Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи шатранҷбозони ҷавони Душанбе


Мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон бо мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Сардовари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби махсуси шоҳмоти Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт: "Мусобиқа дар шаш гурӯҳ сурат гирифтааст ва дар рақобатҳо 72 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола ширкат меварзанд. Миёни онҳо ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи соли гузашта, ба мисли Асила Мӯҳтоҷзода, Мутрибаи Илҳом, Алишери Мӯъмин, Аминҷон Қобилов, Умар ва Эраҷ Насриддиновҳо, Синои Илҳом ва Озода Мирзоева ҳастанд".

Ба гуфтаи хонум Одинаева мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард. Ғолибони мусобиқаи шаҳрӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷбозони ҷавон, ки моҳи март баргузор мешавад, иштирок намоянд.
XS
SM
MD
LG