз далелҳо, ки дар додгоҳ садо дод, ин буда, ки Абдуллоев бо Хуршед Абдушукуров, мавсум ба "Тайсон", шиносоӣ доштааст. Аммо хешовандони Абдуллоев мегӯянд, ӯ танҳо боре барои ҳалли як баҳс миёни Хуршед ва ҳамсояи вай бо "Тайсон" мулоқот кардааст.

ХУРШЕД-ТАЙСОН

Хуршед -- Тайсон барои он масъули сӯиқасд шумурда мешуд, ки дар ошӯби маҳбас бародари ӯ Ҷамшед ва чанде аз шариконаш ба ҳалокат расиданд. Олами ҷиноӣ гӯё мехост, бо ин роҳ аз мақомоти давлат интиқом ситонад.

Ба ин тартиб, таҳқиқи ҷиноӣ ва ҳукмҳои додгоҳ се рӯйдоди ҷудогонаро ба ҳам пайванд дод -- ошӯби 14-17-уми апрел дар маҳбаси Хуҷанд, сӯиқасди 30-юми апрел ба ҷони раисиҷумҳур Раҳмон ва тазоҳуроти густардаи зиддиҳукуматӣ дар маркази Хуҷанд дар нимаҳои моҳи май.

Аммо Нуралии Давлат мегӯяд: "Аслан иртиботе ки вуҷуд дорад, иртиботе, ки исбот шудааст, маҳбас, бародари Тайсон ва худи Тайсон аст, силсилаест, ки ин ду чизро ба ҳам мепайвандад."

Дафъатан ҳадафи нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтани олами ҷиноӣ дар симои шабакаи Тайсон ин нуктаро тасдиқ мекунад. Ҳамлаи нишонгирона ҳамчунин метавонист натиҷаи шиносоии бевоситаи вазири вақти умури дохилӣ Ёқуб Салимов бо олами ҷиноӣ буда, пурсишеро халқ кардааст, ки чаро аз чандин гурӯҳи муташаккили ҷиноии шимоли кишвар, ки низ намояндагонашон дар ошӯби маҳбас кушта шуданд, маҳз дастаи Тайсон нишон қарор гирифт?

Вақте ки нерӯҳои давлат барои ҳабси гурӯҳи Хуршед - Тайсон Абдушукуров ба деҳаи Қистакуз ё Хеставарз омаданд, ин гурӯҳ силоҳ дар даст аз худ дифоъ кард. Чандин нафар аз ҳарду ҷониб ба ҳалокат расид ва Хуршед ё "Тайсон" дар охирин лаҳза худкушӣ кард. Як узви дигари гурӯҳ низ норинҷакеро мунфаҷир карда, худро ба ҳалокат расонд.

ОЛАМҲОИ ШАБЕҲИ ҲАМ

Нуралии Давлат эҳтимоли истифодаи пайти муносиб ва хашми сарони олами ҷиноӣ аз тарафи сиёсатмадоронро низ рад намекунад. Далелҳои чунин иртибот маълум нашудаанд, аммо пайомадҳои чунин ҳадс рӯшан ба мушоҳида расидаанд ва ҳам аз оғози солҳои 1990 ба ин сӯ пайванди сиёсатмадорон ва сарони олами ҷиноӣ ба падидаи муқаррарӣ табдил ёфта буд.

Нерӯҳои амниятӣ на танҳо афроди мансуб ба олами ҷиноӣ, балки куллан чеҳраҳои саршиноси мӯътаризи Шимолро низ ҳадаф қарор доданд.

Раиси ҷумбиши сиёсии "Тозадастон" Мӯъминҷон Қодиров, баъд аз он ки дар моҳи май дар Хуҷанд тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ барпо кард, 6-уми июни соли 1997 бо иттиҳоми даст доштан дар сӯиқасд ба ҳабс гирифта шуд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки вай монанди гумонбаршудагони дигари наздик ба Абдуллоҷонов аз кишвар фирор накарда, балки баракс ошкоро ба майдони рақобатҳои сиёсӣ баромада буд. Қодиров дертар бо иттиҳоми ғоратгарӣ маҳкум ва дар моҳи январи соли 1998 тибқи қонуни афв ба озодӣ баромад.

Икром Ашӯров, аз сухангӯёни дигари тазоҳуроти моҳи майи Хуҷанд, ки аввал ҳамчун тарроҳи ошӯби маҳбас боздошт шуда буд, бо иттиҳоми ғоратгарӣ маҳкум гашт.

СӮИҚАСД ВА РАВАНДИ СУЛҲ

Ҳарчанд таърихи гузашта "агар" надорад, вале метавон ҳадс зад, ки дар ҳоли комёбии сӯиқасд вазъ дар Тоҷикистон метавонист, комилан ба ҳарҷу марҷ фурӯ равад. Биноан, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ ноиби раиси Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, ки он вақт раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин иттиҳод дар гуфтушунид бо ҳукумат буд, мегӯяд, мухолифон хостори чунин сӯиқасд набуданд.

Вале 16-уми апрели соли 1997 гуфтушунид қатъ гашта буд. Дар моҳҳои апрел ва майи он сол Толибон барои муддати кӯтоҳ шаҳри Мазори Шарифро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Фишори ҳукумати Раббонӣ ва Эътилофи Шимол, Эрон ва Русия ба Иттиҳоди оппозисюни тоҷик рӯ ба афзоиш дошт. Дар чунин ҳолат аз байн рафтани раҳбари аввали кишвар пайомадҳои асафбор дошта метавонист.

Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд: "Бисмиллоҳи раҳмонир-раҳим. Ба қаноати ман, ин як навъ "разборка"-ҳои дохилии ҳамонвақтаи байни онҳое буд, ки ҳукуматро гирифта буданд. Сабаб ҳам ин буд, ки гурӯҳи сеюм пайдо шуда буд ва он бисёр мехост, нуфузи худро намоиш диҳад. Ин гурӯҳ бо сарварии Абдуллоҷонов мехост, дар музокироти сулҳ ширкат кунад. Президенти Узбакистон ҳам аз мо хоҳиш карда буд, ки ин гурӯҳро ба расмият шиносем ва ба гуфтушунид даъват кунем. Мо гуфтем, мухолиф нестем, аммо бояд ризоияти тарафи ҳукумат низ бошад. Мо хостори ин будем, ки ягон гурӯҳ канор гузошта нашавад, то баъдан мушкилоту ноамнӣ эҷод накунад."

Таври маълум, тарафи ҳукумат ва шояд бо ишораи Маскав ҳузури ин гурӯҳро дар гуфтушунид напазируфт. Баъдан "нерӯи савум" бо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев тақвият ёфт ва дарвоқеъ "мушкилоту ноамниҳо" эҷод кард.

ПЕШМАТНИ МАРҲИЛАИ НАВ

Ба ин тартиб, сӯиқасди 30-юми апрели соли 1997 аз як сӯ посухи олами ҷиноӣ ба саркӯби ошӯби маҳбусони бонуфуз шумурда мешавад, аз сӯи дигар охирин қатра ва баҳонаву пешматни шикасти гурӯҳи нави мухолифони сиёсӣ, ки сарвару афроди он дар гузашта бахше аз худи ҳукумати Раҳмон буданд.

Дар давоми як соли баъдӣ сокинони Хуҷанд Фирдавс Дӯстбобоев бо иттиҳоми партоби норинҷак, Ҷумъабой Ҷӯраев, Илҳом Додоҷонов, Бӯрӣ Акбаров, Юсуф Полвон ва Аюб Аброров ҳамчун аъзои дастаи ҷиноии "Тайсон", Абдулҳафиз Абдуллоев ҳамчун бародари Абдуллоҷонов ва занҷираи пайванд бо гурӯҳи "Тайсон" ба қатл маҳкум шуданд.

Боздошти гумонбаршудагони ширкат дар сӯиқасд чандин соли дигар идома кард. Дар моҳи июни соли 2002 собиқ раиси вилояти Суғд (он замон Ленинобод) Абдуҷалил Ҳомидов бо як силсила иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар сӯиқасд ба Раҳмон ба 15 соли ҳабс маҳкум гашт.

Дертар, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Исматулло Ҳабибуллоев ва ё Исмати Овулиро, ки дар ҳамдастӣ бо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор мешуд, низ бо иттиҳоми ширкат дар сӯиқасди 30-юми апрели соли 1997 ба 25 соли ҳабс ҳукм кард.

Ба сурати умум, бино ба иттилои Созмони Дидбони ҳуқуқи инсон дар робита ба сӯиқасд аз 200 то 280 нафар боздошт ва муҷозот шуданд.
XS
SM
MD
LG