Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразил ба зани эронии маҳкум ба марг паноҳ медиҳад


Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ
Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ

Раисиҷумҳури Бразил Луиз Инасио Лула да Силва ба зане, ки бо ҷурми зино дар Эрон маҳкум ба сангсор шудааст, пешниҳоди паноҳгоҳ кард. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳукми сангсори Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ, зани 43-сола ва модари ду фарзанд эътирозҳои густардаи байнулмилалиро ба дунбол дошта ва бар асари даъватҳои ҷаҳонӣ, Теҳрон иҷрои ҳукмро ба таъвиқ гузоштааст.

Президент Лула ҳангоми суханронӣ дар шаҳраки Суритибаи Бразил гуфт, омодааст, барои наҷоти зани маҳкум ба сангсор аз дӯстии хусусии хеш бо раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмаднажод истифода кунад:

"Дӯстии ман бо раисиҷумҳури Эрон ва таваққӯи ман аз ӯ ва аз мардуми Эрон бароям иҷоза медиҳанд, бигӯям, ки агар ин зан боиси мушкилоти Эрон шудааст, мо омодаем, аз ӯ дар Бразил пазироӣ кунем."

99 шаллоқ ва сангсор барои зиногарӣ

Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ аллакай, баъд аз исботи гуноҳаш, яъне зиногарӣ ё хуфтухез бо марди бегона, 99 шаллоқ зада шуд. Аммо парвандаи ӯ дар додгоҳи Табрез дубора ва замоне аз сар гирифта шуд, ки Сокинаро дар куштори шавҳараш низ айбдор карданд. Иттиҳоми нав сабаб гашт, ки дигарбора ӯро зимни парвандаи зиногарӣ ба сангсор маҳкум кунанд.

Мудохилаи президенти Бразил ба сарнавишти Сокина дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Эрон зери даъватҳои созмонҳои байнулмилали ҳуқуқи инсон, Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар иҷрои ҳукми сангсори Оштиёниро ба таъхир гузоштанд ва сӯҳбат аз бознигарии ҳукм меравад.

Вакили мудофеи хонуми Оштиёнӣ Муҳаммад Мустафавӣ мегӯяд, вай хушбин аст, ки бознигарии парванда ба "кобусҳои чандинсолаи Оштиёнӣ аз эҳтимоли марг дар зери сангсор" хотима хоҳад дод. Вале созмонҳои ҳуқуқи башар ҳамоно нигаронанд, ки ҳукми эъдом бо чораи дигаре амалӣ хоҳад гашт. Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, се маҳкумшудаи сангсор соли гузашта дар Эрон ба дор кашида шуданд.

Мудохилаи Лула ҳамчунин аломати як тағйири мавзеи ӯ низ мебошад. Вақте ҳафтаи гузашта дар номаҳое аз тариқи интернет аз ӯ хостанд, ба қазия дахолат кунад, гуфт, вай наметавонад, аз раҳбари кишвари дигар дархости нодида гирифтани қонунҳои он кишварро кунад.

Вакили Оштиёнӣ бенишон шуд

Ва тағйир дар мавзеъгирии президенти Бразил дар ҳоле ба амал меояд, ки тарҳимҳои наве зидди барномаи ҳастаии Эрон эълон шуда, инчунин вакили мудофеи Оштиёнӣ бенишон гаштааст. Мақомот ҳукми боздошти Мустафавиро содир карданд ва баъд аз ғайб задани ӯ ҳамсару додарарӯсашро ба ҳабс гирифтанд.

Мустафавӣ дар оҳанги байнулмилалӣ гирифтани парвандаи Оштиёнӣ нақши марказиро бозидааст. Вай ҳамчунин ду фарзанди Оштиёниро водор кард, барои озодии модари худ мубориза кунанд.

Рӯзи шанбе ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Лондон номаи Оштиёниро ба нашр расонданд, ки наивштааст, "аз рӯзе, ки ҳукми сангсор гирифтаам, гӯё ба умқи чоҳе афтодаам ва беҳушам. Ман аз марг метарсам. Ба ман кӯмак кунед, зинда монам ва фарзандонамро ба оғӯш гирам..."
XS
SM
MD
LG