Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар СССР. Аз замони Ленин то Горбачёв


СССР ё Иттиҳоди Шӯравӣ моли таърих шуд, аммо таърихнигорони тоҷик ҳанӯз ба хаёли он ҳастанд.

Усули таърихнигории муосири тоҷик бо гузашти 20 сол аз суқути Шӯравӣ ҳамоно дар дасти таърихнигоронест, ки бо муҳаббат аз Шӯравӣ ёд мекунанд, чун дастпарвари он ҳастанд ва камбуде ҳам дар он низом намебинанд.

ЛЕНИН ДАР ТАЪРИХ

Барои шумори каме аз таърихнигорони тоҷик ҳодисаи 7-уми ноябри соли 1917 кудато аст, барои аксар ҳамоно Инқилоби бузурги иҷтимоии Ленин аст. Инқилобе, ки Ленин, аввалин раҳбари Шӯравиро ба қудрат расонд. Владимир Ленин фурсати зиёде барои ҳукумат кардан дар шуравӣ надошт. Ӯ наздики 7 сол баъди инқиболаш умр дид, ки нисфе аз ин вақт мариз буд. Аммо номаи ӯ роҷеъ ба тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ заминаи таъсиси ҷумҳуриҳо ва ҳамзамон "табартақсим"-и ноодилона шуд.

Ленин ба изофаи низоми хоси коммунистие, ки бунёд гузошт, масеҳиятро аз давлат дар Русия ва ҳамин тавр исломро аз дастгоҳи идора дар Осиёи Марказӣ ва зиндагии тоҷикон ҷудо кард. Аммо иштибоҳи Ленин ин буд, ки ба ин қонеъ нашуд ва зидди рӯҳоният, калисо ва масҷид низ иқдом кард. Ин иттиҳомро низ ба Ленин ворид мекунанд, ки Лаҳистон ва Финландияро низ аз баданаи Русия ҷудо намуд.

ЛЕНИН ВА ТОҶИКОН

Аммо дар бораи тоҷикон. Ҳарчанд бархе аз таърихдонҳои мо мегӯянд, ки тоҷикон бояд аз Ленин шукргузор бошанд, аммо бархе дигар мегӯянд, Ленин назари неке ба тоҷикон надошт. Далели он чист?

Сайфулло Муллоҷонов, устоди таърих дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, далеле ё санади таърихие вуҷуд надорад, то собит кунад, ки Ленин дар мавриди тағйири ҳолати таърихии тоҷикон ё соҳиби ҷумҳурӣ шудани онҳо нақш дорад: «Шояд тавонем гуфтан, ки тамоми иштибоҳоти
Владимир Ленин

минбаъдае, ки нисбат ба тоҷикон дар сиёсати миллӣ тарҳрезӣ шуданд, аз ҳамон мактуби таърихии Ленин дар бораи тақсимоти ҳудудӣ ва миллӣ сарчашма мегиранд. Ленин дар ин нома аз Туркмания, Қирғизия ва Узбакия гуфт, аммо аз тоҷикон ғафлат кард, ном набурд. Дар ҳоле, ки дар номаи се пеши Ленин номи тоҷикон зикр карда мешавад. Яъне ин як сиёсати дидаву дониста буд, зеро як нафар, вақте се сол пеш дар бораи тоҷикон маълумот дорад, вале дар марҳилаи сарнавиштсоз ғафлат меварзад, ин ҷо зери коса нимкоса аст. Ленин дар сарнавишти тоҷикон нақши таъйинкунандаи хоса надорад, мо гуфт наметавонем, ки дар дигар шудани ҳолати тоҷикон Ленин нақши таъйинкунанда дошт».

"ТОҶИКҲО МАДЮНИ СТАЛИН ҲАСТАНД"

Аммо ба ҳар ҳол, Тоҷикистон дар 14-уми октябри соли 1924, баъд аз вафоти Ленин, чун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбакистон арзи ҳастӣ кард. Ва баъди панҷ соли дигар, дар соли 1929 билохира Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурӣ ё воҳиди мустақил ба узвияти Шӯравии пешин ё СССР пазируфта шуд. Таъсиси ҷумҳурӣ, ба гуфтаи таърихдонҳо, заминаи Тоҷикистони имрӯзаи соҳибистиқлолро фароҳам сохт. Ба ҳар ҳол, ҳоло ҳам бархе аз тоҷикҳо худро мадюни Иосиф Сталин медонанд, ки дар замони ҳукумати ӯ Тоҷикистон таъсис шуд ва нақши Сталинро дар ин амр муҳим унвон мекунанд.

Мӯсо Асозода, доктори илми таърих мегӯяд: «Нақши бештареро дар таърихи тоҷикон Иосиф Сталин иҷро кардааст. Зеро маҳз дар замони Сталин Тоҷикистон ҳамчун автономия дар ҳайати Узбакистон ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуд. Ҳар тарҳе дар даврони Ленин кашида шуда буд, агар дар даврони Сталин хоҳиши иҷрои он ба миён намеомад, ҳеҷ гоҳ амалӣ намешуд. Ман саҳми Сталинро назар ба Ленин дар таъсиси Тоҷикистон бештар мебинам.»

"СТАЛИН ТОҶИКРО АЗ ҲУВВИЯТАШ ҶУДО КАРД"

Ин, ки Тоҷикистон ба нақши Сталин дар амри таъсиси худ арҷ мегузорад, тақрибан як масъалаи бебаҳс аст. Аммо бархе ҳам ба ин боваранд, ки бар ивази додани давлат ба тоҷикон, замони сталинӣ тоҷиконро аз ҳуввияти худ ҷудо кард.

Рашид Ғанӣ Аблулло, донишманди тоҷик мегӯяд: «Дар аҳди ӯ (Сталин) Тоҷикистони имрӯзӣ таъсис ва ташаккул ёфт, ҳамзамон дар аҳди ӯ тоҷикон аз алифбои худ монданд. Аз усулҳои суннатии тамаддуни хеш дур шуданд
Сталин

ва ба тадриҷ ҳуввуияти худро гум карданд. Аз як тараф соҳиби давлат шудем дар он замони Сталин, аз тарафи дигар давлате, ки рӯз то рӯз бе ҳуввият, бепоя мешуд.»

Аммо бо вуҷуди ин, боз ҳам бархе аз сиёсати Сталин, ки заминаи он дар замони Ленин гузошта шуда буд, норозиянд ва тақсимоти миллӣ ва ҳудудиро дар Осиёи Миёна ноодилона медонанд ва мегӯянд, бар асоси ин сиёсат буд, ки тоҷикон аз марказҳои аслии тамадунии худ, Самарқанд ва Бухоро ҷудо монданд. Сталин бо сиёсати саркӯбгарона ва таъқиботи худ низ дар хотираи тоҷикон нақш дорад. Агарчанд бархе як ҷумлаи маъруфи Сталинро, ки гуфтааст, интеллигентсияи тоҷик Фирдавсиро ба майдон овард, ситоиш мекунанд, аммо боз ҳам устоди таърих Сайфулло Муллоҷонов нақши Сталин дар таърихи Тоҷикистонро инкор намекунад, аммо онро камтар аз воқеият медонад.

НА МУТАНАФФИР ВА НА ХУШБИН...

Ӯ мегӯяд, Сталин бо ду бӯъди худ дар таърих мондагор шудааст, яке сиёсати хашини солҳои сиюм ва дигаре корномаи ӯ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ. Вале дар муносибат ба тоҷикон чӣ?

Ҷаноби Муллоҷонов мӯътақид аст, ки Сталин ба тоҷикон на нафрат дошт ва на хушбинии хос: «Сталин дар амри аз вилояти мухтор ба ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбакистон ва баъдан дар соли 1929 ба ҷумҳури мустақил табдил шудани Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аммо дар баробари ин ду кори дигари Сталинро ҳам дар нисбат ба тоҷикон набояд фаромӯш кард. Яке ҳодисаи соли 1929 ва сарнавишти тоҷикони он тарафи марз аст, дар Афғонистон. Дар суқути ҳукумати Ҳабибуллохони Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Сақо, ки тоҷик буд, нақши Сталин бисёр бузург буд. Сталин гуфт, ки агар дар сари қудрати Афғонистон тоҷик бошад, ӯ ҳамеша ба ин сӯ, ба Тоҷикистон нигоҳ мекунад ва ин барои Шӯравӣ хатар дорад ва дар сарнагуни режими Бачаи Сақо ҳамкории аслиро кард. Сталин нисбат ба бархе миллатҳои шӯравӣ ё нафрати хос ва ё таваҷҷӯҳи хос дошт. Масалан нисбати гурҷиҳо ва чеченҳо. Аммо тоҷикон дар миёна буданд, на гирифтори нафрат ва на муҳаббати хос.»

Замони ҳукумати Сталин ба Шӯравии паҳновар дар соли 1953 ба поён расид. Ва тоҷикон ҳам бо баъди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва пирӯзии Сталин дар ин ҷанг умедвор буданд, ӯ шаҳрҳои аслии тоҷиконро ба онҳо боз хоҳанд гардонд.

Аммо таърихдонҳои тоҷик мегӯянд, ки чунин иқдомеро агар Сталин мехост ҳам, наметавонист амалӣ кунад, зеро он ба сиёсати усулии Шӯравӣ дар минтақа мухолиф буд. Сталин ва дар маҷмӯъ Маскав вуҷуди Тоҷикистонро ба унвони як омили худ мехост, аммо дар айни ҳол он бояд, заъиф ва камқудрат мебуд. Тоҷикистони қудратманд дар ростои сиёсати Шӯравӣ набуд.

ХРУШЁВ ВА ХОТИРАИ НЕКИ ДАВРОНИ Ӯ

Баъд аз сари Сталин, роҳбари дигаре, ки боз ҳам ба сурати зидду нақиз аз ӯ ёд мешавад, Никита Хрушёв аст. Бархе онро чун оғозгари як сиёсати нармиш дар шӯравӣ унвон мекунанд ва бархе тоҷикҳо ҳам аз ӯ хотираи неке доранд ва оғози бархе сохтмонҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи муҳими Норакро ба номи ӯ рабт медиҳанд. Аммо усулан, Хрушёв дар таърих ба унвони
Никита Хрушев

як раҳбари содда ва аҳмақнамои Шӯравӣ шинохта шудааст. Ӯ Турсун Улҷабоев, як раҳбари коркуштаи Тоҷикистонро ба Ҷаббор Расулов дар соли 1961 иваз кард, ки то поёни умраш ин раҳбари ҷойгузин фақат ба ҳарфи Маскав гӯш дод ва бо ҳеҷ ибтикоре дар таърих мондагор нашуд. Замони ҳукумати Расулов ба ду даҳа раёсати Леонид Брежнев дар шӯравӣ рост омад, ки умдатар ба унвони «замони рукуд» аз он ду даҳсола ёд мешавад.

"ХУДО БИЁМУРЗАД ЛЕОНИД БРЕЖНЕВРО..."

Аммо ДӮстмуҳаммади Дӯст, таърихдони дигари тоҷик мегӯяд, Леонид Брежнев нақши муҳиме дар таърихи шӯравӣ ва хоса бунёди Тоҷикистон дорад. Ӯ мегӯяд: «Худо биомурзад Леонид Брежневро, барои Тоҷикистон аз ҳама кори зиёд кард. Корхонаҳои саноатӣ, аз нерӯгоҳи Норак то Корхонаи алюминиюм дар замони ҳамин шахс бунёд шуд, Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон дар ҳамин замон бунёд шуд ва густариш пайдо кард.»

