Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти вазирони хориҷаи САҲА дар Алмаато


Роҳҳои идомаи муколама дар масоили амният, вазъи Қирғизистон ва муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоили калидии нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупост, ки имрӯз дар шаҳри Алмаато ба кор шурӯъ кард.

Дар назар аст, Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон дар нишасти гайрирасмии вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Алмаато суханронӣ кунад. Ҳамчунин ба дунболи раисиҷумҳур Қанот Савдобоев - раиси кунунии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Петрос Эфтимиу - раиси маҷмӯи парлумонии ин созмон ва Марк Перрен де Бришамбо - дабири кулли ин созмон дар нишаст суханронӣ хоҳанд кард.

Иҷлоси созмон аз ду бахш иборат аст. Бахши аввали ҷаласа ба мавзӯи роҳҳои минбаъдаи идомаи муколама дар масоили амният ва бахши дуюм ба вазифаҳои нишасти пешниҳодшудаи сарони кишварҳои узви САҲА ихтисос дода шудаанд. Вале ҳамаи ин барномаҳо дар рӯзи дуюми нишаст доир хоҳад шуд.

Рӯзи аввали ҳамоиш асосан бо мулоқоти раиси кунунии САҲА бо ширкаткунандагони ҳамоиш, яъне вазирон ва муовинҳои вазири хориҷаи кишварҳои узви созмон ва намояндагони баландпояи созмонҳои байнулмилалӣ гузашт.

Ҳамчунин мулоқоти Қанот Савдобоев бо Марк Перрен де Бришамбо, дабири кулли САҲА, Кэтрин Эштон, намояндаи баландпояи созмони Иттиҳоди Аврупо дар масоили хориҷӣ ва амният дар назар гирифта шудааст ва дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш тавофуқномаҳо бо баъзе кишварҳо дар масоили ҳамкориҳои дипломатӣ ба имзо хоҳанд расид.

Тавофуқномаи мубориза бо маводи мухаддир

Аз ҷумла, байни САҲА ва Маркази иттилоотии минтақаи Осиёи Марказӣ дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.

Вале ҳадафи асосии иҷлоси ғайрирасмии вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲА, тавре Қанот Савдобоев, раиси кунунии ин созмон гуфт, дар ҳамоиш бояд тасмим ҷиҳати пиёда кардани ибтикороти Нурсултон Назарбоев ҷиҳати гузаронидани нишасти сарони кишварҳои узви САҲА дар Остона гирифта шавад.

Тавре аҳли назар мегӯянд, агар чунин тасмим гирифта шавад ва дар Остона ин ҳамоиши бузург доир гардад, инро метавон ба андозае пирӯзии дипломатияи Қазоқистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ҳисобид. Зеро таи баъди анқариб 10 сол баъди Туркия Қазоқистон имкон дорад дуввумин кишваре гардад, ки чун сарвари созмон чунин нишастеро бо ширкати сарони 56 кишвари узви САҲА доир созад.
XS
SM
MD
LG