Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Байден ба Бағдод


Дар пешорӯи маросими ба итмом расидани амалиёти низомии Амрико дар Ироқ, ки карор аст рӯзи 1-уми сентябр доир шавад, Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури ИМА бо як сафари гайримунтазира вориди Бағдод шуд. Интизор меравад, ки ӯ бо мақомоти баландпояи ироқӣ мулоқоту гуфтугӯ анҷом диҳад.

Ёсин Маҷидӣ, ёвари Нурӣ Ал-Моликӣ нахуствазири Ироқ хабар дод, ки нахуствазир ва Ҷон Байден рӯзи сешанбе барои баррасии ба гуфтаи ӯ “вазъи сиёсӣ, хуруҷи нерӯҳо ва таҳвили масъулияти таъмини амниятӣ ба ироқиҳо” мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Анҷоми маъмурияти низомӣ

Инчунин интизор меравад, ки Ҷое Байден зимни сафараш бори дигар аз мақомоти Ироқ талаб кунад, то дар ниҳоят, ҳукумати навро ташкил диҳанд. Бо гузашти шаш моҳ аз интихоботи парлумонӣ, ин кишвар дар бумбасти сиёсӣ қарор дорад ва аҳзоби сиёсӣ наметавонанд ҳукумати навро таьсис диханд.

Маросими рӯзи чаҳоршанбе, оғози ба ном амалиёти “Тулӯъи нав” хоҳад буд. Яъне маъмурияти низомии Амрико дар Ироқ хотима ёфта, маъмурияти бештар иҷтимоӣ оғоз мешавад.

Айни ҳол дар ин кишвар 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки ба тамрини ҳарбиёни ироқӣ машғул хоҳанд шуд. Ироқу Амрико созишнома дар бораи амниятро имзо кардаанд, ки тибқи он то охири соли 2011 хуруҷи пурраи нерӯҳои ИМА аз Ироқ ба итмом мерасад.

Бумбасти сиёсӣ дар Ироқ

Ин дар ҳолест, ки генерал Рей Одиерно, фармондеҳи артиши Амрико дар Ироқ, дар мусохиба бо хабарнигори рӯзномаи “Ню Йорк таймс” дар мавриди бумбасти сиёсии Ироқ бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки умедвор аст, музокирот дар бораи таъсиси ҳукумати нав бо муваффақият анҷом меёбад.

Ба гуфтаи генерал, ба сиёсатмадорони ироқӣ барои расидан ба созиш дар бораи хукумати эьтилофй шояд аз шаш то ҳашт ҳафтаи дигар зарур бошад. Агар гуфтушунид натиҷае надиҳад, эҳтимол аст, ки интихоботи нав доир шавад. Одиерно гуфтааст, бумбасти сиёсӣ дар Ироқ, демократияи ҷавони ин кишварро дар хатар мегузорад.

Ӯ афзуд, ки артиши Амрико дар тӯли солҳои ҷанг дар ин кишвар аз соли 2003 таҷрибаҳои мушкилеро аз сар гузаронидааст чун дар оғоз онҳо дар бораи он кишваре, ки воридаш шудаанд, такрибан иттилое надоштанд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ваъда дода буд, ки то 31 август амалиёти низомӣ дар Ирокро хотима дода, қисмҳои ҷангии нерӯҳояшро аз он кишвар фаро мехонад. Ӯ тааҳудоташро иҷро кард ва дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябр ҳизби демократ аз ин вазь истифода хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар маросими рӯзи 1-уми сентябр, Барак Обама дар бораи расман хотима ёфтани фарохони артиш суханронӣ кунад.

Ироқ ҳанӯз ором нест

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар муқоиса бо солҳои 2006 ва 2007, сатҳи хушунат дар Ироқ ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст, аммо хушунатҳо камокон идома дорад.

Ҳамин тавр, рӯзи душанбе “минтақаи сабзи” Бағдод, ки амнтарин минтақаи ин шаҳр маҳсуб мешавад, мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Ба ин минтақа, ки биноҳои ҳукуматӣ ва сафоратхонаҳо ҷойгиранд, як гурӯхи номаълум ду мушак партоб кард.

Дар ду моҳи гузашта ба сӯи “минтақаи сабз” ва фурудгоҳи Бағдод наздик ба 60 мушак партоб шудаааст. Ва дар натиҷаи бомбгузорихои интиҳории рӯзи 17-уми август 57 нафар кушта шуданд.

Рӯзи 25-уми август, дар натиҷаи инфиҷори як худрави дигар дар назди постгоҳи полис, 60 каси дигар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG