Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми раиси AFC муайян шуданд


Рӯзи 29-уми июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур, қуръакашии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC баргузор шуд ва рақибони дастаи «Истиқлол”-и Душанбе муайян гаштанд.

Шаш бошгоҳи футбол ба ду гурӯҳ тақсим гардид, ки ғолибони онҳо ба финал роҳ меёбанд.

Дар сабқати ниҳоӣ, ки аз 19-ум то 25-уми сентябр дар Тайван барпо мегардад, дастаҳо дар ду гурӯҳ рақобат хоҳанд кард:

Гурӯҳи “А”: «Тайван Пауэр» (Тайван), «Балкан» (Туркманистон), «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Гурӯҳи “В”: «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Яданарбон» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа)

Финал: Ғолиби гурӯҳи “В” – ғолиби гурӯҳи “А”

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC:

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0

2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ

2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1

2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пеналти - 4:3

2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0

2010 (Янгон, Мянмар). «Яданарбон» (Мянмар) – «Дордой» - 1:0, дар замони изофӣ

2011 (Тайван).
XS
SM
MD
LG