Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯзи ғазаб” дар Ироқ


Дар тазоҳуроти Ироқ дастикам 5 нафар ба ҳалокат расид ва ҳадафи гирдоварии садҳо ҳазор нафар амалӣ нагашт.

Субҳи ҷумъа ҳазорҳо нафар ба нишони эътироз алайҳи ҳукумат дар Маркази Бағдод ҷамъ шуданд. Дар ҳоле, ки тазоҳурот ором ҷараён мегирифт, хабарҳое низ пахш шуд, ки бар асари задухӯрди байни нируҳои амниятӣ ва тазоҳургарон як теъдод мардум дар минтақаи Ҳавоҷа, Киркук ва Мавсул кушта ва захмӣ шуданд.

Хабарнигори радиои Озодӣ ҷараёни эътирозҳо дар Бағдодро ин гуна тасвир мекунад: «Гурӯҳи аз мардум адр назди пули Ал-Ҷумҳурия саддҳои бетониро аз роҳ мебардонад ва шиор медиҳанд, сиёсатмадоронро фасодкор мехонанд ва батакрор “Ғайриқонунӣ! Ғайриқонунӣ!” мегӯянд. Инҷо оилаҳо, мадуми солманд, бачаҳо ҳама гирдиҳам омадаанд. Ман пурсидам, ки оё онҳо узви созмонҳои ғайридавлатӣ ҳастанд? Гуфтанд, ки “не, мо аз номи худ ба кӯча баромадем”. Ин таҳаввулотест, ки дар назди пули Ал-Ҷумҳурия ҷараён дошт.”

Тазоҳуроти "Рӯзи ғазаб" дар Ироқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
Линки мустақим


Тазоҳургарон аз ҳукумат талаб доранд, ки ваъдаҳои худро ба иҷро расонад ва фасодро дар ҷомеа решакан кунад. Аммо шанси иштироки анбӯҳи мардум дар тазоҳрут дар охирин лаҳза баъди даъвати таҳрими он аз ҷониби раҳбарони шиаҳои Ироқ кам шуд.

НОКОМИИ ЭЪТИРОЗГАРОН

Рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи рӯҳонии мӯътабари шиаҳои Ироқ, Оятулло Алии Сиистонӣ аз мавриди сӯиистифода қарор гирифтани тазоҳурот ҳушдор дод. Ҳамзамон бо ин сухангӯи рӯҳонии тундрави Ироқ, Муқтадо Ал-Садр, пешниҳод кард, ки тазоҳурот то шаш моҳи дигар ба таъхир гузошта шавад.

Ин даъватҳо мавқеи нахуствазири шиамазҳаби Ироқ Али Ал-Моликиро мустаҳкам мекунанд ва барои ислоҳи вазъ ба ҳукумати ноустувори вақт медиҳанд. Ҳукумати феълӣ, ки дар он аҳзоби шиа нақши густарда доранд, моҳи декабар дар пайи созиши тақсими қудрат бо аҳзоби суннӣ ба кор шурӯъ кард ва баҳси нӯҳмоҳа бар сари натоиҷи интихоботи моҳи мартро хотима гузошт.

Ҳамин натиҷаҳо буд, ки ҳоло шиа ва сунниҳои ноорозиро дубора ба озмоиши нирӯ кашидааст. Қабл аз созиши тақсими қудрат, такягоҳи сунниҳо -- эътилофи “Ироқия”, даъво дошт, ки курсиҳои бештарро дар парлумон ва ҳаққи таъсиси ҳукуматро ба даст овардааст. Бисёре аз сунниҳо эҳсос мекунанд, ки мавриди ҳуққубозии Ал-Моликӣ қарор гирифтанд, ки ӯ дертар нишастҳои парлумонро зери назорат гирифт ва ҳукуматро таъсис дод.

ҲАДАФ АЗ ҒАЗАБ


Нуқтаи аслии таҷаммӯи мардуми эътирозгар “майдони Таҳрир” аст, ҳамноми ҳамон майдони машҳури Миср, ки Ҳусни Муборакро аз тахт берун андохт. Аммо ба фарқ аз давлатҳои дигари арабӣ, ироқиҳо намехоҳанд, ҳукуматро сарнагун кунанд. Онҳо танҳо аз ҳукумат норозӣ шудаанд ва ислоҳи вазъро талаб доранд.
Яке аз созмондиҳандагони эътироз Шайх Абдул Заҳро Муҳаммад Алӣ Ал-Тамимӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи онҳо аз тазоҳурот на тағйири режим, балки ислоҳот аст, ислоҳоти сохтори сиёсии интихобот.

Мақомоти давлатӣ тазоҳуротро шадидан маҳкум карданд ва гуфтанд, ин иқдомот мушти гурӯҳҳои мусаллаҳро мустаҳкам мекунад ки дар пайи сарнагун кардани ҳукуматанд.

Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ бо даъвати худдорӣ аз ширкат дар эътироз, созмондиҳандагони тазоҳуротро ҳаводорони Саддом Ҳусейн ва шӯришгарони Ал-Қоида унвон кард. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба нигарониҳои амниятӣ гуфт, имкон дорад, ки ҷамъомадҳо мавриди ҳамлаи террористҳо қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG