Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров — дар сабқати ҷаҳонӣ дар Куриёи Ҷанубӣ


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 27-уми август то 4-уми сентябр дар шаҳри Тэгуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ду варзишгар – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко намояндагӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқаи бузурги ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 200 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Дилшод Назаров ба “Озодӣ” гуфт: “Сабқати ҷаҳонӣ барои ман, ки соҳиби роҳхати олимпӣ шудаам, яке аз давраҳои омодагӣ ба Олимпиадаи Лондон-2012 маҳсуб мешавад. Ман кӯшиш мекунам, ки дар мубориза бо рақибони пурзӯри худ натиҷаи баланд нишон дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёбам. Варзишгари ҷавони мо Влада Овчаренко, ки дар давидан ба масофаи 100 метр рақобат мекунад, бешак, дар сабқати ҷаҳонӣ таҷрибаи хуби байнулмилалӣ касб хоҳад кард”.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот 7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Онҳое, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз 1-ум то 8-умро мегиранд, мувофиқи мақоми ба даст овардаашон мукфотонида мешаванд: барои ҷойи аввал – 60000 доллар, ҷойи дуввум – 30000, ҷойи севум – 20000, ҷойи чаҳорум – 15000, ҷойи панҷум – 10000, ҷойи шашум – 6000, ҷойи ҳафтум – 5000 ва ҷойи ҳаштум - 4000 доллар.

Ба ҷуз ин, варзишгаре, ки рекорди ҷаҳонӣ мегузорад, ба маблағи 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG