Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обид Асомов дар феҳрасти сиёҳи мақомоти Узбакистон


Обид Асомов
Обид Асомов

Ҳунарманди саршинос мегӯяд, аз тарси номи ӯ ҳатто эълони шахсияшро рӯзномаҳо нашр накардаанд.

Обид Асомов, яке аз маъруфтарин ҳунармандонии узбак дар қаламрави Шӯравии собиқ, кайҳост дар матбуот ва садову симои Узбакистон падидор нест. Бо он ки Асомов аз муваффақтарин ҳунармандҳои Узбакистон дар саҳнаҳои Русия номбар мешавад, аммо ҳамватанони ӯ солҳост, ҳунарнамоияшро дар
Ман бояд кори хеле баде карда бошам, мисли даст кашидан аз иштирок дар тӯи ягон мақоми баландпоя. Намедонам. Ё шояд ҳунарнмоии ман дар Русия ба касе дар ин ҷо хуш наомада бошад...

телевизионҳои давлатии Узбакистон надидаанд.

Намоишномаҳое қадимие, ки Асомов дар онҳо нақши калидӣ дошт ва ҳамчунин филмҳои тасвирӣ, ки дар он қаҳрамонҳо бо садои ӯ сӯҳбат мекарданд, ҳамагӣ мамнӯъ шудаанд. Ӯ мегӯяд, солҳост, ӯро барои ҳунарнамоӣ ба Узбакистон даъват накардаанд ва матбуот низ дастовардҳои ин ҳамватани маъруфро нодида мегирад.

Ин ҳунраманди жанри мазҳака, ё танзпардози узбак, ки бинобар нақшаш дар барномаи ҳаҷвии телевизиони Русия бо номи “Кривые зеркала” дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ азизи ҳар хонадон аст.

Аммо саҳнаҳо ва минбарҳои матбуотӣ дар ватанаш, Узбакистон ба рӯи ӯ бастааст. Ӯ дақиқан намедонад, ки чаро ба рӯйхатти сиёҳи ҳукумат афтодааст. Танҳо ҳадс мезанад, ки шояд саҳнаҳои офаридаи ӯ аз сарнавишти талхи муҳоҷирони кории Узбакистон дар Русия ба мақомот нафорида бошад.


“Ман дар Узбакистон бо матбуот ва ҳатто бо нашрияҳои кӯчабозорӣ садҳо бор дар тамос шудам ва аз онҳо хостам ба ман фурсат бидиҳанд, то ба ҳама бигӯям, ки “Обид зинда аст, вазъаш хуб аст, боздошт нашудааст, намурдааст." Онҳо дар посух гуфтанд, ки ин иҷозатро надоранд, ки номи маро ёдрас кунанд. Ин аст, ки солҳо боз ман дар ягон шабакаи телевизионии Узбакистон пайдо нашудаам. Ман ин ҳақро надорам, ки бо радио сӯҳбат кунам ва нашрияҳо низ ҳақ надоранд номи маро зикр кунанд.”

Рафтори ҳукумат бо Асомов мазҳакаро мемонад. Боре ӯ тӯтии худро гум кард ва барои пайдо кардани ин парандаи рангоранг хост, дар матбуоти маҳаллӣ эълон нашр кунад. Аммо нашрияҳо пушти сари ҳам хоҳиши Асомовро рад карданд.

Мақомоти нашрияҳо ба таври маҳрамона ба ӯ гуфтанд: “амр шудааст дар бораи Шумо чизе нашр накунем. Ҳатто дар бораи тӯтии Шумо, ки ҳоло ломакон шудааст. “

Асомов гумон дорад, ки ба рӯйхати сиёҳи ҳукумат афтодани ӯ ба намоишномаи машҳури театри мазҳакавии “Кривые зеркала” рабт дорад, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии Русия пахш мешавад.



Ин ҳунарманди кӯтоҳқади узбак дар қаламрави Шӯравии собиқ мухлису таҳсингарони зиёд дорад. Мухлисҳо махсусан ошиқи қаҳрамони намоишномаҳои ӯ дар бораи муҳоҷири кории узбак шудаанд, ки ба забони русӣ бо лаҳҷаи узбакӣ сӯҳбат мекунад.

Асомов гумон дорад, ки чеҳранигории ӯ аз муҳоҷиронии кории узбак ва сарнавишти онҳо дақиқан ҳамон тасвирест, ки мақомот аз пахши он дар телевизионҳои хориҷӣ, хушнуд намешаванд.

Вафй мегӯяд: “Дар кишвари мо мардум мояи норозигии худро шарҳ намедиҳанд. Ман бояд кори хеле баде карда бошам, мисли даст кашидан аз иштирок дар тӯи ягон мақоми баландпоя. Намедонам. Ё шояд ҳунарнмоии ман дар Русия ба касе дар ин ҷо хуш наомада бошад. Собиқ вазири Фарҳанги мо боре ба ман гуфта буд, “ту бояд ҳунарнамоиро дар телевизиони Русия бас кунӣ.” Ман шигифтзада шудам. Ӯ хост, ман ба ӯ дар ин бора забонхат бинависам. Ман рад кардам ва гуфтам, ки ин дигар аз ман вобаста нест. Гуфтам, ҳатто агар ман ҳамкорииро қатъ кунам, боз ҳам телевизиони Русия наворҳои пешинаро намоиш медиҳад.”

Асомов мегӯяд, маъруфтарин намоишномаҳои ӯ дақиқан ҳамонҳоеянд, ки зиндагии воқеӣ ва инсонҳои воқъиро мунъакис мекунанд.
Бекории саросарӣ дар Узбакистон чизе нест, ки онро пӯшида нигаҳ дорӣ. Вазъи бади иқтисодӣ ҳудудан 8 миллион шарҳванди ин кишварро барои кор дар Русия, Қазоқистон ва давлатҳои дигар маҷбур кардааст.

Аммо ин мавзӯъ дар Узбакистон аз мавзуъҳои матлуб нест. Шабакаҳои телевизионӣ, ки маъмулан аз хушбахтии фарогир ва шукуфоии иқтисод дар ин кишвар гузориш медиҳанд, ин мавзуъро “табу” кардаанд.

Обид Асомов танҳо нафаре нест, ки ҳунарнамоияш дар Узбакистон мамнӯъ шудааст. Юулдуз Усмонова, ситораи попи Узбакистон , ки бидуни мувофиқати пешакӣ бо мақомот ба Туркманистон сафар карда буд, низ аз телевизион ва саҳнаҳо нопадид шуд. Қабл аз ӯ Шералӣ Ҷӯраев, овозхони машҳури кишвар бинобар шубҳаву гумони мақомот ба садоқати ӯ, барои солҳо имкони ҳунарнамоӣ дар телевизиону радиоро аз даст дод.

Чунин падидаҳо ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ хосанд. Бархе аз овозхонон ва ҳунарпешагон ногаҳон ва дарозмуддат, гоҳо доимӣ аз саҳнаҳо, радио ва телевизион нопадид мешаванд ва бархи дигар, танҳо барои он ки раисиҷумҳур дасти онҳоро фишурдааст, шабонарӯзӣ зоҳир шуда, ба дили мардум мезананд.

XS
SM
MD
LG