Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мушу гурбабозиҳо"-и Маскав бо Минск


Бинои Бонки Марказии Белорус
Бинои Бонки Марказии Белорус

Рӯзе, ки Бонки Марказии Беларус назорат бар табодули арзи хориҷиро бардошт, вазири молияи Русия дархости Минск дар заминаи гирифтани қарзи эътидоловарро рад кард.

Алексей Кудрин гуфт, ки барои дарёфти қарз, Беларус ба Ҷомеаи иқтисодии АвроОсиё ва Сандуқи Байналмилалии Пул муроҷиат кунад. Бо ин ҳол бӯҳрони рӯ ба густариши иқтисодӣ фишорро болои раисиҷумҳур Александ Лукашенко, ки бе ин ҳам ними дунёро ба худ душман кардааст, афзунтар намуд.

МАСКАВ БА МИНСК ПОСУХИ РАДД ДОД

Посухи манфии Русия дар заминаи додани 1 миллиард доллари қарз ба иқтисоди рӯ ба суқути Беларус таъсири силлӣ ба чеҳраи мақомоти Минскро дошт.

Сиёсатшиноси Беларус Андрей Фёдаров дар заминаи шарҳи вазъияти феълӣ гуфт: “Гуфтушунидҳо ҳудудан ду моҳ ҷараён доштанд. 18-уми апрел ҳамин Кудрин гуфта буд, ки музокирот моҳи равон хатм мешавад. Баъди се рӯз сафири Русия дар Беларус Александр Суриков гуфт, ки Русия барои радд кардани дархости қарз аз тарафи Беларус асос надорад. Баъди панҷ рӯз вазири молияи Беларус Андрей Харкавец гуфт, ки нукоти боқимонда дар музокирот дар як ҳафта ҳаллу фасл мешаванд ва пакете иборат хоҳад буд аз 3 миллиард доллар - 1 миллиар аз Русия ва 2 миллиард аз Ҷомеъаи Иқтисодии АвроОсиё, дақиқан ҳамон маблағе ки Беларус ба он ниёз дорад. Русия низ инро таъйид карда буд. Ба назар мерасад, ки эълони ахир ғайриинтизор буд.”

Ахиран Алексей Кудрин ба хабарнигорон гуфт, ончӣ Беларус метавонад аз Ҷомеъаи Иқтисодии АвроОсиӣ дарёфт кунад, ҳамагӣ 1 миллиард доллар аст ва ин маблағ барои рафъи бӯҳрон кифоят намекунад. Ӯ ҳамчунин машварат дод, ки барои дарёфти кӯмакҳои бештар, Минск бояд ба Сандуқи Байналмилалии Пул муроҷиъат кунад.

КОҲИШИ БЕСОБИҚАИ ҚУРБИ ПУЛИ БЕЛОРУС

Ин хабари бад дақиқан як рӯз пас аз қарори Бонки Марказии Беларус дар заминаи бардоштани назорати табодули асъор пахш шуд. Ҳоло расман 1 доллари амрикоӣ ба 3,037 рубли беларусӣ баробар аст. Аммо бо қарори ахири Бонки Марказӣ, 1 доллар ба 4 рубл баробар шуд ва арзи миллӣ 25 дар сад поён рафт. Ҳарос дар баробари суқути пули миллӣ бисёр сокинони Беларусро ба харидории арзҳои хориҷӣ, сангҳои гаронбаҳо, тилову нуқрава шакару рӯған маҷбур кардааст.

ЛУКАШЕНКО: "ДАСИСАИ ХОРИҶИҲОСТ"

Президенти ин кишвар Александр Лукашенко ин ҳамаро дасисаҳои давлатҳои хориҷӣ медонад ва ҳамчунин сокинони кишварро сарзаниш мекунад, ки теъдоди зиёди мошинҳои хориҷиро харидорӣ кардаанд. Аммо таҳлилгарони мустақил вазъи феълиро ба ваъдаҳои бепояву асоси Лукашенко дар давраи интихоботи соли гузаштаи раёсати ҷумҳур, афзоиши
тарифи энержӣ ва нокомии иқтисоди таҳти султаи давлат марбут медонанд.

Аз сӯе ҳам гуфта мешавад, ки Маскав дар иқтисоди бесуботи Беларус манфиъатҳои худро дорад. Бар пояии баъзе шоеаҳо, музокирот асосан бар сари хоҳишҳои Маскав дар харидории ширкатҳои калидии Беларус ва шикасти музокирот низ саркашии Минск дар ин муомилот будааст.

Андрей Федров мегӯяд, “Имкон дорад, ки Маскав аз оғоз намехост ба Беларус қарз диҳад ва танҳо бозии мушу гурбаро ба роҳ андохта буд. Саркубии мухолифин, баъди интихоботи президентӣ равобити Минск бо давлатҳои Ғарбиро комилан хароб кард ва Маскав медонист, ки Беларус беҳимоятгар мондааст ва дигар ҷои рафтан надорад ва онҳо аз ин вазъият истифода карданд.”
XS
SM
MD
LG