Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати легионерҳо ба дастаи мунтахаби Ҷопон


Алберто Дзаккерони, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Ҷопон, барои ширкат дар бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 ба тими Куриёи Шимолӣ ҳамаи легионерҳои қавиро даъват кардааст.

Бозии Ҷопону Куриё рӯзи 2-юми сентябр дар шаҳри Сайтамаи Ҷопон баргузор хоҳад шуд.

Бино бар хабари торнамои AFC (Конфедератсиюни футболи Осиё) ба легионерҳо - Кейсука Ҳонда (ССКА , Маскав), Шинҷи Кагава (“Боруссия”, Дортмунд), Рё Мияичи («Арсенал», Лондон), Юто Нагатомо («Интер», Милан) ва Такаши Усами («Бавария», Мюнхен) даъватнома ирсол шудааст.

Ҳайати пурраи дастаи мунтахаби Ҷопон, қаҳрамони Осиё, рӯзи 26-уми август эълон хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “С”, инчунин, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Узбакистон шомиланд, ки нахустин бозии ин тимҳо 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ҷопон 11-уми октябр дар сафар ва 11-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Пеш аз бозӣ бо Ҷопон мунтахаби Тоҷикистон 6-уми сентябр дар меҳмонӣ бо тими миллии Куриёи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.

Дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ рӯзи 2-юми сентябр 20 даста дар 5 гурӯҳ қувваозмоӣ мекунанд:

Гурӯҳи “А” - Чин – Сингапур
Ироқ – Урдун

Гурӯҳи “В” - Куриёи Ҷанубӣ – Лубнон
Аморати Муттаҳидаи Араб – Кувайт

Гурӯҳи “С” - Тоҷикистон – Узбакистон
Ҷопон – Куриёи Шимолӣ

Гурӯҳи “D” - Австралия – Тайланд
Умон – Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи “Е” - Эрон – Индонезия
Баҳрайн - Қатар
XS
SM
MD
LG