Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳосилот” - пешсафи сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 9-уми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Чаҳор бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: ««Кӯктош» - Зарафшон» - 1:2, «Локомотив» - «Саройкамар» -0:3, «Сабо» - «Данғара» - 2:1, «Ҳулбук» - «Ҷавонон» - 3:0, «Румӣ» - «Вишгард» - 3:0 (натиҷаи техникӣ), «Пахтакор» - «Вахши зарнисор» -3:1.

Баъди натиҷагирии бозиҳои 9 даври мусобиқа дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо 20 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Зарафшон”-и Панҷакент 17- имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Ҳулбук” дар ҷойи дуввум ва “Зарафшон”дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ҳосилот” (Фархор) 8 6 2 0 13-3 20
2. «Ҳулбук” (Восеъ) 8 5 2 1 19-7 17
3. «Зарафшон» (Панҷакент) 8 5 2 1 15-6 17
4. «Саройкамар» (Панҷ) 7 5 1 1 18-4 16
5. «Вахши зарнисор» (Вахш) 8 3 3 2 15-15 12
6. «Пахтакор” (Қубодиён) 6 3 2 1 15-7 11
7. «Сабо» (Шаҳринав) 6 3 2 1 13-7 11
8. «Ситора» (Рӯдакӣ) 8 3 2 3 7-8 11
9. «Данғара» (Данғара) 8 3 1 4 8-7 10
10. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 8 3 1 4 9-10 10
11. “Локомотив” (Душанбе) 9 2 2 5 4-14 8
12. “Вишгард” (Файзобод) 9 2 0 7 6-26 6
13. “Румӣ” (Румӣ) 6 1 0 5 7-14 3
14. “Ҷавонон” (Турсунзода) 6 1 0 5 4-16 3
15. “Рашт” (Рашт) 6 0 0 6 1-12 0

Нишонзанҳои беҳтарин: Аслиддин Ҷабборов (“Пахтакор”), Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) 6-голӣ ва Аҳлиддин Шамсов (“Вахши зарнисор”) 4 гол задаанд.

Бозиҳои даври 10-ум
28-уми июн (сешанбе)
«Зарафшон» - «Пахтакор»
«Рашт» - «Румӣ»
«Ҷавонон» - «Ситора»
«Данғара» - «Ҳулбук»
«Саройкамар» - «Сабо»
«Ҳосилот» - «Вишгард»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG