Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён: "Ба шикоятҳои Толибшоҳ расидагӣ мешавад."


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР

Номзади мӯътаризи интихоботи ҳавзаи Сино, Толибшоҳи Саидзода шикоёташро ба КМИР супурдааст.

Намояндагони Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ин шикоятҳоро дастрас кардаанд. Худи ҷаноби Саидзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бастаи шикоятҳои расмии ӯ аз чунин мавод иборат аст:

  • аризаи шикоятии номзад аз мавридҳои тақаллубу конуншиканӣ дар ҷараёни интихобот,
  • гузориши 14 нозир дар қитъаҳои раъйдиҳӣ,
  • акси баргаҳое, ки беэътибор эълон шудаанд,
  • навори видеоӣ аз андохтани 6 барга тавассути як зан,
  • матолибе, ки нашрияҳои кишвар дар робита ба интихобот чоп кардаанд.

Шикоятҳои Толибшоҳи Саидзодаро шахсан раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён қабул карда ва гуфтааст, ба онҳо расидагӣ хоҳад шуд.

Барои ин комиссияе дар ҳайати Кароматулло Холиқов, муовини аввали КМИР, Муҳибулло Додоҷонов, дабири ин ниҳод ва Акбаралӣ Сатторов, раиси
ИЖТ ва ҳамзамон узви КМИР ёфта, оғоз ба кор кардааст ва дар панҷ рӯзи оянда натиҷаи кори худро эълон хоҳад кард.

Шикояти оқои Саидзода дар ҳоле сурат мегирад, ки ба дунболи интихоботи рӯзи 15-уми май дар ҳавзаи Синои Душанбе, Амирқул Азимов, номзад аз ҲХДТ баранда шуд.

Интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Сино миёни чор номзад, Амирқул Азимов, аз ҲХДТ, Толибшо Саидзода, муҳаррири нашрияи "Миллат", Музаффар Мирзоев, номзади ҲАТ ва Сафарбек Маннонов, номзади мустақил доир шуда буд, ки ду нафари ахирӣ яке ҳудуди даҳ ва ҳафт дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Ҳарду номзади дигари ноком, Сафарбек Маннонов, ки узви ҲХДТ аст ва Музаффар Мирзоев аз ҲАТ натоиҷи интихоботро эътироф намудаанд.

Овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG