Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков чаро барканор шуд?


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, шаҳрдори Маскав Юрий Лужковро барои аз даст додани эътимоди раисиҷумҳур аз мақомаш барканор кард. Ду моҳи охир Лужков ҳадафи танқид қарор дошт ва бархе аз коршиносон мегӯянд, сабаби ҳамлаҳо ба Лужков наздикии ӯ ба сарвазир Путин ва интихоботии соли 2012 аст.


Путин дар гузашта борҳо аз Лужков ҳимоят кардааст.


Бархе аз таҳлилгарон вазъи пешомадаро "инқилобӣ" унвон кардаанд. Аммо бархи дигар, ба вижа тарафдорони президент Медведев ин барканориро як иқдоми мантиқӣ номиданд. Онҳо мегӯянд, агар Медведев дар андешаи даври дувуми раёсатҷумҳурӣ бошад, бе барканории Лужков аз мақоми мири Маскав, наметавонад, роҳи ҳамворе дар пеш дошта бошад.

Ин воқеа дар берун аз Русия низ таваҷҷӯҳро ба худ кашидааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, ки зимни баъзе аз ақидаҳо гӯё Лужков дар сарнавишти бархе аз мансабдорони тоҷик нақши умда дошт ва аз ҳомиёни онҳо ба шумор мерафт. Ва ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик дар Маскав баёнияҳои тоҷикситезонаи Лужковро фаромӯш накардаанд.

Барканории дарозумтарин шаҳрдори Маскав

Он чи ки ҳафтаҳои ахир зиёд вирди забонҳо буд, ниҳоят рух дод: дарозумртарин шаҳрдори Маскав, муаллифи бозсохти симои пойтахти Русия, яке аз сарватмандтарин мақомдорони ин кишвар, Юрий Лужков на бо хости худ, балки бо амри бисёр шадидуллаҳни президент аз вазифа барканор шуд.

Дмитрий Медведев рӯзи 28 сентябр ин амрро дар Чин имзо кард ва гуфт, ки бо сабаби адами эътимодаш ба Лужков ӯро аз ин вазифа маҳрум мекунад. Медведев баъдтар дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, наметавонад бо мақомдоре, ки ба ӯ эътимод надорад, кор кунад.

Маъракаи зидди Лужков якчанд ҳафта пеш бо намоиши филми мустанади "Дело в кепке" шурӯъ шуд. Ин филм ҳамчун аломати рӯшани омодагиҳои Кремлин барои аз мақом дур кардани шаҳрдори Маскав пазируфта шуд. Вале шояд на ҳама бовар доштанд, ки Лужков маҳз
Саймуддин Дӯстов
бо чунин шева аз мақом барканор мешавад. Чунки ӯ то охирин лаҳза мегуфт, ки ҳеҷ барномаи канор рафтан аз ин мақомро надорад ва гузашта аз ин, рӯзи душанбе баъди бозгашт аз мураххасии кӯтоҳмуддат гуфт, ки бо рӯҳи тоза ба кор баромадааст.

"Барканории Лужков таъсире дар муодилоти сиёсии Тоҷикистон надорад"

Назари маҳфилҳои сиёсӣ ба барканоршавии Юрий Лужков дар Тоҷикистон ҳамранг аст: Таҳлилгарон мегӯянд, ин таҳаввулот ба сиёсати дохилии Тоҷикистон ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт, вале шояд умедвориҳоеро барои беҳбудёбии мақоми муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскаву Русия ба миён меорад.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси умури равобити Тоҷикистону Русия мегӯяд, яке аз устураҳои побарҷойи муҳити сиёсии Тоҷикистон ин аст, ки ҳар касе бо мақомоти баландпояи Русия, бо Путин, Медведев ё Лужков равобити хуб дорад, метавонад муддаии курсии раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон шавад. Ӯ афзуд, дар асл Лужков сиёсатмадори бонуфузе нест, ки тавонад дар сиёсати бузург таъсиргузор бошад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурӣ мегӯяд, рафтани мири шаҳр аз мақом ба сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон таъсиргузор нест ва ҳеҷ гоҳ набуд:

“Агар шахсияте метавонад ба ин ё он масъала кӯмаке расонад, ин маънои онро надорад, ки вай дар тамоми сиёсатҳо таъсир мегузорад. Албатта, дӯстии раиси шаҳри мо оқои Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва оқои Лужков дар байни мардум овозаҳоеро ба вуҷуд оварда буд, ки гӯё таъсири Лужков ба сиёсати Тоҷикистон зиёд бошад. Вале ин тавр нест. Ин муносибати дӯстонаи онҳо буд ва мемонад ва ба фикрам ин муносибот аз вазифаҳояшон вобастагӣ надорад”.

Таҳлилгар Давлат Усмон мегӯяд, барканории беобрӯёнаи мири Маскав аз мақом метавонад натиҷаи рақобати гурӯҳҳои муайян барои расидан ба қудрат бошад. Аз нигоҳи дигарон, курсии Лужков кайҳост ба гурӯҳҳое лозим аст, ки мехоҳанд бозори калонтарину сердаромадтарини сохтмони Маскавро аз худ кунанд. Бовар меравад, ки тавассути монополияи бозори сохтмон ва ширкати сохтмонии “Интеко”-и ҳамсараш Елена Батурина, яке аз сарватмандтарин занҳои ҷаҳон - хонаводаи Лужков миллиардҳо долларро аз они худ кардаанд.

Муҳоҷирон хушҳолияшонро пинҳон намедоранд

Ба андешаи бисёриҳо, аз шахсиятҳои алоҳида дар ҳукумати Тоҷикистон дида, Лужков пеш аз ҳама ба сарнавишти садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ва шароити буду бошу кори онҳо дар Маскав таъсир гузоштааст. Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз дар даврони раҳбарии ӯ қонунҳои муҳоҷират дар Русия хеле шадид шуда мақоми муҳоҷирони тоҷик дар пойтахти ин кишвар тангтар ва хатарнок гардид.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Маскав хурсандии худро аз барканоршавии Лужков пинҳон накард ва гуфт:

“Ман шахсан бисёр хурсанд шудам, барои он ки ҷаноби Лужков чандин маротиба ҳам тариқи телевизион, ҳам тариқи дигар расонаҳои хабарӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр суханҳои дурушт мегуфт ва гӯё, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик то 50 фисад ҷиноятҳоро содир мекарданд. Ҳарчанд мақомоти вазорати корҳои дохила мегуфтанд, ки аз миёни ҳама ҷиноятҳои дар Русия содиршаванда шояд як дар садашро муҳоҷирони тоҷик кардаанд. Аксари ин ҷиноятҳо марбути бақайдгириву гирифтани иҷозати корӣ мебошанд”.

Вай гуфт, дар аҳди Лужков ҳукумати Маскав чунин шароит фароҳам оварда буд, ки муҳоҷиронро маҷбур мекарданд ба таври ғайриқонунӣ кор кунанд ва пулҳои зиёд аз ҳисоби кори ғайриқонунӣ ҳам ба кисаи корфармоён мерафт. Дар изҳороти худи Лужков ҳам борҳо муҳоҷирони тоҷик ошкоро таҳқир шудаанд. Абдулло Давлатов афзуд, ки солҳои охир то рафт хусумати миёни мардуми бумии Маскав ва муҳоҷирон афзоиш меёфт.

Саймуддин Дӯстов ҳам бо тақвияти ин андеша гуфт:

“Ҷаноби Лужков яке аз нафароне буд, ки дар муҳити сиёсии Русия зиёд ба риштаҳои милливу қавмӣ ва мазҳабӣ нохун заданро дӯст медошт”.

Дар изҳороти Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия изҳори умед мешавад, ки шаҳрдори нави Маскав ба коҳиши рӯҳияи нажодпарастӣ ва эҷоди равобити хуби корӣ дар асоси қонунҳои Русия саҳм хоҳад гузошт.

Ёдгории Лужков дар Душанбе

Бисёр ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, умедворанд, ки шаҳрдори баъдии Маскав шахси мавриди назари Медведев хоҳад буд, ки ба гуфтаи бархе сиёсати нарм ва башардӯстонаро дунбол мекунад.

Дар зимн, Лужков баъди худ дар Душанбе чанд бинои баландошёнаро ба ёдгор мегузорад, ки гуфта мешавад аз тарафи “Мосгорстрой” бунёд шудаанд. Мегӯянд, қимати манзил дар ин биноҳо камтар аз қиммти хона дар Маскав нест.
XS
SM
MD
LG