Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ аз САҲА барои ҳалли мушкили қаторҳо кумак хост


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостааст, то барои ҳалли мушкили ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон мусоидат кунад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони умури хориҷаи созмон дар шаҳри Алмаато, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, “мо аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мехоҳем, иқдомоти мушаххас барои ҳалли мушкилоти транзитӣ, иртиботӣ ва нақлиётӣ биандешад ва аз ҷумла иҷрои меъёрҳои байналмилалии транзит аз тарафи кишварҳои узвро назорат кунад.”



Аз моҳи январи соли равон то кунун Узбакистон дар транзити вагонҳои Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст. Мақомоти Ӯзбакистон сабаби боздошти вагонҳои Тоҷикистонро ба корҳои таъмирӣ ва зарфияти маҳдуди роҳҳои оҳани худ рабт медиҳанд.

Вале Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон бо баҳонаҳои мухталиф садҳо қатори Тоҷикистонро дар қаламраваш нигаҳ медорад, то ба ин васила Тоҷикистонро таҳти фишор қарор диҳад ва водор кунад, ки аз идомаи сохтмони Роғун даст бардорад.

Тоҷикистон аз боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон ва дар фасли кишти баҳорӣ сари вақт нарасидани маводи сӯхт ва таҷҳизот даҳҳо миллион доллар хисорот дидааст.

Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон, собит кардани ин хисорот маҳз ба кутоҳии Узбакистон кори мушкил аст. Ҷониби Узбакистон ин хисоротро таъйид кардааст.

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, пофишориҳои ахири Ислом Каримов дар мулоқоти рӯбарӯи бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи манъи қаторҳои ҳомили коло барои нерӯгоҳи Роғун далели он аст, ки ин иқдоми Узбакистон ҷуз аз ҳадафи сиёсӣ чизи дигареро ба дунбол надорад.
XS
SM
MD
LG