Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи ҷанҷолбарангези раиси ФИФА


Корзори интихоботи раиси ФИФА ҳамроҳ бо ҷанҷолҳои марбут ба мавориди фасод дар ин созмон вориди марҳалаи ниҳоияш мешавад.

Интихоботи президенти ФИФА, қарор аст, рӯзи 1-уми июн дар Анҷумани ин созмони варзишӣ дар Сюрихи Швейтсария доир шавад.
Блаттер:
Ман аз ончӣ ки гузашт, изҳори таассуф мекунам. Тайи рӯзҳову ҳафтаҳои ахир, ба обрӯи ФИФА латмаи бузурге зада шуд, ки мояи маъюсии бахусуси мост...

Бар асари ҷанҷолҳои бархоста, раиси Иттиҳодияи футболи Осиё, Муҳаммад Бин Ҳаммом – танҳо рақиби раҳбари кунунии ФИФА Зепп Блаттер дар интихоботи ҷадид – номзадиашро пас хонд ва дар рӯйхати довталабони муҳимтарин курсии футболи ҷаҳон танҳо исми Блаттер боқӣ мемонад, ки барои давраи чоруми раёсат мубориза мебарад.

Корзори ин дафъа ба таври бесобиқа доғи интихоби раиси ФИФА нишон дод, ки майдони асосии бозии футболи дунё маҳз дафтари ин созмон дар Сюрихи Швейтсария аст, на варзишгоҳҳои маъруфе, чун “Маракана”, ё “Уэмблӣ”, ё Сан Сиро” ва ё “Камп Ноу” ё “Сантяго Барнабеу”, ки мухлисон мепиндоранд.

Зепп Блаттер
Ин корзор батадриҷ ба обрӯрезие чунон печид, ки раиси Иттиҳодияи футболи Осиё, Муҳаммад Бин Ҳаммомро ҳам аз ин мақом ва ҳам аз имкони мубориза барои симати раёсати ФИФА маҳрум кард ва худи Блаттер низ сари мӯе монда буд, ки аз ин майдон бо корти сурх ронда шавад.

БЛАТТЕР: "БАС КУНЕД!"

Тӯл кашидани ҷанҷол ва хеле замин шудани обрӯи ФИФА мояи нигаронии “Coca-Cola” ва “Adidas”, ду сарпарасти асосӣ ва собиқадори ФИФА шудааст, ки мегӯянд, ба фасод муттаҳам шудани мақомоти олии он на ба нафъи футбол асту на ба нафъи ФИФА ва на суди шарикони ин созмон.

“Coca-Cola” ва “Adidas” дар тӯли солҳо ФИФА ва сабқатҳои муҳимаш, чун Ҷоми ҷаҳонии футболро бо пулу мол таъмин мекарданд ва барои мисол, аз соли 1970 ба ин сӯ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол маҳз бо тӯбҳои “Adidas” бозӣ мекунанд.

Аммо Блаттер иддаоҳо дар бораи фасодзадагии ниҳоди зери назари худро башиддат радд мекунад: "Хоҳиш мекунам, бас кунед ин ҳарфро, ки ФИФА фасодзада аст. Комилан чунин нест."

ФИФА аз ниҳодҳои хеле муҳофизакори варзиши дунёст. Зепп Блаттери 75-сола соли 1998, баъд аз 24 соли раёсати Жоао Ҳавеланж ба раёсати ФИФА расид ва имсол мехост, роҳии давраи чоруми раёсат шавад, ки Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси 62-солаи Иттиҳодияи футболи Осиё аз Қатар, низ худро дар муқобили ӯ номзад кард.

ФИФА ВА МАВЗӮИ ФАСОД

Корзори онҳо, ба гуфтаи шореҳон, “бо бартарии бонавбати тарафайн” идома дошт, ки рӯзи 20-уми май Иттиҳодияи футболи Инглистон “кафид” ва эълон кард, ки ба далели вуҷуди фасод дар раҳбарияти ФИФА аз пуштибонии кадоме аз ин ду номзад дар интихоботи рӯзи 1-уми июн худдорӣ хоҳад кард. Ба дунбол, Бин Ҳаммом ва муовини Блаттер Ҷек Уорнер ба талоши “харидан”-и орои чанд кишвари ҳавзаи Кариб айбдор шуданд. Қазия ба кумитаи ахлоқии ФИФА кашида шуд ва Бин Ҳаммом номзадиашро пас кашида, аз ин ниҳод хост, то мавориди фасоди Блаттерро низ таҳқиқ кунад.

Кумита аз таҳқиқи аъмоли раиси ФИФА худдорӣ кард, вале Бин Ҳаммом ва Ҷек Уорнерро то анҷоми таҳқиқи иттиҳомоти ворида аз ҳар навъ кори расмӣ дар риштаи футбол муваққатан берун андохт.

Уорнер дар пай Зепп Блаттерро ба ришвадиҳӣ ва бар пояи номаи дабири кулли ФИФА, Жером Валке, Муҳаммад Бин Ҳаммомро ба харидани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 барои зодгоҳаш – Қатар – айбдор кард.

Зепп Блаттер, ки то ҳол ғарқи дарёи фасод шудани ФИФА-ро радд мекард, ахиран гардан дод, ки ин сели бузурги иттиҳомот ба обрӯи ФИФА латма задааст: "Ман аз ончӣ ки гузашт, изҳори таассуф мекунам. Тайи рӯзҳову ҳафтаҳои ахир, ба обрӯи ФИФА латмаи бузурге зада шуд, ки мояи маъюсии бахусуси мост."

ТОҶИКИСТОН АЗ КИ ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД?


Як ҳайъат аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ба ҳайси узви ФИФА дар раъйдиҳии рӯзи чоршанбе дар Сюрих ширкат хоҳад кард. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, то замони лағви номзадии намояндаи Қатар мақомоти футболи тоҷик ба як фикр набуданд, ки дар ин рақобат барои курсии раиси ФИФА аз кӣ ҳимоят кунанд – аз Блаттер ё Бин Ҳаммом?

Алимуҳаммад Мирзоев
Алимуҳаммад Мирзоев, муовини раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон вуҷуди чунин баҳсҳоро рад накард, вале гуфт, Душанбе бештар моил ба номзадии Зепп Блаттер аст, ки тайи солҳои охир ду дафъа аз Тоҷикистон дидан карда, ба футболи тоҷик кӯмаки зиёд мекард: “Чунин гапҳо ҳаст. Вале аввал ин ки Бин Ҳаммом номзадиашро аллакай гирифт. Сониян, Блаттер барои рушди футбол ба мо хидмати зиёд кардааст. Ӯ футболи тоҷикро зиёд дастгирӣ мекард. Аз ин рӯ, Тоҷикистон тарафдори Блаттер аст. Бин Ҳаммом ҳам ёрӣ мерасонд, чандин мусобиқа барпо кард, сабқати Ҷоми раиси АФК-ро як сол дар Турсунзода гузаронд, лекин Блаттер нисбат ба Бин Ҳаммом кӯмакҳои бештаре ба мо расондааст.”

Ҷаноби Мирзоев дар шарҳи барномаҳои анҷомшудаву дар ҳоли иҷрои ФИФА дар Тоҷикистон афзуд: “ҲамкорииТоҷикистону ФИФА зич аст. Ҳар сол аз ФИФА барои рушди футболи наврасону ҷавонон 250 000 доллар ҷудо мешавад. Ҳамчунин моро бо лавозимоти варзишӣ таъмин карда, барои доварону мураббиён давраҳои омӯзишӣ доир мекунад. Соли 2004 бо сарфи қариб 400 000 доллар дафтари Федеросиюни футболи Тоҷикистонро сохт. Дар соли 2007 майдони футболи хурд дар шаҳри Норак сохта шуд, ки дар ифтитоҳаш худи Блаттер низ ширкат дошт. Дар Данғара ҳам як майдон кушоданд. Ҳоло барои майдони дуввуми варзишгоҳи марказии Душанбе низ маблағ ҷудо шудааст. Ин майдон бо алафи сунъӣ сохта хоҳад шуд.”

РАВҒАН ДАР ОТАШ

Рӯзи сешанбе, дуруст дар арафаи интихоботи раиси ФИФА, Иттиҳодияи футболи Инглистон ба оташи бӯҳрон дар ин майдони асосии футболи дунё равғани бештар рехт ва хостори таъхири интихобот то замони пайдо шудани як номзади алтернативӣ шуд. Раҳбари УЕФА Мишел Платинӣ низ аз эҳтимоли худдорӣ кардани кишварҳои Осиё аз ширкат дар интихоботи 1-уми июн ба нишони эътироз ба лағви номзадии Бин Ҳаммом ҳушдор дод.

Аммо Зепп Блаттер шадидан мухолифи таъхири ин раъйгирист ва мӯътақид аст, ки ФИФА дар чанги бӯҳрон қарор надошта, балки танҳо бо мушкилоте чанд рӯбарӯст, ки ба муҷарради расидани ӯ ба даври чоруми раёсат рафъ хоҳанд шуд.

Бо ин ҳол, шореҳон мегӯянд, ин ҷанҷол ФИФА ва футболи ҷаҳониро вориди гирдобе кардааст, ки ба эҳтимоли ғолиб, сари хеле аз раҳбарони футбол ва шояд ҳатто сари худи Блаттерро хоҳад хӯрд.
XS
SM
MD
LG