Иттифоқан замони Брежнев замони шиддати ҷанги сард ва
Брежнев дар Тошканд

мусаллаҳшавии бошитоби Шарқу Ғарб дар муқобили ҳам буд. Аммо ду раҳбари дигаре, ки ба дунболи Брежнев ба қудрат расиданд, яке сардори идораи ҷосусии шӯравӣ Юрий Андропов ва дигаре, муаллим Константин Черненко буд, ки ҳарду бо маризиҳои хоси худ дар ёди мардум мондаанд. Ҳарчанд аз Андропов ба унвони як раҳбари росткор низ ёд мешавад, марг фурсати раҳбарии зиёдеро ба ӯ надод.

АҲДЕ, КИ ШӮРАВӢ ПОШ ХӮРД

Ва пурҳаяҷонтарин замони Шӯравӣ, ки ҳамроҳ бо бӯҳрон, аммо ҳамзамон бо умед ва ормон буда, замони Михаил Горбачев
Юрий Андропов

аст. Горбачёв шиддати муборизаи Шарқу Ғарбро коҳиш дод, балки онро комилан хунсо кард. Аммо аз сӯи дигар, сиёсати навсозии ноозмудаеро оғоз кард, ки ноком шуд ва дар нимароҳ боиси шикасти Шӯравӣ гардид ва ҳосили он 15 давлати мустақил дар саҳнаи сиёсати ҷаҳон ва ҷангҳои дохилӣ шуд. Аз ҷумла Тоҷикистони имрӯзӣ. Аммо Тоҷикистон аз сиёсати Горбачёв чӣ бурд ва чӣ бохт? Таърихдони тоҷик Сайфулло Муллоҷонов: «Хидмати Горбачев ба мардуми шӯравӣ ва ба мардуми ҷаҳон ин коҳиш додани хатари ҷанги атомӣ буд. Барои Тоҷикистон ба сурати хос коре накардааст, ҳатто номи Тоҷикистонро ба дурустӣ намедонист, ба ҷои Тоҷикистон, вақте дар Шӯрои олӣ ба як намояндаи тоҷик сухан медод, гуфта буд, "Таджикия". Нигоҳи ҳамаи раҳбарони шӯравӣ ба тоҷикон нигоҳи табъизомез буд, аз боло ба поён ва ман аз ин радиф на Горбачевро, на Брежнев ва на Хрушевро наметавонам истисно кунам. Агар Сталин ҳам гуфта бошад, ки тоҷикон ба таърих фалон шахсиятро додааст, як воқеъиятро гуфтааст, ягон кашфиёт накардааст».

Михаил Горбачёв
Аммо боз ҳам истиқлоли Тоҷикистон аз Шӯравӣ дар 9-уми сентябри соли 1991 вақте эълон шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, агарчи маҷрӯҳ, аммо побарҷо буд ва ҳам Горбачёв раҳбари он.

Дар ин навори видео шоҳидони вақт дар бораи охири нафаси Иттиҳоди Шӯравӣ сӯҳбат мекунанд:

Охирин нафаси СССР
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:15 0:00
Линки мустақим


Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки Горбачёв барои ибрози андеша ва рушди сиёсати миллии кишварҳо ва назҳатҳои миллӣ шароит фароҳам кард, ки он мунҷар ба истиқлол гардид. Ҷаноби Ғанӣ мегӯяд: «Агар аз нуқтаи назари Тоҷикистони имрӯзӣ нигоҳ кунем, Горбачёв сиёсатмадоре буд, ки империяи шӯравиро валангор карду Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки мустақил гардад. Маҳз дар аҳди Горбачёв ақидаи наҳзати миллӣ бо фикри сиёсӣ ва истиқлолхоҳӣ якҷо шуд. Ва саҳми асосӣ дар ба ҳам овардани ин ду равия ва ду фикр дар Тоҷикистон ба Тоҳири Абдуҷаббор тааллуқ гирифт.»

Аммо баҳси шӯравӣ ва раҳбарони он дар таърихнигории тоҷик ва ҳамчунин дар ҷомеаи Тоҷикистон ниҳодина нашудааст ва ҳар кас ба мизони ҳимат, дониш ва завқу салиқаи худ ба шӯравӣ ва раҳбарони он баҳо медиҳад. Ин баҳс шояд боз солҳои дарозе ҳамчунон идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG