Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли бародари раисиҷумҳури Афғонистон


Аҳмад Валӣ Карзай, бародари раисиҷумҳури Афғонистон
Аҳмад Валӣ Карзай, бародари раисиҷумҳури Афғонистон

Аҳмадвалӣ Карзай, бародарандари хурдии Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор, субҳи сешанбе кушта шуд.

Вакили маҷлиси маҳаллӣ Ҳоҷиоғо Дастагир гуфтааст, ки Аҳмадвалиро як нафари наздик ба хонаводаи Карзай бо исми Сардор Муҳаммад куштааст. Сардор Муҳаммад тайи солиён муҳофизи Қайюм, бародари калонии Аҳмадвалӣ Карзай буд ва дар ин хонавода ба ӯ эътимоди зиёд доштаанд. Бино ба хабарҳои дигар, Сардор Муҳаммад узви дастаи муҳофизони худи Аҳмадвалӣ Карзай буд. Аммо мақомот то ҳол расман исми қотилро, ки худаш низ аз сӯи муҳофизони Аҳмадвалӣ Карзай кушта шуд, эълон накардаанд.

Ҳомиди Карзай, ки имрӯз дар Кобул дар як нишаст бо ҳамтои фаронсавиаш Никола Саркозӣ муштараки хабарӣ зоҳир шуд, кушта шудани бародарашро таъйид кард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00
Линки мустақим


Хабарнигори РО дар Қандаҳор мегӯяд, бино ба маълумоти манобеи ӯ, бародари раисиҷумҳурро як меҳмон куштааст: «Як нафар бо номи Абдуллоҳ вориди манзил шуда, мегӯяд, бо худ аризае дорад, ки оқои Карзай бояд имзояш кунад. Ин мард Аҳмадвалӣ Карзайро аз туфангча мепарронад. Манзили Карзай дар минтақаи Шаҳринав ҳамеша таҳти ҳифозати шадид қарор дошт ва рӯшан нест, ки ин нафар чигуна тавонистааст ба ӯ бирасад ва қасд ба ҷонаш кунад.»



Масъулияти қатли бародарандари Ҳомиди Карзайро ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифта, ин ҳамларо «аз бузургтарин комёбиҳо»-яш ба қалам додааст. Сухангӯи ин гурӯҳ ба Франс-Пресс гуфтааст, қатли ин сиёсатмадори мутанаффиз дар ҷануби ошӯбзадаи Афғонистонро маҳз Толибон фармоиш додааст.

Аҳмадвалӣ Карзайи 49-сола аз нуфузи густардае дар Қандаҳор бархӯрдор буд ва аз ёрони Амрикову Ғарб дар ин минтақа ба шумор меомад. Ӯ қаблан дар солҳои 2008 ва 2009 аз дастикам ду талоши сӯъиқасд ба ҷонаш ҷони солим ба дар оварда буд. “The New York Times” ду сол пеш навишт, ки бародарандари Карзай тайи чандин сол ба сурати пайваста аз CIA, идораи ҷосусии Амрико, аз ҷумла барои ҷалби силоҳбадастон ба амалиётҳои таҳти раҳбарии ин ниҳод дар атрофи Қандаҳор пул мегирифт. Аҳмадвалӣ ва Ҳомиди Карзай бародарони модарҷудоянд. Падари онҳо Абдулаҳад Карзай раҳбари қабилаи паштузабони пӯпалзай, соли 1999 аз ҷониби ҷангиёни толиб кушта шуда буд.

Аммо ӯ дар гузашта ба фасоду ҳифзи як гурӯҳи мусаллаҳ дар қароргоҳи худ ва ҳатто ба даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддир айбдор шуда буд. Аммо ӯ ин иттиҳомотро ба таври мукаррар радд карда мегуфт: «Ман фурӯшандаи маводи мухаддир нестам, ҳеҷ гоҳ набудам ва нахоҳам шуд. Ман тӯъмаи сиёсатҳои нопок шудаам.»

Ва пиромуни паёмадҳои қатли Аҳмадвалӣ Карзай гуфтугӯе доштам бо Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистон дар Кобул, ки инҷо мешунавед:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG