Дар чанд ҷумла
Як баҳмут дар ивази ду уқобу ду каргас
Зоопарки Душанбе соли 1961 таъсис ёфта, имсол 50-сола шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Нигаронии коршиносони СММ аз тахриби мероси таърихӣ дар Самарқанд
Коршиносони Созмони Милал нигаронии худро дар бораи кӯч додани иҷборӣ ва тахриби хонаҳо дар маркази шаҳри Самарқанд, ки аз соли 2001 ба унвони мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст, иброз карданд.
Онҳо рӯзи 30-юми октябр дар эъломияе гуфтанд, "мо борҳо нигаронии ҷиддии худро дар бораи кӯчи иҷборӣ дар чанд макони мероси табиӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Камбоҷа, Танзания ва Узбекистон, бо ҳукуматҳои онҷо, ЮНЕСКО ва Кумитаи мероси ҷаҳонӣ матраҳ кардаем."
Дар моҳи майи соли 2025 як маҳалла дар минтақаи ҳифозатшудаи наздик ба мақбараи Абумансури Мотуридӣ вайрон шуд ва беш аз 1200 нафар давоми чанд ҳафта хонаҳои худро аз даст доданд. Тахриби хонаҳо асосан аъзои ақаллияти мултонӣ (лӯлиҳо)-ро, ки солҳо дар ин минтақа зиндагӣ карда, иртиботи фарҳангӣ ва таърихии амиқе бо ин маҳалла доштанд, овора кардааст.
Ба гуфтаи коршиносон, "нақшаи кӯчондани аҳолӣ пеш аз тахрибкунӣ таҳия, муҳокима ва мувофиқа карда нашудааст."
Тибқи гузоришҳо, дороиҳои мардум зери фишори шадиди пулис, мақомоти додгоҳӣ ва маҳаллӣ дар як раванди шитобкорона мусодира шудааст. Вакиле, ки аз як соҳибхона дифоъ мекард, аз сӯи пулис таҳдид ва боздошт шуд ва барқу газ ба таври муваққат қатъ шуд, то мардум ба тарки хонаҳои худ маҷбур шаванд.
Дар ҳоле ки чанде аз сокинон ҷубронпулӣ гирифтаанд, ин маблағ барои харидани замин ва манзил дар маркази шаҳри Самарқанд нокофист.
Ин тахрибҳо чанд моҳ қабл аз баргузории чиҳилумин конфронси умумии ЮНЕСКО, ки рӯзи 30-юми октябр дар Самарқанд оғоз шуд, рух додааст.
То кунун ЮНЕСКО ва Кумитаи мероси ҷаҳонии он ҳеч гуна дастури расмиро қабул накардаанд, ки кӯчонидани маҷбуриро манъ кунад.
Коршиносони СММ гуфтанд, ЮНЕСКО вазифадор аст, ки ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи фарҳангӣ эҳтиром бигузорад ва ба нақзи онҳо чашм напӯшад.
Дар Маскав муҳоҷиронеро меҷӯянд, ки бо корду табар занозанӣ кардаанд
Пулиси Маскав муҳоҷиронеро ҷустуҷӯ дорад, ки шаби дуюми ноябр бо истифода аз корду табар занозанӣ кардаанд.
Ҷанҷол дар наздикии маҷмааи истиқоматии Филатов Луг рух дода, ба навиштаи саҳифаи Mash дар Телеграм, яке аз сокинон ин саҳнаро дидааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии Маскав ба хабаргузории расмии “РИА Новости” гуфтаанд, ки дар бораи занозанӣ иттилоъ гирифтанд, аммо дар ҷойи ҳодиса касеро наёфтанд. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи онҳо, ҷустуҷӯи ширкатдорони муноқиша идома дорад.
Дар ин байн ҳудуди ҳафт ҳазор муҳоҷирро аз шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он берун мекунанд. Ин рақамро Татяна Петрова, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳангоми натиҷагирӣ аз амалиёти “Нелегал 2025” дар охири ҳафтаи гузашта баён дошт.
Амалиёт дар ду марҳила дар моҳҳои июн ва октябри имсол сурат гирифта, дар ҷараёни он хобгоҳҳои муҳоҷирон, бозору сохтмонҳо ва ошхонаву тарабхонаҳо тафтиш шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, танҳо дар Маскав зиёда аз 12 ҳазор мавриди қонуншикании муҳоҷирон ошкор гардид. Аз ин миён 8300 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, бархеро аз ҳудуди Русия меронанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия аксар қонуншикании муҳоҷиронро ба вайрон кардани тартиби будубош ва надоштани ҳуҷҷати кору иқомат пайванд медиҳанд, баъзе аз муҳоҷирон аз бархӯрди номуносиб ва иттиҳомҳои бофтаву сохта шикоят мекунанд.
