Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ аз нигоҳи Қаноат


Ба муносибати 70-умин солгарди шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ маҳфиле бо ҳузури шоири тавоно Мӯъмин Қаноат баргузор гардид.

Ин маҳфил бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» доир шуд ва аҳли адабу фарҳанг ва ҳаводорони шеъри ноби порсиро ҷамъ оварда буд.

Шоири саршинос Мӯъмин Қаноат бо ишора ба маконати адабии зиндаёд Лоиқ дар шеъри навини тоҷик, аз чигуна ба майдон омадани насли нави рӯшанфикрон, ба вижа Лоиқ ёддоварӣ намуд. Вай аз ҷумла ба ин нуқта ишора кард, ки чигуна Лоиқ бидуни маҷмӯаи шеърӣ ва дар як ҳодисаи дар навъи худ нодир ба узвияти Иттиҳодияи нависандагони Шӯравӣ пазируфта шуда буд ва дар ин росто ҷодаро барои дигарон боз кард. Раҳбари вақти Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро шеъри «Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…» чунон мутаассир мекунад, ки ӯ бо сарфи назар аз талаби ҳатмии китоби чопшудаи ашъор, Лоиқро ба узвияти ин созмон қабул мекунад.

Устод Қаноат аз вижагиҳои шеъри Лоиқ низ гуфт ва баён дошт, ки шеъру андешаи ӯ тавъам бо зиндагияш буд ва аз он ҷудоӣ надошт. Шеъри озодандешонае, ки парвандаи домони поки модари тоҷик буд ва аз лафзи ширини порсӣ об хӯрда мехӯрд. Вай бо ишора ба тарбияи насле, ки сутуну пайкараи миллатро бисозанд гуфт, ки ин наслро дар муҳити
Гӯшае аз маҳфили ёдбуди Лоиқ

хонаводагӣ ва дар домони модару лаҳни шаккаррини порсӣ мебояд тарбия кард.

Донишманд ва сиёсатмадори маъруфи афғонистонӣ Латифи Пидром тариқи телефонӣ аз Кобул бо ёддоварӣ аз маҳбубияи шоирони саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар миёни аҳли адаби Афғонистон баён дошт, ки дар ояндаҳои наздик дар пойтахти ин кишвар шаби шеъри Мӯъмин Қаноат ва ҳамзамон бузургдошти Лоиқ Шералиро доир хоҳанд намуд.

Дар маҳфил ҳамчунин донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб аз пайванди ду насли шоирони тоҷик сӯҳбат кард ва шоири тоҷики муқими Бишкек Сиёвуш низ тариқи телефонӣ аз маконати бузургони шеъри тоҷик қадрдонӣ намуд.

Маҳфили мазкур аввалин ибтикори видео- конфронс дар Тоҷикистон буд ва дӯстдорони шеъру адаб дар дохил ва хориҷи кишвар аз тариқи шабакаи анкабутӣ онро пайгирӣ намуда дар баҳсҳои ин маҳфил ширкат намуданд.

Ин маҳфил бо пахши садои Лоиқ Шералӣ ба поён расид.

ЛОИҚ ВИДОЯТ КАРДУ РАФТ...

Лоиқ 30-юми июни соли 2000, дар синни ҳамагӣ 59-солагӣ бар асари боло рафтани фишори хун ба дунё падруд гуфт ва

ба абадият пайваст.

Бо он, ки ҷашни 70- солагии зодрӯзи Лоиқ ба номи ҳукумат ва ба вижа Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон марбут дониста мешавад, аммо санги мазори шоир дар оромгоҳи Лучоб тавассути дӯстону пайвандонаш нав карда шуд, ки дар ин санги нав ин байти маъруфи ӯ ҳаккокӣ шудааст:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастабол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ,
Ман баъди ҳазор сол меоям боз.
XS
SM
MD
LG