Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳим Масов: “Тоҷик қавму қабила надорад”


Академик Раҳим Масов, Душанбе, 18-уми январи соли 2011.
Академик Раҳим Масов, Душанбе, 18-уми январи соли 2011.

Донишманди тоҷик Раҳим Масов мегӯяд, замине, ки акнун ба Чин дода шуд, таърихан ҳеҷ гоҳ мулки чиноиҳо набудааст.

Номи академик Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, барои аксарияти мардум ошност. Вай бо тадқиқот ва пажӯҳишҳои ҷиддиву доманадори худ, бахусус, дар масъалаи тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна дар оғози асри бист ва ифшои беадолатиҳои таърихӣ дар ҳаққи мардуми тоҷик, ном баровардааст.

Раҳим Масов дар ибтидои сӯҳбат бо РО, ба ин суол, ки чаро имрӯз қурб ва манзалати академик хеле пойин рафтааст, гуфт:

Ҷавоб: Воқеан, академик соҳиби обрӯву эътибори зиёд буд. Солҳои пеш агар барои мулоқот ва суханронӣ чунин нафарон ба манотиқи кишвар сафар мекарданд ё фиристода мешуданд, котиби аввали горком ва ё райком ӯро истиқбол мегирифт. Раисон ҳамроҳи академик мерафтанд ва дар мулоқот иштирок мекарданд.
Ҳозир ҳатто намедонанд, ки бинои Академия дар куҷост ва академик чӣ маъно дорад ва аъзо-корреспондент чӣ асту олим кист. Ин ҳарфҳо дигар нест. Қурби олим паст шудааст. Ҳозир қурби савдогарон, онҳое, ки пул доранд, баланд шудааст. Раҳим Масовро мешиносанд, на ба он хотир, ки ӯ академик аст. Масовро аз рӯи китобҳояш мешиносанд. Вале онҳое, ки ин гуна китобҳоро надоранд, чӣ кор кунанд? Академикҳо ҳастанд дар соҳаи математика, дар соҳаи физика, химия, дар соҳаи забон ва адабиёт, дар соҳаи таърих. Лекин онҳоро намешиносанд. Дар ҳоле ки онҳо бояд шинохташуда бошанд.

Суол: Яъне фикр мекунед афроди тасодуфӣ соҳиби ин унвон шуданд ва аз ин ҷиҳат боис ба обрӯрезӣ шудааст?

Масов: Тасодуфиҳо зиёд шуданд. Дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо низ афроди тасодуфӣ хеле зиёданд. Тасодуфиҳо, фикр мекунед, каманд?
Нафареро ба кор мемонанд, муддате намегузарад мегиранду бо нафари дигар иваз мекунанд. Дар ҳар сурат, дар арсаи илм чунин афрод камтаранд. Барои он ки агар шумо бихоҳед унвони узви вобаста ва ё узви пайвастаи Академияи улумро бигиред, 18-20 сол зарур аст. Дар инҷо намешавад аз кӯча гирифту таъйин кард. Барои мисол, онҳое, ки дар Пажӯҳишгоҳи мо рисола дифоъ мекунанд, хеле сахт заҳмат мекашанд. Бояд, ки рисолааш пурра ва пухта бошад. Мо ҳар як кӯчагардро қабул намекунем. Месанҷем, мебинем.

Суол: Ҳоло президенти Академияи улум ва узви вобаста ва доимии онро низ бо ҳукумат интихоб ва муайян мекунанд. Мегӯянд, ки ин амр боис ба роҳёбии нафарони ношоиста ба ин даргоҳи мӯътабар шудааст...

Ҷавоб: Дар давраи Шӯравӣ президент ва ноиби Академияи улумро ҳукумат пешниҳод мекард, вале интихоб ва тасдиқ тавассути олимони Фарҳангистон сурат мегирифт. Ҳатто нафареро медонам, ки номзадиашро ҳукумат се бор пешниҳод кард, вале раъйи лозимиро соҳиб нашуд ва нагузашт. Академикҳо овоз надоданд, агарчӣ номзадии ӯро ҳукумат пешниҳод карда буд. Ҳоло ин тавр нест, ҳамаро ҳукумат таъйин мекунад.

Суол: Ба назари Шумо, имрӯз фазо ва муҳити сиёсии кишвар то чӣ ҳад барои таҳкими низоми демократӣ муносиб ва созгор аст?

Ҷавоб: Мо ҳоло ба истиқболи бистсолагии истиқлолият таърихи шашҷилдаи халқи тоҷикро ба чоп омода мекунем. Мо, ки ба ин масъала машғулем, ба дигар ҷиҳатҳо кам аҳамият медиҳем. Вале асли гап ин аст, ки дар мо бояд қонун ҳукмрон бошад. Набояд аз боло дастур диҳанду баъд кор кунем.
Тамоми давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Амрико ва давлатҳои аврупоӣ бар пояи қонун фаъолият мекунанд. Айби мо ин аст, ки қонунро намедонем. Бояд ташвиқ ва таблиғи қонунро ба таври васеъ ба роҳ монд. Шаҳрвандон низ аз рӯи қонун кору зиндагӣ кунанд ва давлат низ ин қонунҳоро риоят ва дар доираи он фаъолият намояд. Дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна қавму қабилаҳои гуногун мавҷуданд. Тоҷик қавму қабила надорад. Тоҷик тоҷик аст. Дар мо маҳал аст. Ба мо ҳар зараре мерасад аз маҳалгароист. Ин дигар далели пӯшида нест, ки дар давраи Шӯравӣ аксари роҳбарҳо аз як минтақа буданд. Мегуфтанд, ки кадрҳои “зӯр” дар онҷо буданд. Кадр аз кадом минтақае, ки набошад кадр аст. Кадрҳоро аз рӯи маҳал набояд интихоб кард. Кадрҳо бояд аз рӯи донишу фаҳмиш ва аз рӯи ихтисос ва касбият интихоб шаванд. Ин принсип, ки президент аз ин минтақа интихоб шуд, дигарҳо аз минтақаи дигар интихоб шаванд, дуруст нест. Муҳимтар аз ҳама набояд маҳалгаро буд. Маҳалгароиро бояд барҳам зад. Дар ҳар сурат, барои омода кардани як кадр дар замони Шӯравӣ, ӯ зинаҳои гуногунро тай мекард, то ки омода шавад. Ин усули муфидро бояд истифода кард.

Суол: Баъзеҳо мегӯянд, ки қабза ва тамаркузи қудрат дар дасти як нафар аст ва ин яке аз сабабҳои рушд накардани ҷумҳурӣ шудааст. Шумо чӣ назар доред?

Ҷавоб: Шумо медонед, ки ман бо президент наздик ҳастам. Аз ҳамон давраҳои мушкил, аз ҳамон замони задухӯрдҳо. Бо фармони президент ба баъзе манотиқ сафар мекардам, ки баъзе одамон ҳатто аз дур нигоҳ карда наметавонистанд дар вақтҳои ором кардани ҷумҳурӣ аз ин ҷангу ҷидолҳо.
Дар ҳайъати Комиссияи оштии миллӣ кор кардам. Аммо чи хеле русҳо мегӯянд, «один в поле не воин». Нақши шахсиятро дар таърих наметавон инкор кард. Лекин як нафар ҳамаи масъалаҳоро ҳал карда наметавонад.
Бояд бештари масоилро дастҷамъона ҳал кард. Аз пешбарии кадри хуб набояд ҳарос кард. Дар ҳукумат, дар вазоратҳо бояд, ки кадрҳои хуб кор кунанд. Ҳоло ин раванд дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна мушоҳида мешавад. Бубинед, дар Қазоқистон Назарбоев мехоҳад боз ҳам мӯҳлати раёсаташро тамдид кунад. Оппозитсиюни Қазоқистон ҳар рӯз танқид мекунад. Чӣ мешавад, Худо медонад. Хуб, қирғизҳоро дидем, ки корашон ба куҷо кашид. Мо бояд вазъияти ба амаломада дар ин кишварро биомӯзем ва сабақ бигирем. Аз ин рӯ, шароити ҷумҳурӣ тавре бошад, ки ягон вайронкорӣ нашавад. Шароити хуби зиндагӣ барои мардум, шароит барои савдои озодро фароҳам бояд овард. Пули онҳоро нагиранд, азоб надиҳанд, озодона савдо кунанд ва бигзор бой шаванд. Дар мо аз бой шудан метарсанд. Лекин, ки бой шуд, бойигарашро мегиранд. Аммо ҳар қадаре, ки ин тоифа зиёд шавад, аҳволи мардум беҳтар ва ҳаводиси Қирғизистон дар мо такрор намешавад. Вақте ки як оила ин қадар корҳо кард, бойигариву дигару дигарро ба даст гирифт, гуфтанд нашуд, намешавад. Боқиевро гирифтанду сарнагун карданд.

Суол: Бархе мегӯянд, ки Масов одами мағрур аст, аммо бархеи дигар мегӯянд, ки на, ин мавқеи шаҳрвандии ӯст...

Ҷавоб: Ман аз хурдӣ хислати сар хам кардан пеши касеро надоштам. Ҳам дар мактаби миёна, ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар академия ҳарфамро мезадам. Ман дар хонаи бачагон дар «детдом» бузург шудаам. Касе набуд, ки дастгирӣ кунад. Ҳамаро бо заҳмати худ ба даст овардам. Дар ин вазифае, ки кор мекунам маро интихоб кардаанд. Пештар, дар соли 1991, ин вазифаи интихобӣ, ки буд, аз байни чаҳор нафар бо гирифтани овози бештар роҳбар интихоб шудам. Баъдан, боз се маротибаи дигар такроран интихоб карданд. Бо ҳамин хислату рафторе, ки дорам. Гоҳо ҷангҷол ҳам мекунам, чун агар кор буд нашавад.

Суол: Мегӯянд, ки ҳақорат ҳам мекардед?

Ҷавоб: Хуб, баъзан мешавад. Аммо ҳеҷ гоҳ ба дил намегирам. Гапамро мегӯям рӯирост, вале аз пушт намегӯям. Кина намегирам.

Суол: Шумо дар масъалаи таъйини хатти марз бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон андешаи хоси худро доред. Аз ҷумла, дар бораи он ки дар замони Шӯравӣ ин сарҳадҳо марзҳои давлатӣ набуданд ва сарҳадҳои маъмурӣ буданд. Ҳоло дигар ҳар кадоме аз ин кишварҳо алоҳидаанд. Назаратон имрӯз иваз нашудааст?

Ҷавоб: Ман узви Комиссяи давлатии демаркатсия ва делимитасия бо Узбакистон ва бо Қирғизистон будам. Ин дар давраи роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов буд. Мо пешниҳод кардем, ки он вақт ба масъалаи таъйини хатти марз розӣ хоҳем буд, агар Узбакистон як нуктаро қабул ва эътироф кунад. Агар Узбакистон эътироф кунад, ки шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои таърихиву мадании тоҷикон аст. Инро бояд расман қабул кунад. Пас, дар ин сурат мо демаркатсия мекунем. Вагарна не. Инро Узбакистон қабул накард. Мо ҳам гуфтем, ки намекунем ва имрӯз низ ин корро кардан лозим нест. Ин сарҳадҳо нон намехӯранд. Чин масоили марзиро, ки ҳоло дар миён гузошт, ҳеҷ вақт пеш намеовард. Меистод. Ҳоло, ки Чин хест, бақувват шуд ин масъаларо пеш овард. Он вақте ки Чин заиф буд, хомӯш меистод. Сиёсат ҳамин хел аст. Мо низ хомӯш бояд бошем. Онро насли даҳум меояду ҳал мекунад ва ё баъди он, аммо ҳоло сукут бояд кард. Ҳозир ба ин кор набояд даст зад, чун гуноҳ ва ҷиноят аст.

Суол: Набояд ҳоло марзҳо муайян шаванд?

Ҷавоб: Бале, ҳоло мо марҳзоро муайян намекунем. Чи хеле, ки ҳаст, бояд бетағйир истад. Муайян он вақт мекунем, ки битавонем шарти худро бигузорем. Ҳозир ин марзҳо давлатӣ нестанд, маъмуриянд. Ба ин кор чӣ гуна бояд розӣ шуд? Мо аз Самарқанду Бухоро ва дигар манотиқи тоҷикнишин даст мекашем? Ин аст оқибаташ? Худамон бояд даст бикашем? Бояд имзо кунем? Ин хел набояд бишавад.

Суол:
Яъне пешниҳоди Шумо ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки набояд қабул кунанд?

Ҷавоб: Ҳозир вақти он нест, ки қабул кунем. Вақту соаташ, ки расид, бо шароити дигар ин масъаларо метавон ҳал кард. Ҳоло бигзор истад. Дар қарори тақсимоти ҳудудии соли 1924 навишта шудааст, ки он муваққатист. Барои чӣ ман “Топорное разделение”-ро навиштам? Дар ҳамон қарори тақсимоти ҳудудиву миллии Осиёи Миёна дар соли 1924 навишта шудааст, ки «Это работа было проводенно топором. К этому работу потом мы возврашаемся». Барнагаштанд-ку. Тамом. Дар ҳамон усуле, ки соли 24 буд, чизе иваз нашуд. Ҳоло набояд қабул кард. Ҳамон қарори комиссия ҳам барои ҳозир нодуруст аст. Биёед, аз рӯи қонун кор кунем ва дар асоси он қароре, ки он комиссияи муваққатӣ қабул карда, ки мегуфт, баъд бармегардем ва акнун, ки фурсаташ расидааст, баргардему гирди миз нишаста ба хубӣ ҳал кунем.

Суол: Шумо узви комиссияи вогузории як пораи замини кишвар ба Чин низ будед, аммо дар он имзо накардед, чаро?

Ҷавоб: Чин талаби бештар дошт. Ман розӣ нашудам. Охир, онҳо ягон ҳаққу ҳуқуқи таърихиву қонунӣ надоштанд. Инро исбот кардем ва навиштем, ки чиниҳо ягон ҳақ надоранд. Инҷо ҳудуди қадимиву муқимии тоҷикҳост.

Суол: Ба ҳар сурат, ки гирифтанд...

Ҷавоб: Бале, гирифтанд аммо ман даст намондам.

Суол: Далели шумо чӣ буд, ки имзо накардед?

Ҷавоб: Далел ин ки ин ҷо замини хитоиҳо нест.

Суол: Пас, онҳо барои чӣ даъво доранд?

Ҷавоб: Барои он ки як вақтҳое кадом як лашкаркаши хитоӣ он ҷо омада будааст. Агар ин хел бошад, барои мисол, Чингизхон омаду Осиёи Миёнаро забт карду гирифт. Пас, ҳоло муғулҳо бояд бигӯянд, ки Осиёи Миёна аз мост? Ва ё Наполеон омада то Русияро гирифт, пас фаронсавиҳо бояд гӯянд, ки Русия аз мост? Ин хел намешавад. Вале бо вуҷуди ин мо исбот кардем, ки хитоиҳо ягон вақт ин ҷо наомадаанд. На манзилгоҳ (қабр) ва умуман ҳеҷ нишони таърихӣ аз онҳо дар ин қаламрав мавҷуд нест. Бостоншиносони мо инро собит карданд ва мо дар ин бора навишта ба ҳукумат додем, ки баҳсу мунозира нодуруст аст.

Суол: Он қаламраве, ки додем маъданҳо дошт?

Ҷавоб: Дошт. Кӯҳ бе маъдан намешавад.

Суол: Ба фикри шумо, давлат метавонист ин порча заминро надиҳад?

Ҷавоб: Давлат ҳама чизро метавонад. Метавонист, ки надиҳад. Албатта, метавонист. Намедиҳем ва сабабҳо пеш меовардем, ки онро баъдтар ҳал мекунем. Дипломатия даркор. Дар мо дипломат нест. Дипломат бояд ҳамаи чизҳо, нозукиҳоро донад. Қаблан бо олимҳо маслиҳат карда, баъдан дипломатияро кор баранд. Як баҳонае мебояд карду гуфт, ки баъдтар ҳал мекунем. Чи хеле ки худи хитоиҳо мекунанд. Яъне ба баъд бояд гузошта мешуд. Ин қадар солҳо ин масъаларо ҳал накарданд. Ҳоло ки шароит надорем ва ягон чизамон намерасад, мегуфтем, ки ҳоло не, баъд ҳал мекунем. Розӣ шудан даркор набуд.

Суол: Агар ба ин санад имзо мекардед, номи шумо доғдор мешуд?

Ҷавоб: Албатта. Ягон вақт мегуфтанд, ки як нафар узви комиссия буд ва як сухан кард, ки «хайр, ҳамин кӯҳ будааст, додан гиред». 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, додан гирем, чӣ мемонад? Имзо кардан лозим набуд, чунки ман медонистам, ки баъд як вақт олимҳо онро меомӯзанд. Хитой ҳама вақт ин хел намеистад. Боз дунё чи хел мешавад, вақт нишон медиҳад.

Суол: Шумо ба унвони муаррихи варзида ба таҷлили 2700-солагии Кӯлоб ҳам мухолифат доштед, чаро?

Ҷавоб: Ин як одати бад аст. Масалан, шаҳри Хуҷанд 2500-солагии худро таҷлил кард. Ин таърих аст. Хуҷанд қайд кард, меарзад. Зеро исбот карданд. Вале Кӯлоб чӣ? Яъне онҳо қайд карданд, мо ҳам бояд қайд кунем? Баъд, Ҳисор ё Қӯрғонтеппа даъво мекард, чӣ мешуд? Ё Дарвозу дигарҳо?
Онҳо 2500-солагии худро исбот карданд ва қайд намуданд. Хаттӣ ҳама чизро исбот карданд. Дар ин ҷо ин гуна исбот карданҳо набуд. Рим, шаҳри қадимтарин 2700-сола нест. Гуфтанд, қайд кунем, ки он ноҳия обод шавад. Ман гуфтам, ки ноҳияро бе ин ҳам обод кардан мумкин. Чи зарурат ба ин корҳо? Ноҳияро обод кардан гиред. Барои ноҳияро обод кардан ба мардум дурӯғ гӯем? Илмро масхара кунем?

Суол: Мегӯянд, баъд аз имзо накардани Шумо ба санади вогузории қисмати замин ба Чин шуморо, ки ба ҷаласаҳо даъват мекарданд, дигар даъват намекунанд. Яъне, Шумо аз наздикони президент будеду даъват мешудед, аммо ҳоло баръакс даъват намешавед?

Ҷавоб: Муносибати мо бо президент хуб аст. Президент мумкин мехоҳад, ки ин масоил ҳал шавад. Баъд аз ин боз чанд ордену медал доданд. Ҷашни 70-солагиам таҷлил шуд, президент пуштибонӣ карданд. Шояд ҳоло камтар вақт доранд. Пештар вақте ҷумҳурӣ нотинҷ буд, шароит дигар буд. Гурӯҳҳои мухолиф дар баъзе ҷойҳо ҷойгир шуда буданд. Бо фармони президент он маҳалҳо рафта кор мекардем. Мисол, дар ноҳияи Ванҷ намояндаҳои мухолифин устод Нуриву Саламу дигарҳо буданд, ки онҷо рафтам. Як нафар, ки ҳоло вазифаи баланд дорад ва ҳамроҳи ман буд аз Хоруғ он тараф нарафт, тарсид. Ман гуфтам, биё, равем ман кафолат медиҳам, вале агар маро куштанд, туро низ мекушанд. Нарафт. Танҳо рафтам. Ман аз Ванҷам ва авлодам низ аз ин ҷост. Бобоям дар замонаш қозии Ванҷ будаст. Авлоди намоён. Рафтам наздашон. Ҳама ришҳо овезон.
Гуфтам шумо кӣ ҳастед, як ба афтатон нигоҳ кунед. Чӣ мехоҳед? Гуфтам, тақдири миллат дар он даштҳо ҳал мешавад, дар Ванҷ не. Осмони Ванҷ танг аст. Ин ҷо мардуми бечораро шумо чӣ азият медиҳеду оппозитсия гуфта мегардед. Баъд як сӯҳбати дигар бо Ҷага (Мирзо Зиёев) шуд. Мо бо бародари Салам - Муҳаммадӣ, ки хешутаборӣ дорем (чун Ванҷ як ҷойи хурду танг аст, ҳама ба ҳам хешу таборанд ва ман инро ба президент гуфта будам) дар роҳ будем, ки аз пеш як одам бо мӯйҳои дароз ва ришҳои паҳну парешон пайдо шуд. Дар сари китф автомату пулемёт. Гуфтам ӯ кист? Гуфтанд Мирзо Ҷага ҳамон аст. Наздиктар шуд, ки гуфтам ин ҷо биё, Мирзо Ҷага туӣ? Гуфт, не муаллим, мо Мирзо Зиё.
Гуфт Ҷагаро ба ман ҳукумат ном мондааст. Гуфтам рӯят лахча. Куҳистонӣ охир. Ӯ низ аз Вахё ва кӯҳистонист. Ин номро ба ту мардуми Панҷ додааст. Ёдатон бошад як филми ҳиндӣ буд: Ҷагаву Раҷ Капур дар нақши асосӣ. Ӯ он солҳо киномеханик буда ва худаш ба Ҷага шабоҳат доштааст. Гуфтам, туро пеш аз ин ҳукумат, халқ чунин ном кардааст. Ҳамин тавр, дӯғу пӯписа карда рафтем. Вай ягон гап гуфта натавонист. Баъд гуфтааст, ки ин Масов буд, ман ҳеҷ гап зада натавонистам.

Суол: Шуморо шинохт?

Ҷавоб: Не, вай аз дигарон пурсидааст, ки ман кистам. Чизе нагуфт, ҳарфе назад. Баъд ӯро вазир таъин карданд. Як вақт баъзе чизҳо барои археологҳо даркор шуд. Наздаш рафтам. Ҳама чизро дод. Он ҷо гуфтам, ки акнун гапҳоятро гуфтан гир.

Суол: Сабаби меҳру алоқаи зиёди шумо бо саг чӣ аст? Мегӯянд, ки ҳатто як сагатон бо номи «Лорд» вақте мурд, ӯро гӯронидаед...

Ҷавоб:Ҷаноза не, гӯр кардем. Ҳайкал неву гирди қабрашро панҷара гирифтем ва дар болои қабр навиштем: «Лорд». Ман сагро аз хурдӣ дӯст медорам. Саг беҳтарин дӯсти инсон аст. Вафодор ва ҷоннисор. Ҳозир як саг дорам, ки Чакӣ ном дорад. Чак Норес як ҳунарманди амрикоист. Ба чашматон менигарад, медонед, ки вай чӣ мехоҳад ва ё ман чӣ мехоҳам. Вай мисли он сагҳое нест, ки нони қоқро партоед, давида рафта бигирад. Аввал ин ки сагро нагиред. Вале вақте гирифтед, саг бояд мисли узви оила бошад. Яъне чизе, ки мехӯред, ба саг ҳам бидиҳед. Ба вай нигоҳубин кардан лозим аст. Аслан сагҳоям се-то буд. Яке аз онҳо куҷое рафту барнагашт. Гуфтанд шояд сагбозҳо гирифтанд. Аммо Чакӣ дар дохили панҷара аст, берун рафта наметавонад. Як вақт Кофӣ Аннон, собиқ дабири кулли Созмони милал ба Душанбе омад ва аз осорхонаи бостоншиносӣ дидан кард. Ман ӯро бо ҳамроҳии Чакӣ истиқбол кардам. Як одами мансабдор он ҷо гуфт, ки чаро ин сагро ба ҳамроҳ овардед? Гуфтам, ин саг аз баъзе одамҳои сагмизоҷ хуб аст. Кофӣ Аннон бо саг осорхонаро тамошо кард. Гуфт, ки ӯ ҳам саг доштааст. Бо Чакӣ хеле меҳрубонӣ кард, сарашро сила намуд. Баъд ба он одам гуфтам: дидӣ, ту чиро мефаҳмӣ? Пас аз тамошои осорхона гуфт, ки бо ин саг акс мебардорад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Суол: Вале «Лорд»-ро чӣ гуна гӯронидед?

Ҷавоб: Лорд бемор шуд. Дар 7-ум километри пойтахт дар хонаи академикҳо зиндагӣ мекардем. Аслан вай саги ҳамсоя буд. Аммо ӯро ронданд. Вай як хусусият дошт, ки дар хона намеистод. Дар берун, ки мегашт, касал шуд. Табибро даъват кардем. Гуфт намешавад, гурдааш аз кор мондааст. Хеле азият кашид. Вақте мурд, нисфи одамони он ҳавлӣ гиря карданд. Дар назди ҳамон ҳавлӣ замин буд ва бо бачаҳо ҳамон шаб қабр канда, дар гилем печонида гӯронидем. Рӯи қабрро панҷара гирифтем ва навиштаҷотеро ҳам болои қабраш гузоштем: «Здес похоронен «Лорд», любимая собака академика Масова».

Суол: Боз ба чиҳо шавқу завқ доред?

Ҷавоб: Як вақт як одами баландмақоме гуфт, ки ман занҳоро «нағз» мебинам. Гуфтам занро кӣ «нағз» намебинад? Дар ҷавонӣ як одами зебо будам. Занҳо маро меписандиданд. Лекин бероҳагӣ намекардам. Ҳамеша интихоб буд. Оилаамро, ки баъдан вафот кард, дӯст медоштам.

Суол: Шумо дӯстони зиёд доред?

Ҷавоб: Дӯстҳо ҳастанд. Ҳам дӯстҳо ва ҳам душманҳо. Китобҳоеро, ки навиштам “Таърихи табартақсим”, “Таърихи таҳти мӯҳри комилан махфӣ” ва “Тоҷикон: омезиш ва хориҷшавӣ” ва ғайра, ки на ба ҳама маъқул аст. Кам нестанд онҳое, ки на танҳо дар хориҷ, балки дар дохил низ онҳоро хуш қабул накарданд.

Раҳим Масов

Муҳимтарин осори академик Раҳим Масов дар асари сегонаи ӯ бо номи “Тоҷикон, таърихи фоҷиаи миллӣ” гирдоварӣ шуда, ки дар он китобҳои ӯ “Таърихи табартақсим”, “Таърихи таҳти мӯҳри комилан махфӣ” ва “Тоҷикон: омезиш ва хориҷшавӣ” шомил шудааст. Зери раҳбарии ӯ наздик ба 20 нафар рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Вай ҳамчунин узви Комиссияи давлатӣ дар масъалаи таъйини хутути марз бо кишварҳои ҳамсоя буд, вале ба далели пеш омадани ихтилофи назар аз ҳайъати он берун шуд. Ӯ аз мухолифони тасвиби санади вогузории қисмате аз марзи Тоҷикистон ба Чин аст.
XS
SM
MD
LG