Ин ниҳоди ҷаҳонӣ мегӯяд, эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки хеш аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро барои қатъи шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон эътироф кунад ва ба ҷо орад.
Афви Байнулмилал ишора ба он мекунад, ки ташаббуси созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии дифоъ аз қурбониёни шиканҷа – 26-уми июн як амали айни муддаост. Бо такия ба изҳороти ин созмонҳо Афви Байнулмилал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, мубориза бо шиканҷаро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш табдил диҳад ва ба парвандаи онҳое, ки шиканҷа дидаанд, аз рӯи ҳақиқат ва адл расидагӣ кунад.
ГУЗОРИШИ ФАРОГИР
Дар ин санад аз афзоиши мавридҳои шиканҷа ва нотамомии ислоҳоти риштаи адлия дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шуда, чандин мисоли латукӯб ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон зикр ёфтааст, ки барҷастатарини онҳо фавти шаҳрванд Сафаралӣ Сангов баъд аз боздошт аз тарафи полис аст.
Созмони Афви Байнулмилал ба зери изҳороти эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон имзои хешро илова кардааст.
Бино ба гуфтаи Афви Байнулмилал, Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар моҳи ноябри соли 2006 ҳангоми омӯзиши иҷрои Аҳдномаи Созмони Милал, ки аз тарафи Тоҷикистон низ ба имзо расидааст, изҳор дошт, ки "дар бораи истифодаи густардаи шиканҷа аз тарафи кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва органҳои тафтишот шикояти бешумор" шунидааст.
Сар аз он вақт мақомоти Тоҷикистон дар ин самт ба баъзе иқдомот шурӯъ карданд, ки яке аз онҳо қабули Қонуни нави кайфарист, ки дар моҳи апрели соли 2010 эътибор пайдо кард ва бархе аз тазминҳои зидди шиканҷаро устувортар намуд.
Мақомоти давлатии Тоҷикистон борҳо эътиқоди худро ба ҳуқуқи инсон таъкид кардаанд. Барои намуна, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба порлумон рӯзи 20-уми апрели соли 2011 қасди қавии ҳукуматро ба "ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини волоияти қонун ва интизом" эълон кард. Вале, мутаассифона, дар амал чунин қатъият ба назар намерасад.
Чунончӣ, дар соли 2010 Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо истирдооди чандин боздоштшударо ба Тоҷикистон ба иллати ҷой доштани шиканҷа манъ кард. Як қарори ҳамсон дар соли 2011 содир гашт.
НАМУНАҲОИ ШИКАНҶА
Бино бар изҳороти ахири Созмони Афви Байнулмилал, ки рӯзи якшанбеи 26-уми июн мунташир шуд, парвандаи Сангов дар Тоҷикистон ягона нест. Ҳамин тавр, Абдумуқим Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, пас аз бозгашт аз маҳбаси амрикоии Гуантанамо даро моҳи марти соли 2007 боздошт шуданд ва то муҳокима дар додгоҳ вакили мудофеъ ба диданашон муваффақ нашуд. Пайвандони ҳарду мегӯянд, кормандони умури дохилӣ онҳоро то замоне шиканҷа доданд, ки айбномаро эътироф кунанд.
Бино ба хабарҳо, ангуштони Воҳидовро сӯзондаанд ва ё ба барқ пайваст кардаанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳардуро бо иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз ва муздурӣ дар Ҳаракати исломии Узбакистон 17-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Аммо дар аризаи бознигарӣ вакили ҳуқуқӣ таъкид мекунад, ки ягон далели ширкати онҳо дар амалиёти ҷангӣ мавҷуд набуда, айбдоршавандагон аз узвияти худ дар ҲИУ хабаре надоштаанд. Охири моҳи октябри соли 2007 аризаи онҳо барои бознигарии ҳукм рад шуд.
Тавре ки ба Созмони Афви Байнулмилал маълум гаштааст, дар моҳи ноябри соли 2010 Илҳом Исмоновро кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди шиканҷа қарор додаанд. Чунончӣ, ӯро бо нерӯи барқ ва пошидани оби ҷӯшу оби сард аз сараш азият додаанд. Аввалин бор вай бо вакилаш рӯзи 12-уми ноябр, 9 рӯз баъд аз боздошт, вақте ки додгоҳ чораи боздошташро баррасӣ мекард, вохӯрд. Вай ҳарчанд ба додрас гуфт, ки ӯро шиканҷа медиҳанд ва захмҳоро дар бадани хеш нишон дод, додрас ба суханаш аҳамияте қойил нашуд ва ба вакил машварат дод, ин масъаларо бо кормандони умур дохилӣ матраҳ кунад.
Дар мактубҳое,додситони вилояти Суғд ба ҳамсар ва вакили Исмонов навиштааст, ҷой доштани шиканҷаро рад кард, вале нагуфт, чаро ба чунин натиҷа расидааст.
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон нигаронанд, ки "эътирофҳо"-и Исмонов, ки бо шиканҷаи ӯ ба даст омадаанд, дар муҳокимаи додгоҳ нақши ҳалкунанда хоҳанд дошт. Ӯро ба узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мекунанд ва якҷо бо 52 гумонбаршудаи узвият дар ин созмон муҳокима хоҳанд кард. Созмонҳои ғайридавлатӣ аз мақомот даъват мекунанд, ин муҳокимаҳо дар режими бозу озод ва бо ширкати нозирони мустақил баргузор шаванд.
5-уми марти соли 2011 сокини шаҳри Душанбе, Сафаралӣ Сангов, ки рӯзи 1-уми март боздошт шуда буд, фавтид. Бино бар маълумоти наздиконаш Сангов дар аснои боздошт ва дертар дар шӯъбаи милиса мавриди лату кӯб қарор гирифт. Таҳқиқи комили ин иттилоъ ҷараён наёфтааст, аммо ду корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои Душанбе танҳо ба "хунукназарӣ дар иҷрои вазифа" айбдор шуданд. Кормандони милиса мегӯянд, Сангов ҳангоми боздошт худро аз табақаи дувум ба замин партофтааст ва ҳамчунин дертар дар утоқи бозпурсӣ сари худро ба девор задааст. Вакили Сангов бар ин аст, ки тафтиши қазия дуруст анҷом нашудааст. Додситонӣ ба тарафҳо имкони баробари шиносоӣ бо маводи тафтишро надодааст. Муҳокимаи айбдоршавандагон рӯзи 2-юми июн оғоз ёфт.
ЧАРО ШИКАНҶА ВУҶУД ДОРАД?
Вакилон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи кормандони милиса як падидаи густарда аст ва бо ин намунаҳо ба поён намерасад.
Дар миёни шеваҳои шиканҷа, ки дар Тоҷикистон истифода мешаванд, истифодаи барқ, бастаи "баклашка"-ҳои пуроб ва пурхок ба аъзои таносулӣ, таҷовуз ба номус, сӯзондан бо сигор ва монанди инҳо номбар мешаванд. Ба ғайр аз ин бо калтак ба дасту пой задан, муштзанӣ ба сару рӯ низ зикр шудаанд.
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон мегӯяд, аз он нигарон аст, ки таъиноти қонун на ҳамеша ба иҷро мерасад. Чунончӣ, дар Қонуни нави кайфарии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки шахси боздоштшуда аз лаҳзаи боздошташ ба вакил ҳақ дорад, аммо дар амал чунин имконият комилан ба иродаи муфаттиш бастагӣ хоҳад дошт. Муфаттиш агар мехоҳад, ба вакил иҷозаи мулоқот бо боздоштшударо медиҳад ва агар нахоҳад, вакил маҷбур аст, рӯзҳои зиёде интизор бимонад.
Дар ҳамин фурсат асосан хатари он мавҷуд аст, ки боздоштшуда бо бадрафторӣ ва шиканҷа рӯбарӯ гардад. Гузашта аз ин қонуни нав барои таъини чораи боздошти шахси гумонбаршуда аз тарафи додгоҳ 72 соат муқаррар кардааст. Вале ғолибан додрасҳо на бар ҳарфи қонун, балки сухани муфаттишон гӯш медиҳанд ва ба вазъи шахси боздоштшуда, ки ҳанӯз ҷурмаш ба исбот нарасидааст, бетаваҷҷӯҳанд.
Ба боздоштгоҳҳои шӯъбаҳои умури дохилӣ ё боздоштгоҳҳои муваққат ҷойгир кардани афрод бе муоинаи тиббӣ сурат мегирад. Ҳангоми интиқоли боздоштшуда ба маҳбасҳои зери назорати Вазорати адлия муоинаи пизиишкӣ ҷараён меёбад, аммо агар дар шахс осори шиканҷа дарёфт шавад, ӯро бозпас ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ бармегардонанд ва то замоне нигоҳ медоранд, ки осори шиканҷа нопадид шавад.
КАСЕ ШИКОЯТ НАМЕКУНАД
Қурбониёни шиканҷа аксаран аз шикоят худдорӣ мекунанд, зеро мебинанд, ки кормандони умурир дохилӣ бисёр вақт беҷазо мемонанд. Биноан, боздоштшудаҳо ё хешу наздикони онҳо аз чунин шикоятҳо парҳез мекунанд, то шахси наздики онҳо ба вазъи бадтаре гирифтор нашавад.
Таҳқиқи шикоятҳои марбут ба шиканҷа ба додситонӣ супурда мешавад. Баъзан равобити наздики шахсӣ ё касбӣ байни додситонӣ ва милиса ба беғаразии кормандони додситонӣ таъсири манфӣ мегузорад. Мақомот ҳамоно аз нашри омори парвандаҳои ҷиноии зидди кормандони умури дохилӣ худдорӣ мекунанд. Дар ивази ин иттиҳомоти умумии "сӯистифода аз салоҳиятҳои мансаб" ё "зиёдаравӣ" садо медиҳанд. Додрасҳо ҳангоми судури ҳукм дар баъзе ҳолат ба далелҳои такия мекунанд, ки эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа ба даст омадаанд.
Сар аз соли 2004 мақомоти Тоҷикистон ба кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх иҷозаи омӯзиши вазъ дар маҳбасҳоро намедиҳанд. Тоҷикистон ҳанӯз протоколи илҳоқии Аҳдномаи зидди шиканҷаро имзо накардааст. Ин санад тафтишҳои мунтазами маҳбасҳоро аз тарафи созмонҳои мустақили байнулмилалӣ ё ватанӣ талаб мекунад.
Созмонҳое, ки ин гузоришро имзо кардаанд барои рафъи камбудиҳо ба ҳукумати Тоҷикистон як силсила тавсияҳоро фиристодаанд. Изҳоротро Созмони Афви Байнулмилал, Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», Дафтари ҳуқуқи инсон ва мурооти қонунҳои Тоҷикистон, Коллегияи вакилони вилояти Суғд, Лигаи занони ҳуқуқшинос, Федерсиюни байнулмилалии ҳуқуқи инсон, Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо, созмони хайрияи «Авесто» ва ғайра мебошанд.