Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия хориҷ шуд. Узбакистон нахустин рақиби Тоҷикистон


ФИФА дастаи мунтахаби Сурияро аз ҳаққи ширкат дар даври севуми сабқати интихобии ҶҶ-2014 маҳрум кард.

Бо тасмими ФИФА, Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол, дастаи мунтахаби Сурия аз ҳаққи ширкат дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил маҳрум гашт ва натоиҷи ҳарду бозиаш бо тими миллии Тоҷикистон, ки моҳи июли соли равон
Ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки тими мунтахаби Тоҷикистон пас аз истеъфои Пӯлод Қодиров, сармураббӣ надорад...

баргузор шуда буд, лағв гардид.

Вале раҳбарияти тими миллии Сурия аз болои ин қарори ФИФА ба додгоҳи байнулмилалии арбитражии варзишӣ шикоят бурданист.

Ёдовар мешавем, ки дар ду бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон дастаи Сурия бо ҳисобҳои 2:1 ва 4:0 пирӯз гардида буд. Дар ин бозиҳо дар ҳайати тими миллии Сурия футболбоз Ҷорҷ Муроди 28-сола ба майдон баромада буд, ки қаблан дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Шветсия дар бозиҳои рафиқона муқобили Куриёи Ҷанубӣ ва Мексика (соли 2005) иштирок кардааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим


Бар асоси Ойинномаи ФИФА бозигаре, ки созмони футболи як кишварро дар мусобиқоти расмӣ намояндагӣ карда бошад, наметавонад дар бозии байнулмилалӣ созмони кишвари дигарро муаррифӣ кунад.

ФИФА мувофиқи дархости Федератсиюни футболи Тоҷикистон таҳқиқ ва муайян кард, ки мунтахаби Сурия муқаррароти Иттиҳодияи байнулмилалии футболро вайрон намудааст.

Бар асоси қарори ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи “С” Сурияро иваз карда, бо тимҳои Ҷопон, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон рақобат хоҳад кард. Бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.

Нахустин бозии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбакистон 2-юми сентябр дар Тоҷикистон ва бозии дуввумаш 6-уми сентябр бо Куриёи Шимолӣ дар сафар баргузор хоҳад шуд.

Аммо Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳоло ФФТ ба дархости худ дар бораи қазияи Ҷорҷ Мурод аз ФИФА посухи расмӣ дарёфт накардааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки тими мунтахаби Тоҷикистон пас аз истеъфои Пӯлод Қодиров, то ҳанӯз сармураббӣ надорад.
XS
SM
MD
LG