Дар Русия дар як соли охир даҳҳо қонуну санаде қабул шудааст, ки ҳузуру фаъолияти муҳоҷиронро дар ин кишвар маҳдуд мекунад. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат доранд.
Узбекистон раводидро барои шаҳрвандони Амрико бекор мекунад
Узбекистон аз соли 2026 раводиди сафар ё визаро барои шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бекор мекунад.
Дар ин бора дар фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз 3-юми ноябр таъкид шудааст.
Бар асоси ин санад, аз моҳи январи соли оянда шаҳрвандони Амрико ҳақ доранд, ки бидуни виза ё раводид то 30 рӯз дар хоки Узбекистон бимонанд.
Дар фармон ҳадафро аз ин кор "густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву ҷаҳонгардӣ" номидаанд.
Ин тасмим дар замоне эълон шуд, ки Шавкат Мирзиёев ва раҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мулоқот бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Вашингтон мераванд. Нишасти C5+1 (Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида) рӯзи 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.
Аз соли 2021 дар Узбекистон барои шаҳрвандони Амрико, ки синнашон аз 55 болост ва бо ҳадафи сайёҳӣ ворид мешаванд, низоми бе раводид барои 30 рӯз амал мекунад.
Худдории чанд ширкати чинӣ аз харидани нафти Русия
Баъд аз таҳрими ду ширкати калони нафтии Русия аз сӯи Амрико, чанд ширкати бузурги чинӣ хариди нафтро аз Русия бас кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, худдории ширкатҳои чинӣ аз хариди нафти Русия боиси якбора паст шудани нархи нафти ESPO шуд.
Иёлоти Муттаҳида дар моҳи октябр ба далели ҷанги Русия дар Украина алайҳи ширкатҳои русии “Роснефт” ва “Лукойл” таҳрим ҷорӣ кард.
Ба гузориши пойгоҳи Bloomberg, калонтарин ширкатҳои коркарди нафти Чин, аз ҷумла Sinopec ва PetroChina аз хариди нафти Русия даст кашидаанд. Ин ширкатҳои чинӣ аз он тарс доранд, ки ба рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо шомил шаванд.
Ахиран Иттиҳоди Аврупо ширкати чинии Shandong Yulong Petrochemical Co.-ро ба рӯйхати сиёҳ шомил кард. Ба ҳисоби Rystad Energy AS баъд аз худдории чанд ширкати калони чинӣ интиқоли нафт аз Русия ба Чин рӯзона то 400 ҳазор бушка дар рӯз кам шудааст.
Дар айни замони Bloomberg менависад, таҳримҳо натиҷаи баръакс ҳам додаанд. Аз ҷумла, ширкати Yulong, ки пештар аз сӯи Аврупо таҳрим шуда буд, пурра ба хариди нафти Русия гузаштааст.
Дар ҳамин ҳол, Туркия ҳам хариди нафтро аз Русия кам кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кам кардани хариди сӯзишвориро аз Русия бо шариконаш дар Осиё баррасӣ дорад. Русия таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ медонад.
Шумораи қурбониёни зилзила дар Афғонистон афзудааст
Шумораи қурбониёни зилзилаи шаби 3-юми ноябр дар Афғонистон ба 27 нафар расид.
Хабаргузории “Бохтар”, ки зери назорати ҳукумати “Толибон” кор мекунад, гузориш додааст, ки дар пайи зилзила 735 кас осеб дид.
Теъдоди қурбониён ва захмиён метавонад ҳар соат бештар шавад.
Баъзе аз осебдидагон мегӯянд, ин заминларза сахт ва давомдор буд ва барои ҳамин талафоту вайрониҳои зиёде барҷой гузошт.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати “Толибон”, дар шабакаи X навишт, ин заминларза талафоти густурдае дар пай доштааст, аммо оморе пешниҳод накард.
Шаби 2 ба 3-юми сентябр заминларзаи сахте Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро такон дод. Маркази зилзила вилояти Балхи Афғонистон эълон шуд ва қувваи ларзиши замин дар инҷо 6-7 дараҷа эълон шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, қувваи заминларза дар пойтахти Тоҷикистон ба 4 дараҷа ҷадвали Рихтер баробар буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, зилзила ҳеч хисороте дар пай надошт. Иттилои алтернативӣ дар ин бора дастрас нест.
Фирори беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ аз даргириҳо дар Судон
Беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ дар Судон аз шаҳрҳо ва деҳаҳои минтақаи Кордофан дар шарқи Дорфур фирор кардаанд.
Хабаргузории "Франс-Пресс" ба нақл аз Созмони Милал гузориш дод, ки ниманизомиён ҳушдор додаанд, нерӯҳояшон дар ҳоли таҷаммуъ дар хати пеши ҷанг ҳастанд.
Дар ҳафтаҳои охир минтақаи Кордофани Марказӣ ба майдони набарди нав дар ҷанги дусола миёни артиши Судон ва нерӯҳои ниманизомии Ҳимояти сареъ (RSF) табдил шудааст.
Кордофан марказе аст, ки аз аҳамияти стратегӣ бархӯрдор мебошад, зеро миёни вилояти Дорфур ва минтақаи атрофи Хартум, пойтахти Судон, ҷойгир аст.
Густариши доманаи ҷанг дар ин минтақа пас аз он сурат мегирад, ки нерӯҳои Ҳимояти сареъ назорати шаҳри Ал-Фошир ва охирин пойгоҳи артиши Судонро дар Дорфур ба даст гирифтанд.
Созмони байнулмилалии муҳоҷират вобаста ба Созмони Милал дар баёнияе эълон намуд, ки ҳудуди 36 ҳазору 825 нафар аз 26 то 31-уми октябр аз панҷ ноҳияи Кордофани Шимолӣ беҷо шудаанд.
Созмони ҳуқуқи башар ҳам нерӯҳои Ҳимояти сареъ ва ҳам артиши Судонро ба иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд.
Bloomberg: Ду ширкати чинӣ аз хариди нафти Русия даст кашиданд
Баъди таҳрими ду ширкати калони нафтии Русия аз сӯи Амрико, чанд ширкати бузурги чинӣ хариди нафтро аз Русия бас кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи Bloomberg бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба гузориши манбаъ, худдории ширкатҳои чинӣ аз хариди нафти Руся боиси якбора паст шудани нархи нафти ESPO шуд. Моҳи октябр ИМА ба далели ҷанги Русия дар Украина алайҳи ширкатҳои русии “Роснефт” ва “Лукойл” таҳрим ҷорӣ кард.
Ба гузориши пойгоҳи Bloomberg, калонтарин ширкатҳои коркарди нафти Чин, аз ҷумла Sinopec ва PetroChina аз хариди нафти Русия даст кашидаанд. Ин ширкатҳои чинӣ аз он тарс доранд, ки ба рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо шомил шаванд.
Ахиран Иттиҳоди Аврупо ширкати чинии Shandong Yulong Petrochemical Co.-ро ба рӯйхати сиёҳ шомил кард. Ба ҳисоби Rystad Energy AS баъди худдории чанд ширкати калони чинӣ, интиқоли нафт аз Русия ба Чин рӯзона то 400 ҳазор бушка дар рӯз кам шудааст.
Bloomberg менависад, таҳримҳо ҳамзамон натиҷаи баръакс ҳам додаанд. Аз ҷумла, ширкати Yulong, ки қаблан аз сӯи Аврупо таҳрим шуда буд, пурра ба хариди нафти Русия гузаштааст.
Дар ҳамин ҳол Туркия ҳам хариди нафт аз Русияро кам кардааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кам кардани хариди сӯзишворӣ аз Русияро бо шариконаш дар Осиё баррасӣ дорад.
Русия таҳримҳои Ғарбро ғайриқонунӣ медонад.
HRW: "Саркӯбҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзудан аст"
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
Даъвати ин созмон рӯзи 3-юми ноябр, се рӯз пеш аз баргузории дидори президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар Вашингтон нашр шуд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, ҷаласа дар чаҳорчӯби С5+1 дар ҳоле барпо мешавад, ки кишварҳои ширкатдор “саркӯби мухолифону матбуот ва қасосгирӣ аз мунтақидонро дар дохилу беруни кишварҳояшон афзоиш додаанд”.
Ҳю Уилямсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, “ҷаласаи Осиёи Марказӣ ва Амрико бояд мавзӯи ҳуқуқи инсонро ба бахши калидии ин нишаст табдил диҳад, чун саркӯбҳо дар саросари ОМ дар ҳоли афзудан аст”.
Уилямсон ёдовар шудааст, ки гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бахши ҳуқуқи инсон (2025) аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бадрафторӣ бо зиндониҳо, шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва ҳабсу фишори кормандони матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ мекунад.
Дар ин изҳорот дар бораи Тоҷикистон гуфта шудааст, ки садҳо созмони иҷтимоӣ баста шуда, даҳҳо блогеру рӯзноманигор ва фаъолони маданӣ зиндонӣ шудаанд; чанд созмони сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 баставу мамнӯъ ҳастанд; мақомот эътирозҳои осоиштаро дар ВМКБ дар солҳои 2021 ва 2022 бераҳмона саркӯб намуданд.
Ба навиштаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), давоми соли 2025 панҷ эътирозгари зиндонӣ дар маҳбас ҷон додаанд.
Ҳалокати беш аз бист нафар дар заминларза дар Афғонистон
Бар асари зилзилаи шаби 2 ба 3-юми ноябр дар Афғонистон беш аз бист нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Сухангӯйи Вазорати беҳдошти ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон теъдоди қурбониёнро дар вилоятҳои Балху Самангон камаш 20 нафар ҳисоб кард.
Хабарнигори “Франс-Пресс” дар Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балх, мегӯяд, зилзилаи баробар бо 6,3 дараҷа сокинони шаҳрро ба даҳшат овард ва бисёриҳо ба кӯча баромаданд.
Масҷиди Кабуди Мазори Шариф, ки дар асри 15 бунёд шудааст, зиён дид. Пораҳои бинои масҷид ва манораҳояш фурӯ рехтаанд.
Дар гузашта мухобироти заиф ва душвории равуо дар минтақаҳои кӯҳии Афғонистон амалиёти наҷоти қурбониҳоро душвор карда буд.
Моҳи августи имсол дар натиҷаи зилзилаи қавӣ дар шарқи Афғонистон беш аз 2200 нафар ҷон бохта, наздик ба 4000 тани дигар захмӣ шуданд.
Иззатулло Шарифзода, сардори пешини зиндонҳо даргузаштааст
Иззатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби "Зорро", сардори пешини Идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон, дар 72-солагӣ даргузаштааст.
Дар ин бора Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ки аз соли 1997 то 2005 раҳбарияшро бар уҳда дошт, рӯзи 3-юми ноябр хабар дод.
Иллати марги Шарифзода расман эълон нашудааст.
Ӯ дувоздаҳ сол дар мақоми сардори Идораи зиндонҳо, як ниҳоди тобеи Вазорати адлия кор кард. Соли 2018 ва пас аз чанд моҳи ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ки зиёда аз бист кушта барҷой гузошт, аз мансаб барканор шуд.
Дар замони раҳбарии Иззатулло Шарифзода шикоят аз фасод дар зиндонҳо ва шиканҷаи маҳбусон зиёд расонаӣ гаштааст. Марги Ҳамза Икромзода дар соли 2012 дар маҳбас ин баҳсро доғ кард.
Пайвандони Икромзода гуфтанд, ки дар бадани ӯ осори марги маҷбурӣ бо истифода аз уту ё дарзмоли тафсон мушоҳида шудааст. Ҳарчанд Иззатулло Шарифзода гуфта буд, "кор бе камбуд намешавад", шиканҷаи зиндониёнро бо нерӯи барқ рад кард.
Вай аз соли 2018 бознишаста буд.
Барканории Аваз Назарзода аз мансаб ва ронда шуданаш аз Додситонӣ
Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, бо иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад", аз мансаб озод ва аз мақомоти Прокуратура (Додситонӣ) ронда шудааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр "риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ"-ро аз далелҳои дигари тасмим донист.
Маълум нест, ки Назарзода бо чӣ кор ё рафторе шаъну эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Тоҷикистон паст задааст, аммо дар гузашта баъди ингуна тасмимҳо чанд додрас барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида шуда, ҷазо гирифтаанд.
Аваз Назарзода дар моҳи январи соли 2024 додситони вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Аз он пеш дар мақоми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст. Пеш аз он додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд.
Назарзода баъд аз он додситони Хатлон таъйин шуд, ки бо амри президенти Тоҷикистон роҳбарони ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлонро барои бесалоҳиятӣ аз кор ронданд.
Рӯзи 3-юми ноябр ҳамчунин додситонҳои вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод ва додситони ҳарбии минтақаи Рашт иваз шуданд.
Бо қарорҳои ҳукумат раиси Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ барканор шуда, муовини вазири энергетика, ду муовини Хадамоти алоқа ва ректорони чанд донишгоҳ нав шуданд.
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як роҳи нав кушоданд
Роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон 3-юми ноябр як роҳро дар марзи байни ду кишвар боз карданд. Роҳе, ки ҷамоатҳои Зумрад ва Сурхи Исфараро пайваст мекард, қаблан аз миёни деҳаи Қаробоғи Қирғизистон мегузашт.
Акнун он бе гузаштан аз ҳудуди ин деҳа ду минтақаро ба ҳам мепайвандад.
Сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Сурх ва Ворух то соли 2014 аз ин роҳ мегузаштанд, вале баъди як даргирии марзӣ он барои шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуд.
Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.
Зилзила интиқоли барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ кард
Дар пайи заминларзаи субҳи 3-юми ноябр хатҳои интиқоли барқ аз Узбекистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон хароб шуда, чанд вилояти Афғонистон бе барқ мондаанд.
Хабаргузории "Хома" аз қавли ширкати "Брешно" навишт, хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Кундуз тахриб шуда, сокинони шаҳри Кобул ҳам феълан барқ надоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шиддати заминларзаро дар шаҳри Душанбе 4 дараҷа гуфт, аммо дар мавриди пайомадҳои он, аз ҷумла вайрон шудани хати интиқоли барқ чизе нагуфт. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ширкати "Брешно" гуфтанд, бо вуҷуди талошҳои зиёди мутахассисон хатҳои интиқоли барқ барқарор нашуданд.
Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон дод. Маркази ин заминларза шаҳри Балхи Афғонистон эълон шуд ва қувваи зилзила дар инҷо ба 6-7 балл будааст. Заминларза сабаби марги чанд кас дар Афғонистон шуд.
Афғонистон як бахши асосии барқи мавриди ниёзашро аз Узбекистон ва Тоҷикистон мехарад. Фурӯши барқ ба Афғонистон интиқодро дар дохили Тоҷикистон ба миён овардааст, чун бештари сокинон дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, асосан дар фасли тобистон ва замони фаровон будани об дар обанборҳои Тоҷикистон ба Афғонистон барқ медиҳанд. Назаре, ки бархеҳо ба он шубҳа доранд.
"4 балл дар Душанбе". Мақомоти Тоҷикистон заминларзаро шарҳ доданд
Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 1:29 ба вақти Душанбе рух дода, қувваи заминларза дар пойтахт 4 ва дар Панҷакент 3 баллро ташкил дод.
Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буд. Қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл гузориш шудааст.
Маркази заминшиносии Амрико навиштааст, маркази зилзила вилояти Балхи Афғонистон буд. Ларзиши замин дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам сабт шудааст.
Баъзе сокинони шаҳри Душанбе аз тарси такрори заминларза нимашаб ба берун баромадаанд. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли ахир чунин заминларзаи сахтеро надида буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон навиштааст, ин ҳодиса хисорот ва талафот дар пай надошт.
Расонаҳо аз марги 7 нафар дар Афғонистон гузориш додаанд. Мақомоти Толибон гуфтанд, омор дар бораи талафотро давоми рӯз нашр мекунанд.
Баъзе сокинон аз тарс ба берун баромадаанд:
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад:
Украина аз Олмон низоми зиддиҳавоии "Патриот" гирифт
Украина барои ҳимоят аз фазои худ аз Олмон низоми зиддимушакии "Патриот" дарёфт кардааст.
Президент Владимир Зеленский 2-юми ноябр дар як паёми видеоӣ аз садри аъзами Олмон Фридрих Мертс миннатдорӣ кард.
Ба гуфтаи Зеленский, гуфтугуҳо барои мустаҳкам кардани низоми зиддиҳавоии Украина ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам бо тавлидкунандагон идома дорад.
Рӯзи 1-уми ноябр лоиҳаи "Кӯмаки Олмон ба Украина" дар шабакаи X навишт, Украина "дар рӯзҳои наздик" ду низоми зиддимушакии "Патриот" мегирад. Маблағи ин низоми дифои ҳавоиро Дания, Литва ва Норвегия пардохт кардаанд.
Моҳи июли имсол Борис Писториус, вазири дифои Олмон гуфта буд, Украина ба панҷ низоми дифои ҳавоии "Патриот" эҳтиёҷ дорад.
Раиси ҷумҳури Украина тобистони имсол аз ИМА хоста буд, ба Киев 10 низоми зиддимушакии "Патриот" бидиҳад. Президенти Амрико аз омодагии кишвараш барои интиқоли 17 низоми "Патриот" ба Украина хабар дод, вале гуфт маблағи онро кишварҳои аврупоӣ мепардозанд.