Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон: “Ганҷасар” ва “Олтин асир” - дар финал


Дастаҳои футболи “Ганҷасар”-и Арманистон ва “Олтин асир”-и Ишқобод ба бозии ниҳоии мусобиқаи XVII байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон роҳ ёфтанд.

“Ганҷасар”дар даври ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи “Ободон”-и Ободон бо тими “Небитчӣ”-и Балканободи Туркманистон рақобат кард. Замони асосӣ бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони арман бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуда, барои аввалин бор ба финал баромаданд.

“Олтин асир”, ғолиби мусобиқаи порсола, дар бозии ниманиҳоӣ бо дастаи дигари Туркманистон - “Марв” рӯбарӯ шуд. Замони асосии ин дидор низ бидуни гол хотима ёфт. Ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян кард. “Олтин асир”, ки бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад, барои бори дуввум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ даст ёфт.

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки 28-уми феврал соати 17 дар варзишгоҳи “Олимпӣ”-и Ишқобод баргузор мешавад, дастаҳои “Ганҷасар” ва “Олтин асир” барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон талош хоҳанд кард. Ба дастаи ғолиб 20 ҳазор доллар ва ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Қабл аз бозии ниҳоӣ рӯзи душанбе соати 14 дар варзишгоҳи “Ободон” дастаҳои “Небитчӣ” ва “Марв” барои ҷои севум ва 5 ҳазор доллар мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар сабқати гурӯҳи “В” аз “Небитчӣ” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, “Шексна”-и Череповетси Русияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва бозиро бо “Марв” бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, бо 4 имтиёз ҷои севумро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG