Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: Чаҳор нишони варзишгарони тоҷик дар Чин


Расул Боқиев
Расул Боқиев

Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин нақл мекунем.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVI осиёӣ бо чаҳор медал – 1 нишони тилло ва 3 нишони биринҷӣ дар байни 36 кишваре, ки соҳиби медалҳо шудааст, аз рӯи навъи медалҳо дар ҷои 27-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷои 28-ум қарор дорад.

Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ нахуст паҳлавони тоҷик Расул Боқиеви 28-сола дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 килограмм ҷои саввумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Воқеъан, Расул Боқиев чаҳор сол муқаддам дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ дар ҳамин вазн соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Вай ҳоло барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Лондон – 2012 талош дорад.

Дилшод Назаров
Сипас варзишгари дигари тоҷик Дилшод Назарови 28-сола дар сабқати гурзандозӣ соҳиби нишони тилло гардид. Вай гурзро ба масофаи 76 метру 44 сантиметр ҳаво дод ва соҳиби ҷойи аввал шуд. Дилшод нисбат ба варзишгари эронӣ Кова Мӯсавӣ, ки ҷои дуввумро гирифт, гурзро 7 метру 54 сантиметр дуртар ҳаво дод. Дилшод Назаров дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ барандаи медали тилло шуда буд. Вале ин дафъа натиҷаи ӯ 2 метру 1 сантиметр беҳтар аст. Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ ин саввумин нишони тиллои варзишгарони тоҷик мебошад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Муродҷон Тӯйчиеви 28-сола дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 килограмм барандаи медали биринҷӣ гардид. Муродҷон Тӯйчиев, ки қадаш 1 метру 93 сантиметр аст, дар рақобатҳо дар вазни 120 кг дар чаҳорякфинал бар Ҳодӣ Аоун (Лубнон) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз Дели Лиу (Чин) мағлуб гашт. Баъдан паҳлавони тоҷик барои дарёфти медали биринҷӣ бар Ҳанӣ Марофӣ (Урдун) ғолиб омад ва мақоми саввумро касб кард.

Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонови 24-сола дар сабқати бокс дар вазни то 91 кг дар нахустин рақобаташ бар муштзани Туркманистон Хидир Оразмамедов ба осонӣ дар раунди аввал аз рӯи холҳо бо натиҷаи 24:2 ғалаба кард ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Ҷаҳон барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан аз муштзани Ҳиндустон Манприт Сингҳ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 2:10 мағлуб гашт ва бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Бояд тазаккур дод, Ҷаҳон Қурбонов дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар чаҳор сол муқаддам дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар мақоми 27-ум қарор гирифтааст. Мизбонон - варзишгарони Чин дар ҷои аввал мебошанд. Онҳо беш аз 400 медал ба даст овардаанд, ки нисфаш нишони тиллоист. Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо дар ҷои саввум қарор доранд. Дар байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Эрон, Қазоқистон, Тайван, Ҳиндустон, Узбакистон, Малайзиё ва Тайланд ҷойгир шудаанд. Умуман, варзишгарони 36 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд ва намояндагони 27 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Бозиҳои XVI осиёӣ 27-уми ноябр ба анҷом мерасанд.

Муродҷон Тӯйчиев
Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар панҷ давраи Бозиҳои осиёӣ ҳамагӣ 16 медал- 3 тилло, 2 нуқра ва 11 нишони биринҷӣ ба даст овардаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар бо касби 4 медал – 2 нишони тилло (Дилшод Назаров – гурзандозӣ ва Ҷаҳон Қурбонов - бокс) ва 2 нишони биринҷӣ (Расул Боқиев – дзю-до ва Шокирҷон Раҷабов – таэквон-до WTF) дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 24-ум қарор гирифта буд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон барандагони медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ пешакӣ муайян шуданд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, мисли мусобиқоти соли гузашта соҳиби медалҳои нуқра гардид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, дар соли ҷашни 50-солагиаш медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

Дар бораи бурду бохти мусобиқоти имсола сӯҳбате дорем бо коршиноси соҳа Абдураҳим Бобоев, довари дараҷаи байнулмилалӣ оид ба футбол.

Дар мусобиқоти имсола дастаи нави лигаи олӣ - «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар байни беҳтаринҳо ҷойгир шуд, бо ҷалби аз ҳама бештари мухлисонаш ба тамошои бозиҳо дар майдони худ коршиносону мутахассисони соҳаро ба ваҷд овард. Пас аз бозии охирини дастаи «Хайр» бо тими меҳмон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби бузурги 4:1 ба анҷом расид, мо бо устоди варзиш Абдуманнон Солеҳов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат, мусоҳиб шудем ва он пешкаши шунавандагон мешавад.

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон веломарафон ё пойгаи дучархасаворӣ баргузор шуд.
Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, оммавӣ гардидани навъи варзиши велосипедронӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии аз лиҳози экологӣ безарар гузаронида шуд.

Ба иттилои Дилшод Қурбонов веломарафон, ки аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шурӯъ шуда, масофаи 21 километрро дар бар гирифт, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба анҷом расид. Ҳамкори мо Фирӯз Баротов дар ҷараёни пойга бо чанд аз иштирокдорони веломарафон ҳамсӯҳбат шуд.

Иштирокдорони веломарафон, ки синнашон аз 16-сола боло буд, бо либосҳои варзишӣ нишонаҳои рамзи Парчами миллиро таҷассум карданд. Сокинони шаҳри Душанбе Ринат Ботершин ҷои аввал, Баҳром Шодиев ҷои дуввум ва Дмитрий Сангинов ҷои саввумро касб намуданд. Кумитаи тадорукоти веломарафон ғолибони пойгаро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонд.

XS
SM
MD
LG