Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" барои Ҷоми олӣ талош хоҳанд кард


Бозии тими "Истиқолол" бо "Регар-ТадАЗ"
Бозии тими "Истиқолол" бо "Регар-ТадАЗ"

Бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми кишвар дар соли 2010-ум, ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти порсола, рӯзи 3-юми апрел баргузор мешавад.

Вале макони баргузории ин бозӣ дертар муайян хоҳад шуд.

Ин тасмим дар як ҷаласаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ки бо ширкати намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва аввали кишвар барпо гардид, гирифта шуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ширкаткунандагони ин ҷаласа, инчунин, тарзи баргузории мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии лигаи олии кишварро, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, баррасӣ карданд.

Ҷаноби Давлатов афзуд: "Дар мусобиқоти имсола ба ғайр аз 9 дастае, ки соли гузашта дар лигаи олӣ иштирок доштанд, ҳамчунин, тими «Шодмон»-и Ҳисор, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи лигаи аввал, ширкат хоҳад кард. Дар бораи тарзи баргузории мусобиқаи имсолаи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ пешниҳоди гуногун шуд. Бархе тарафдори дар ду давра гузаронидани мусобиқот, дигарон дар се ва чаҳор давра ҳастанд. Вале мо ба як хулосаи амиқ наомадем. Ин масъала баъди муайян шудани шумораи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқот бори дигар бо намояндагони бошгоҳҳои лигаи олӣ баррасӣ хоҳад шуд."

Ба гуфтаи Шералӣ Давлатов мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо мусобиқот барои Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик, оғоз меёбад. Вай гуфт, 10-уми феврал мусобиқот дар се минтақа - Душанбе, Суғд ва Хатлон шурӯъ мешавад, баъдан 8 дастаи беҳтарин дар марҳилаи ниҳоӣ дар пойтахти кишвар барои Ҷом талош хоҳанд кард.

Шералӣ Давлатов, инчунин, иброз дошт, ки ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон барои дастаҳои лигаи олӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва барои дастаҳои лигаи аввал ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG