Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Расул Боқиев дар “Гран-при”-и Абу-Даби


Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик, 23-юми ноябр, дар мусобиқоти байнулмилалии дзю-до бо номи «Гран-при» дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ноком шуд.

Худойназар Боқиев, падар ва мураббии аввали Расул Боқиев, ба радиои Озодӣ гуфт, Расул дар вазни то 73 килограмм нахуст бар рақибаш Ҷиованни Ди Кристо, аз Итолиё, ғолиб омад, вале баъдан аз гуштигири ҳолландӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум гашт.
Дар ин мусобиқот, ки байни мардону занон сурат гирифтааст, 291 варзишгар (187 мард ва 104 зан) аз 54 кишвар ширкат доранд.
Рӯзи охирини мусобиқот – 24-уми ноябр мардон дар се вазн – 90, 100 ва беш аз 100 кг ва занон дар ду вазн – 78 ва беш аз 78 кг рақобат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро танҳо як варзишгар – Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин ва Бозиҳои XVI осиёӣ, намояндагӣ кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 200 ҳазор доллари амрикоист. Варзишгарон, инчунин, барои дарёфти имтиёзҳои феҳраст ё рейтинги ҷаҳонии дзю-до талош хоҳанд кард. Ба ғолиб 200 имтиёз, барои ҷои дуввум 120 ва барои ҷои севум 80 имтиёз дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG