Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии гуштигирони тоҷик дар Маскав


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи “Judo Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузург” дар пойтахти Русия аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар ин мусобиқа 463 варзишгар (279 мард ва 184 зан) аз 63 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Дар сабқати мардон, ки рӯзҳои 28-ум ва 29-уми май баргузор шуд, Тоҷикистонро панҷ гуштигир намояндагӣ кард.
Дар ин мусобиқа Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, ширкат надошт...


Хушбахт Қурбонмаҳмадов (дар вазни то 60 кг), Шӯҳратҷони Фахризода (то 66 кг), Фарҳод Раҳимов (то 81 кг) ва Парвиз Собиров (то 90 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дуввум дар вазни то 100 кило бар рақибаш ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ мағлуб гашт.

Ширкаткунандагони ин мусобиқа барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 соҳиби имтиёзҳо гардиданд. Чаҳор гуштигири тоҷик барои ширкат дар даври аввал ҳар кадом 12-имтиёзӣ гирифтанд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, 36 имтиёз ба даст овард.

Ғолибони мусобиқа ба ғайр аз мукофотпулӣ соҳиби 300-имтиёзӣ, барандагони ҷойҳои дуввум 180-имтиёзӣ ва барандагони ҷойҳои севум 120-имтиёзӣ шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи “Judo Grand Slam” (мардон)

Вазни то 60 кг.
1. Ришод Собиров (Узбакистон).
2. Софиан Милу (Фаронса).
3. Тумургхулег Давадорж (Муғулистон) ва Хирофуми Ямамото (Ҷопон).


Вазни то 66 кг.
1. Олим Гаданов (Русия).
2. Томаш Ковалски (Лаҳистон).
3. Мӯсо Могушков (Русия) ва Ҷун Хо Чо (Кореяи Ҷанубӣ).


Вазни то 73 кг.
1. Декс Элмонт (Ҳолланд).
2. Кристофер Фелк (Олмон).
3. Мурод Кодзоков (Русия) ва Дирк ван Тичелт (Белгия).


Вазни то 81 кг.
1. Свен Мареш (Олмон).
2. Трэвис Стивенс (ИМА).
3. Оле Бишоф (Олмон) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон).


Вазни то 90 кг.
1. Илиас Илиадис (Юнон).
2. Дайки Нисияма (Ҷопон).
3. Роберто Мелони (Италия) ва Хюго Печаня (Бразилия).


Вазни то 100 кг.
1. Ариэл Зееви (Исроил).
2. Сирил Маре (Фаронса).
3. Максим Раков (Қазоқистон) ва Рамзиддин Саидов (Узбакистон).


Вазни беш аз 100 кг.
1. Ким Су Ван (Куриёи Ҷанубӣ).
2. Дмитрий Стерхов (Русия).
3. Абдулло Тангриев (Узбакистон) ва Януш Войнарович (Лаҳистон).


Вале дар ин мусобиқа Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, ширкат надошт. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар айни ҳол Расул Боқиев барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо, ки рӯзҳои 4 ва 5-уми июн дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG